Барои дурусттар шинохтани ислом ва оятҳои алоҳидаи Қуръон, донистани вазъияти рӯҳию мазҳабӣ, гароишҳо ва эътиқодоти динии аъроби ҷоҳилия аз манфиат холӣ нест. Умуман хусусияти таърихнигории ислом он аст, ки худи муаррихини исломӣ низ хеле муфассал дар бораи вазъияти сиёсӣ, динӣ,
суннатҳо ва русуми аъроби ҷоҳилия, худоён ва ибодатгоҳҳои онҳо маълумот додаанд. Сарчашмаи хеле муҳими ақоиди мазҳабии аъроби ҷоҳилия пеш аз ҳама худи Қуръон ва аҳодиси набавӣ мебошад. Ҳамчунин асарҳои муаррихон чун «Китобу-л-асном»-и Ҳишом Калбӣ ва «Буюту-л-ибодат»-и Абдулхумори Балхӣ ва ғайраҳо мавҷуданд.
Дини тоисломии арабҳо асосан бисёрхудоӣ буд. Онҳо дар Қуръон мушрик номида шудаанд. Ёдгориҳои хаттие, ки дар Арабистони Ҷанубӣ пайдо шудаанд, дар мавриди парастишҳои қадимтари араб шаҳодат медиҳанд, аз ҷумла ситорапарастӣ: ибодати Моҳ- ҳамчун худои мард назар ба Офтоб-худои зан болотар меистад. Дар ин минтақа нуфузи парастишҳои бобулӣ ва зардуштӣ ошкор буд. Ба қавли А.Массэ худоёни аъроби давраи ҷоҳилия Ассор, Син, Накрӯҳ, худоёни бобулӣ Иштар, Сина, Мадрукро ба ёд меоранд.[1] Баробари худомодар -ал-Лот (ё Илат) дар байни арабҳои Ҳиҷоз инчунин худоён Вадд, Уззо, Ҳубал машҳур буданд, ки дар Қуръон (Қ. 71:22-23: 53:19-21[2]) аз онҳо ёд шудааст. Агар ахбори сарчашмаҳои мусулмониро ба эътибор гирем, бутпарастӣ дар байни аъроб аз замони Нӯҳ а.с. ва баъдан дар замони Солеҳ а.с. бо далолати Иблис шурӯъ гардидааст. Мувофиқи маълумоти Муҳаммад ал- Фахрӣ, ки ба тафсири ал-Воҳидӣ иснод карда аст, он панҷ бут – Вадд, Сувоъ, Яғус, Яъуқ ва Наср, ки дар Қуръон омадаанд (Қ.71: 23) дар замони Солеҳ машҳур буданд. Аъроб ду навъ бут доштанд. Як навъро, ки аз чӯбу филиз сохта шуда буд, ки санам меномиданд ва навъи дигар, ки сангҳои оддии бешакл буданд васан меномиданд. Дар замони Намруд ибни Канъон бутхонае буда, ки дар он навад 90-то бут гузошта буданд, ки Иброҳим а.с. онҳоро шикастааст.[3]
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо аз ҷумла Ибни Ҳишом дар «Сират-ун-набӣ» ва сарчашмаҳои исломии дигар аввалин шахсе, ки дар хонаи Каъба бут /санам/-ро насб кардааст, Амр ибни Луҳай дар яке аз сафарҳои худ ба Шом дар шаҳри Балқо бо бутпарастон ошно мешавад ва аз он ҷо бо худ се бут меоварад, якеро, ки Ҳубал ном дошта дар хонаи Каъба ҷой медиҳад, ду бути дигареро, ки Исофа ва Ноила ном доштанд, якеро дар маҳалли ас-Сафо ва дигареро дар маҳалли ал-Марва насб мекунад. Баъд аз ин мувофиқи ахбори ал-Фахрӣ ва Шаҳристонӣ дар байни аъроб санампарастӣ интишор меёбад.[1] Аз ҷумла қабилаи Сақиф дар ат-Тойиф санамеро бо номи ал-Лот мепарастидаанд ва ҳамин тавр бутпарастӣ густариш пайдо карда, ки ба қавли ӯ дар атрофи хонаи Каъба 360 санам /бут/-ҳо чида шуда буданд.
Мувофиқи ахбори ал-Фахрӣ дар байни аъроб дарахтпарастӣ ё навъе аз тотемизм низ шӯҳрат доштааст. Аз ҷумла омадааст, ки қабилаи машҳури араб ва (ё Ғатафан) дар ҷоҳилия як дарахти азимеро дар ноҳияи Нахла бо номи ал-Уззо парастиш мекардаанд, қабилаи машҳури дигар Хашъам дарахти азимеро мепарастидаанд то замоне, ки онро сойиқа насӯзонд ва ба ислом рӯ наоварданд.[2]
Ҳамин тавр аксари қавми араб чи дар водӣ ва чи дар саҳро эътиқод ба худоёни маҳаллӣ аз ҷинси нарру мода доштанд, ки ба онҳо хусусияти инсониро нисбат медоданд. Бисёре аз қабилаҳо ба харсангҳои шакли ғайри оддк дошта, ё чунон ки гуфтем ба дарахтҳои латтабандишуда, боварӣ доштаанд. Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки аъроб ба вуҷуди худои худоён /Аллоҳ/ имони мубҳаму норӯшане доштаанд ва ӯро худои бузург ва холиқи кул
медонистаанд. Ин эътиқод хоса дар байни қабилаи Қурайш ҷой дошт. Дар сурати Аллоҳ арабҳо офаридгори осмон ва замин, мавҷудияти олӣ ва ҳокимро медиданд ва боварӣ доштанд, ки вай борон мефиристад ва оламро идора мекунад. В.В Бартольд тахмин мекунад, ки «Шояд Ҳубал ва Аллоҳи исломӣ яке бошанд».[1] Дар ин маврид Тоҳо Ҳусейн низ чунин мефармояд… аъроб вуҷуди офаринандаеро барои осмонҳо ва замин ва он чӣ дар онҳост, ки худои бузург ҳам ӯст инкор намекарданд.[2] Ҳам барои Бартольд ва ҳам Тоҳо Ҳусейн асос барои чунин иддао оёти Қуръон будаанд. Аз ҷумла дар Қуръон мо мехонем, ки ояти зер овардааст: « Ва лаин саалтаҳум «Ман халақа-с- самовоти ва-л-арза?» Ла яқулунна-л-Лоҳ». Ва агар пурсандашон: « Кӣ осмонҳову заминро офарид?» Мегӯянд: «Аллоҳ». (Луқмон, 25 ва Зумар 38)
Тоҳо Ҳусейн барои тасдиқи фикри худ ба як байт шеъри шоъири то исломии араб Лабид низ ишора кардааст, ки хондани онро Пайғамбари ислом (с) дӯст медошт:
Ало кулли шаъин мо хала-л-лоҳ ботилун,
Ва куллу наъимин ло-муҳолата зойилун.
Ҳон ҳар чизе ҷуз Худо ботил аст ва ҳар неъмате ночор аз даст меравад.
Дар ҳар сурат ҳанӯз имони аъроб ба вуҷуди Худои холиқ сатҳӣ ва сода буд, ки дар баробари Ӯ худоёни дигарро мепарастиданд ва ба бутҳои сохтаи дасти худ имон доштанд. Табиист, ки агар фарзияи қаблан баёнкардаамонро ба эътибор нагирем, иддаои нависандагон ва уламои ислом, оид ба тавҳидӣ будани эътиқоди аъроб (алалхусус қабилаи Қурайш) то бутҳоро овардани Амр ибни Луҳай асоси илмию таърихӣ надорад. Арабҳо то ислом ҳамон роҳи табиию таърихии таҳаввули диниро аз динҳои содда то тавҳид тай кардаанд. Ривояти номбурда танҳо метавонад далолат ба он кунад, ки шояд Луҳай аз маркази Набатия кадом як бутҳои ба тарзи санъативу ҳунарӣ сохташударо оварда бошад, ки васанпарастиро, ки парастиши бутҳои табиӣ буд, ба санампарастӣ иваз карда бошад. Дар ҳар сурат он чунон, ки муаллифи «Сирату-н-набавия»
Абулҳасан Алӣ ал-Ҳасанӣ ан- Надвӣ мехоҳад исбот кунад, бутпарастӣ падидаи ворида аз хориҷ ба аъробу Қурайш мебошад, асос надорад. Чун ки ин зиннаи табиии таҳаввулу такомули адён аст ва чунон, ки дар Таврот ва Қуръон омадааст чи бобулиёни ҳамсояи аъроб ва чи аъроби набатия бутпараст будаанд. Мисоли он қиссаи гусолапарастӣ (бути гусола)-и яҳудиён дар замони Мӯсо (а) шуда метавонад
Аз ин ки гузарем, аъроби ҷоҳилия инчунин мӯътақид будаанд, ки дар қаламрави Замин ба ғайр аз одамон боз дигар мавҷудоти зиндаи диданашаванда тавонову нерӯманд ва маккору зиррак зиндагӣ мекунанд. Ин мавҷудот баъзе некихоҳу безарар чун париёну ҳурҳо, ва баъзе музир ва наҳс чун ҷину аҷинаҳои ғазаболуд мебошанд, ки дар саҳрову биёбон гоҳо ба одамон дарафтода, метавонанд онҳоро ба бераҳаву беобаҳо кашанд ва зарар расонанд. Онҳо инчунин гумон мекарданд, ки гоҳо ин рӯҳҳо ва махлуқҳои палид бо худоёнашон омезишу иртибот пайдо карда, корҳои худро ба дасти онҳо анҷом медиҳанд ва гоҳо бо худи одамон низ омезиш ё сироят карда, онҳоро ба аъмоли гуногун ҳидоят мекунанд.
Яқинан дар ин давра шуури динии аъроб дар натиҷаи омезиш ва шиносоӣ бо намояндагони динҳои осмонӣ (Зардуштия, Насронӣ ва Яҳудия) таҳаввулотеро аз сар мегузаронид. Аз ҷумла онҳо медиданд ва мефаҳмиданд, ки ин бутҳои сохтаи дасти эшон ҳеҷ гуна қудрате на ба некӣ ва на ба бадӣ кардан надоранд ва аз ин рӯ ин этиқодоти худро чунин тавзеҳ мекарданд, ки ҳар чанд ин бутҳо худ офаринанда ва тадбиркунандаи чизе нестанд, лекин дар миёни онҳо ва Худои бузург, ки осмон ва заминро офаридааст ва тадбиркунандаи ҳар амре ӯст, воситаанд. Пас маълум мешавад, ки онҳо баъдтар баъди таҳаввули шуури диниашон ин худоёнро на маҳзи он ки суде бидиҳанд ва ё зиёне бирасонанд, мепарастиданд, балки ин бутҳоро аз он ҷиҳат, ки метавонанд дар назди Худо барои эшон шафоъат кунанд ва эшонро ба Худо наздик созанд, мепарастиданд.[1] Дар ин маврид ишороте дар Қуръон низ мавҷуд аст.
Аъроб боварӣ доштанд, ки аз арвоҳи бадхоҳу музир бо туморҳо, дуохониҳои гуногун, ки иборат аз дубайтиҳои соҳирона буд, эҳтиёт кардан мумкин аст. Аз ҳамин сабаб ҳам дар қатори роҳибону коҳинон шоирон низ дар байни қабоили араб эътибори хосе доштанд. Мувофиқи боварии аъроб шоир метавонист бо суханони нек аз одам бадбахтиро дур кунад, ё баръакс ба ӯ қувваҳои бадро равона созад. Умуман бояд гуфт, ки нақши шоир дар ҳаёти маънавии аъроби ҷоҳилия ҳанӯз ба дурустӣ мавриди омӯзиш қарор нагирифта аст. Ин нақш хеле калон ва муассир будааст. Аз ҷумла русуми аъроб чунин буд, ки ҳангоми ҳаҷҷ дар майдони назди Каъба ё бозори Уккоз мусобиқаи шоирон дар қасидасароӣ мегузаштааст ва ин маросим хелеҳо таъсири зиёде дар ҳаёти маънавӣ, обрӯй ва эътибои қабоили араб дошт. Баъд аз қувваозмоӣ беҳтарин қасидаҳоро ба матоъ навишта, ба девори хонаи Каъба меовехтанд ва шояд кисва болопӯши имрӯзаи хонаи Каъба идомаи ҳамин анъанаи аъроб бошад. Агар чунин аст, ин худ ҳокӣ аз мақоми волои шоир дар ҷомеаи қабл аз исломии араб мебошад. Воқеан, камтар халқу миллати мутамаддине имрӯз метавон пайдо кард, ки ҳамзамон бо аъроби ҷоҳилия шеърияте ба ин пояи баланди санъату сохтор дошта бошад. Тағаззул ва қасидасароӣ, ки баъдан адабиёти форсу-тоҷикӣ аз он баҳраи фаровон гирифт, дар аъроб қабл аз ислом ташаккули пурраи худро ёфта буд. То ба мо номи даҳҳо шоирони соҳибдевони қабл аз исломии араб омада расидааст. Аз ҷумла метавон номи ҳафт шоири номии муаллақасаро: Имрулқайс, Тарафа, Зуҳайр. Антара, ал-Харис ибн Халлизза, Амр ибн Қулсум, Лабид ва шоири ғазалсаро Абу Рабиъаро ном бурд.[1]
Худи номи муаллақот (овеза, овехташуда) беҳтарин қасидаҳое номида шудаанд, ки дар даромадгоҳи Каъбаҳо овехта мешуданд.
Яке аз маросимҳои динӣ, ки дар байни аъроб чун дигар халқу миллатҳои бостонӣ маъруфу машҳур буд, амали қурбонӣ кардан мебошад. Ба қавли Тоҳо Ҳусейн арабҳо… «назди маъбудҳои худ қурбонӣ мебурданд, чунон ки гӯё ба онҳо ришва медиҳанд, то барои эшон назди Худо шафоъат кунанд.»[2] Дар баробари ин онҳоро одату суннат ин буд, ки дар корҳову иқдомҳои худ аз бутҳо маслиҳат мепурсиданд. Дар ин маврид ривоёти зиёде дар сарчашмаҳо мавҷуд аст. Аз ҷумла чандин ривоят дар бораи тирҳои фолбинӣ ё худ қуръакашӣ, ки дар назди бути Ҳубал буд, то ба мо омада расидааст. Яке аз он дар бораи қуръакашӣ кардани Абдулмутталиб ҷадди Пайғамбар (с) бо тирҳои Ҳубал барои тақсими бозёфт ҳангоми поксозии чоҳи Зам–зам мебошад, ки аз як шамшер ва ғизол–оҳуи тиллоӣ иборат буд. Вақто, ки Абдулмутталиб ин бозёфтро аз қаъри чоҳи Зам–зам берун овард, қурайшиён даъво карданд, ки он моликияти ҷамъиятист ва бояд байни ҳама тақсим карда шавад. Вале баъдан бо роҳи қуръакашии дар пои бути бузург Ҳубал тақдиру қисмати онро ҳал карданд. Ҳайкали тиллоии оҳӯ ба маъбади Каъба ва шамшер ба Абдулмутталиб расид ба қурайшиён бошад тири сафед расид, ки бебурд буд. Як бори дигар ҳам Абдулмутталиб дар назди ин бут қуръа кашида, маслиҳати Ҳубалро хостааст. Он ҳам ҳангоме буд, ки Абдулмутталиб назр мекунад, ки агар Худо ба ӯ даҳ писар ато фармояд, яке аз онҳоро қурбонӣ хоҳад кард.[3] Дар воқеъ ӯ ба зудӣ дорои дувоздаҳ фарзанд мегардад ва тибқи назру қасаме, ки хӯрда буд, тасмим мегирад, ки ба аҳди худ вафо намуда ва яке аз писаронашро дар роҳи Худо қурбонӣ кунад. Ҳамин тавр барои муайян намудани шахси мавриди қурбонӣ ба назди худои Ҳубал меоянд ва ҳар яке аз фарзандонаш номи худро дар болои тири худ навишта буданд ва бо ин тирҳо назди Ҳубал қуръакашӣ нумуданд. Қуръа ба номи падари ҳазрати Муҳаммад (с) Абдуллоҳ афтод. Абдулмутталиб бидуни ҳеҷ дудилагӣ кордро гирифта, Абдуллоҳро ба қурбонгоҳ байни бутҳои Исаф ва Наъил бурд. Вале қурайшиён, ки то ин вақт тамошобин буданд, ба ин амр дахолат намуда, маслиҳатҳо доданд ва кӯшиш намуданд, то аз ин амал ҷилавгирӣ кунанд. Билохира, чунин маслиҳат шуд, ки аз коҳинзани маъруфе маслиҳат пурсад, то шояд худоён ба ҷои Абдуллоҳ ба қурбонии дигаре розӣ шаванд.[4]
Коҳинзан мегӯяд, ки даҳ шутур (миқдори хунбаҳои қурайш дар ҳамон давра ба назди Ҳубал) барои қурбонӣ биёранд ва ҳар боре агар қабул нашуд ба ҳамин миқдор ба онҳо изофа кунанд, то он вақте, ки ризоят диҳад. Сипас ҳамин тавр тибқи маслиҳати коҳина амал карданд, то миқдори шутурон ба сад расид. Ба ивази Абдуллоҳ ҳамин миқдор шутур қурбонӣ карда шуд ва пеши роҳи қурбонии Абдуллоҳ гирифта шуд.
Яке аз мушаххасоти фарҳангию мазҳабии аъроби ҷоҳилия, бунёди хонаи худоён – «бейтил»-ҳо буд. Яке аз тафовути таърихӣ мазҳабии аъроб аз ҳамсояҳои хамнажоди худ: бобулиҳо, яҳудиён, мисриён дар он аст, ки ҳарчанд дар байни ин халқҳои сомк бунёди бурҷҳо ва маъбадцои азим расм буда аст, то пайдоиши ислом дар фарцанги мазцабии араб мо чунин падидаро намебинем. Он чи дар байни аъроб расм будааст, бунёди цамин бейтилҳое буданд, ки ба шакли бинои хеле содаи мукаъаб (Каъба) бунёд гардида буданд. Ҳамчунин бейтилҳои мутаҳаррик низ буданд, ки аз як ҷо ба ҷои дигар мебурданд. Ин гуна бейтилҳо аксар вақт ҳангоми ҷанг ҳамсафари онҳо буд. Дар болои ин гуна бейтилҳо соябоне буд ва дар пушти шутуре, ки муқаддас шуморида мешуд, ҳамлу нақл мешуд. Дар атрофи соябон коҳинзанҳо ва фолбинҳое, ки қаблан аз онҳо ёд шуд, менишастанд ва бо думбураву табл ба оҳанги саҷъ (мусаҷҷаъ) селаи афсунҳои печ дар печро месуруданд. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ба муқобили ин «саҷъ» ва ин занҳои мӯйпарешони думбураву таблнавоз бо қатият баромад кардааст. Ӯ чунин истифодаи «саҷъ»-ро чун забони шайтон маҳкум кард.[1] Суханони мусаҷҷаъ ва ҳалоҳил ҳангоми марг ва гӯрондани маййит низ хонда мешуд.
Шавоҳиди зиёд аст, бадавиён ба намирандагии рӯҳ боварӣ надоштаанд. Дар ин маврид баъзе шавоҳид дар бораи боварк доштани баъзе аъроб ба ҳаёти пас аз марг пайдо кардан мумкин аст. Ба ҳар эҳтимол ҳиссиёти динӣ дар арабҳои ҷанубӣ назар ба шимолӣ зиёдтар буд. Арабҳои шимолӣ бовариашон ба он буд, ки марг сабаби фавран танро тарк кардани рӯҳ намегардад. Онҳо ҳолати мурдаро ба хоби ширин фурӯ рафтани рӯҳ дар оромгоҳи худ мешумориданд ва як муддате вайро дорои шуур мепиндоштанд. Аз ин рӯ занҳо бо марсияхонӣ ва ҳалоҳил кӯшиш мекарданд, ки рӯҳро, ки мехоҳад танро раҳо кунад, нигоҳ доранд. Бархе рафтори аъроб гувоҳӣ аз вуҷуди боварӣ ба ҳаёти дигар ба ҷуз ин зиндагии заминӣ медиҳад. Онҳо натанҳо ба эҳё шудани одамон, балки ҳайвонот низ бовар мекарданд. Ин аз он маълум мешавад, ки араб мефармуд уштурашро дар болои қабри мурда забҳ кунонда ё бигзоранд, ки дар болои қабри ӯ аз гуруснагӣ бимирад, то дар рӯзи растохез маҷбур ба пиёдарафтан машавад. Вале ин боварӣ ҳамагонӣ набудааст ва чунон, ки аз оёти Қуръон бар меояд тасаввуроти аъроб дар бораи охират бештар шабеҳи даҳриён будааст, ба он боварӣ надоштаанд.
Дар шаҳри Макка, гаҳвораи ислом ба се худои ҷинси зан: ал-Лот (зоҳиран худои офтоб ба шумор мерафтааст), дувум Манот (худои сарнавишт ва замон), сеюм ал-Уззо боварӣ доштаанд. Мувофиқи маълумоти муаррихи араб Ҳишом ибн Муҳаммад ал- Калбӣ дар «Китобу-л-асном» аъроби давраи ҷоҳилия худоён ва бутҳои дигареро бо номҳои ан-Наъила, Зул- Халаса, Зул- Қофайн, ас-Саъд, ал- Валд, ас-Сувоъ, Яғус, Наср, Зуш-Шаро, Исаф Астар парастиш мекардаанд.[2]
Гузашта аз ин мардуми Макка ва қабоили атрофи он иззат ва эътиқоди хосе нисбат ба санги сиёҳе («ҳаҷару–л– асвад») доштаанд, дар хонаи Каъба гузошта шуда буд. Он санг ба эҳтимоли умуман аз сангҳои шиҳобӣ (метиорит) буда, ки дар замонҳои хеле қадим аз осмон афтодааст. Баъдҳо дар ривояти динӣ омада, ки он санг аз замони Одам а.с. -Абу Башар аз осмон афтодааст. Ривояти исломии дигар он аст, ки санг фариштае будааст, ки номаи аъмоли одамонро дар даҳон дорад ва аз ин рӯ онро то рӯзи қиёмат худои таъоло ба санг табдил додааст.
Дар ҳар сурат парастиши ин санг, ки дар ислом як ҷузъи маносики ҳаҷҷ мебошад, қабл аз ислом ҷой доштааст. Зиёрати хонаи Худо – «бейтил» низ аз расму оинҳои аъроби ҷоҳилия будааст. Бейтилҳо ё каъбаҳо қабл аз ислом дар Ҷазирату-л-Араб бисёр будаанд. Муҳаммад ал-Калбӣ минҷумла аз Каъбаи Наҷрон, Сидон, бутхонаҳои ал–Калис, Риъома ёдоварӣ кардааст. Вале ба ҳар сурат Каъбаи шаҳри Макка аз маъруфтарин ва бо обрӯтарин бейтили аъроби ҷоҳилия ба шумор мерафтааст. Исломшиноси утриши Н.Э. Фан Грюнебаум, ҳарчанд дар аввал мегӯяд: далели ҳафриётие нест, ки дар бораи вуҷуди маъбади мукааби сангӣ ғайр аз Каъба қазоват кунем, вале дар бораи вуҷуд доштани се навъ каъба ва санг (васан)-и муқаддас дар се минтақа хабар медиҳанд. Ва он ҳам «санги сурх» худои аъроби ҷанубӣ дар шаҳри Ғумдон ва «санги сафед» дар каъбаи ал- Абалат (наздикии Табала, дар ҷануби Макка) ва «санги сиёҳ» дар худи Макка маълумот додаанд, гузашта аз ин меафзоянд, ки Каъбаҳои Наҷрон, ал-Абалат ва Макка ҳам бо мазмун ва ҳам дар шакл як хел будаанд.[3]
Дар ин маврид Муҳаммад Ҳусейни Ҳайкал, чунин маълумот додааст: «Ба воситаи аҳамияти рӯзафзуни Макка баъзе шаҳрҳои дигар дар садад афтоданд, маобиде бисозанд, шояд мардумро аз зиёрати Макка мунсариф созанд. Ғассониён дар Ҳираву Абраҳа дар Яман ҳар кадом маъбаде бисохтанд, аммо маобиди онҳо мардумро аз Макка мунсариф насохт. Абраҳа бо ороиши маъбади Яман пардохт ва ба қадре асосияи фохир барои он фароҳам овард», ки тасаввур мекард ҳатто аҳли Маккаро ба ҷониби ин маъбад ҷалб хоҳад кард. Ҳамин, ки дид аъроб ба ҷуз Каъба таваҷҷӯҳе надоранд ва ҳатто мардуми Яман маъбадеро, ки ӯ сохта раҳо карда, ҳаҷҷи худро ҷуз бар Каъба мақбул намешуморанд, василае ҷуз вайрон кардани Каъба наёфт[4]. Ин аст, ки Абраҳа бо мақсади вайрон кардани маъбади Каъба соли 570 ба Макка ҳуҷум мекунад. Ин ҷанг дар таърих ҳамчун ҷанги «Фил» маъруф аст.
Ҳангоме, ки Абраҳа дар наздикии Макка расида буд ва интизори он дошт, ки маккаиён онро холӣ карда, ба ӯ иҷозати вайрон кардани Каъбаро диҳанд, ногаҳон вабои обилае ба сипоҳи ӯ сироят кард. Талафоти вабо то ҳадде зиёд буд, ки сарони сипоҳ рӯ ба гурез ниҳоданд. Ниҳоят обила ба Абраҳа низ сироят кард ва ӯ аз тарс ба сӯи Яман бо боқимондаи сипоҳаш ақиб нишаст ва чанде баъд бимурд. Дар Қуръон ин ҳодиса бо каме тағйир дохил шудааст. Сураи «Фил» дар ин маврид чунин мефармояд: «Алам тара кайфа фаала раббука би асҳоби-л-фили. А-лам яҷъал кайдаҳум фй тазлилин. Ва арсала алайҳим тайран абобила. Тармиҳим би ҳиҷоратин мин сиҷҷилин. Фа- ҷаъалаҳум ка-асфин маъкулин». Яъне «Оё надидйпарвардигори ту бо асҳоби фил чй кард, фикрашонро дар гумроҳй қарор дод ва парандагонеро даста-даста ба сӯи онҳо фиристад, ки сангҳое аз гили пухта ба онҳо андохта, монанди коҳ хурдашон кард» (сураи Фил 105:1-5). Ин ҷо танҳо номафҳум он аст, ки чаро дар Қуръон омили шикасти Абраҳа сангборони «Туюру-л- абобил» гардида на обила, чунон ки дар маъхазҳои дигари исломй гуфта мешавад.
Дар мавриди замони бино гардидани хонаи Каъба дар сарчашмаҳои исломй ривоят чунин аст, ки он аввалин хонаест, ки Худои Таъоло барои одамон вазъ кардааст, Каъба дар Макка мебошад. Дар Қуръон дар ин маврид омадааст: «Инна аввала байтин вузиъа линноси лаллази бибакката муборакан ва ҳуданлилъоламин» (3:96). Ҳамоно, аввалин хонае аст, ки дар Бакка (Макка)-и муборак роҳнамои оламиён. Шояд дар ҳамин асос дар сарчашмаҳои дигари исломй аз «Қиссасул-анбиё» то «ал-Милал ва-н- ниҳал»- и Шаҳристонй омадааст, ки Одам а.с. вақте ба замин омад, ба сарзамини Сарандеб (Сейлон) аз кишвари Ҳинд фурӯ афтода ва дар замин сайр мекард ва миёни фақдони зани худ ва азоби виҷдони ва тавба мутаҳайир буд, то «Ҳавворо ба кӯҳи Раҳмат аз Арафот ёфт он гоҳ ба Макка рафт ва дар он ҷо ба Худои азза ва ҷалла нолид ва зорй кард, то ӯро иҷозаи бинои хонае, ки ҳангоми намоз қиблаи ӯ бошад ва ҳангоми ибодат матофи ӯ қарор бидиҳад, ҳамон тавре, ки дар осмон Байту-л-Маъмурро матофи фариштагон ва зиёратгоҳи рӯҳониён қарор додааст, Худованд шабеҳи он хонаро бар ӯ нозил кард, ки ба сурати саропардае аз нӯр буд ва онро дар ҷои хонаи Каъба барқарор сохт.»[5] Пас аз Одам а.с. мувофиқи маълумоти Шаҳристонӣ Шис а.с. як бор Каъбаро аз нав сохта, пас аз Тӯфони Нӯҳ Иброҳим Халилуллоҳ хонаи Каъбаро аз нав бунёд карда аст. Ва нишонаи он ҳоло дар 13,5 метрии хонаи Каъба сангест, ки ба номи «Мақоми Иброҳим (а)» машҳур аст ва тибқи ривоят ҳазрати Иброҳим (а) дар болои он истода Каъбаро бунёд кардааст. Дар чанд қадамии хонаи Каъба чоҳи «Зам-зам» аст, ки он низ чунон ки қаблан ишора шуд, бо номи зани ҳазрати Иброҳим (а) Ҳоҷар ва фарзанди ӯ Исмоил (а) вобастагӣ дорад.[6] Умуман, пайдоиши шаҳри Макка низ ба ҳамин саргузашти Ҳоҷару Исмоил (а) марбут аст.
Шаҳристонӣ баъд аз нақли ин ривоят чи гуна ба бутхона табдил ёфтани хонаи Каъба ақидаеро рад мекунад, ки баъзеҳо иддаъо мекардаанд, ки хонаи Каъба хонаи Кайвон буда, бонии аввал онро «Байтул-Зуҳайл» номидааст. Шаҳристонӣ мефармояд: «Ин гуфтор дуруст нест: Чун бинои аввали хонаи Каъба аз рӯи ваҳй буда ва ба дасти худовандони ваҳий ва илҳомӣ бино шудааст».[7] Ин нуқтае, ки Шаҳристонӣ баён кардааст, аҳмияти зиёди илмӣ дорад. Ин далолат бар вуҷуд доштани нуқтаи назарҳои мутафовит дар замони ӯ мекунад.
Хулоса, чунон ки қаблан ишора шуд, худоёни буҳои худро аъроб ба ҷинси нару мода ҷудо мекарданд. Дохили хонаи Каъба қабоили араб гирдогирди бути наринае, ки Ҳубал ном доштааст ва чунон ки қаблан дидем, дар назди ӯ Ҳубал фол ва қуръакашӣ ҳам мекарданд, бутҳои худро чида буданд. Чунон ки қаблан ишора шуд, мувофиқи ривоятҳо миқдори бутҳо бо Ҳубал 360 то будааст. Пас аз Ҳубал дар нисбати мартабаву мақом се санами дигари муаннас (зан): Лот, Манот ва Уззо қарор доштааст.
Каме дуртар аз хонаи Каъба боз ду бути дигаре: яке худои нарина Исофа ва худои модина Ноила қарор мегирад. Ғайр аз ин дар баландиҳои ас-Сафо ва Марва бутҳое будаанд, ки ҳоҷиён назди онҳо қурбонӣ мекарданд.
Муҳаммад Шаҳристонӣ дар мавриди ба кадом қабилаҳо тааллуқ доштани бутҳои қаблан номбурда чунин маълумот дода аст: Вадд қиблаи ибодати қабилаи Калб буда, Сувоъро тоифаи Ҳузайл мепарастидаанд, Яғусро қабилаи Музҳаҷ ва баъзе қабилаи Яман. Яъуқ қиблаи парастиши қабилаи Ҳамдон будааст ва Лот мавриди парастиши Сақиф аз водии Тойиф буда ва Уззо қиблаи ибодати Қурайш ва ҷомеаи Бани Канола ва гурӯце аз қабилаи Бани Солим ва Манот қиблаи парастиши Авс ва Хазраҷ ва Ғассон будааст, Ҳубал бошад аъзами асном ба шумор мерафта …»[8] ва ғайра.
Тақрибан тамоми маносик (одобу маросимот) -и ҳаҷҷи хонаи Каъба, чунон ки қаблан ёд шуд, ҳанӯз қабл аз ислом дар ҳамон давраи ҷоҳилия ташаккул ёфта буд. Тибқи маълумоти Шаҳристонӣ ҳатто нидоҳо ва даъватҳои «Лаббайка», «Аллоҳумма лаббайка», низ дар ҳамон давра ташаккулёфта будааст. Байни аъроб муоҳида буд, ки дар моҳҳои муайяни сол, ки «ашҳуру-л-ҳаром» моҳҳои муқаддас буданд, ҷангу нифоқи байни қабилавӣ қатъ карда шавад. Ин моҳҳо Зул- Қаъда, Зул-Ҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб буданд. Дар ин моҳҳо ҳаҷҷи акбар ва ҳаҷҷи асғар (умра) ва ба тиҷорат машғул мешуданд. Худи замини Макка «ҳарам» муқаддас ба шумор мерафт. Ҳангоми ҳаҷҷ дар ин минтақа ҳоҷиён либоси махсуси сафеду покиза, ки «иҳром» ном дошт, мепӯшиданд, ки то имрӯз маҳфуз аст. Гардиши тавофи ҳафткаратаи хонаи Каъба, хӯрдани оби Зам-зам, давидани байни Сафо ва Марва аз маносики ҳаҷҷи аъроб қабл аз ислом будааст. Дар навоҳии Макка охирҳои асри VI дар маҳалии Қарну-л-Манозил ҳоло (Ас-Сайлу-л-Кабир) бозоре бо номи бозори Уккоз вуҷуд дошта, ки дар он моҳҳои Зул- Қаъда ва Зул-Ҳиҷҷа қабл аз ҳаҷҷ бозори бузурге доир мешудааст. Дар баробари Каъба ин бозор низ яке аз муҳимтарин омили бештар эътибор пайдо кардан ва ба маркази Арабистони марказӣ – Ҳиҷоз ва Наҷд табдил ёфтани Макка мегардад. Ба баланд шудани обрӯи Макка ва Каъба шикастхурдани Абраҳа дар ҷанги номбурда низ кӯмак мекунад.
Маккагиён бо вуҷуди маркази мазҳабӣ қарор гирифтани шаҳрашон ва маъруф будани худоёнашон ба худоён ва зиёратгоҳҳои дигар низ боварӣ доштанд ва онҳоро зиёрат ва ба онҳо қурбонӣ мекарданд. Аз ҷумла ба он се худое, ки дар мартаба баъд аз Ҳубал қарор доштанд: Лот, Манот ва Узза эътиқодманд буданд. Ал-Лот номи васане буд аз санги сафед дар Тоиф, ба қавли Большаков О. мебоист ҳеҷ набошад аз назари манофеъи сиёсию иқтисодӣ гароиш ба он барои қурайшиён муфид набуд,[9] вале маълум мешавад дар аъроб чунин таассуб набудааст.
Муаррих ва адабиётшиноси машҳури араб Тоҳо Ҳусейн ба чунин ақида аст, ки бутпарастии қурайшиёни Макка сатҳӣ ва зоҳирӣ буд. «Ман итминон дорам, ки бутпарастии аҳли Макка аз рӯи сидқи хулус набуд, балки ба василаи дин бозоргонӣ мекарданд.»[10] Сабаби инро Тоҳо Ҳусейн дар тезҳушӣ ва огоҳии бештари онҳо дар натиҷаи доду гирифт, тиҷорат ва сафарҳои зиёде ба вилоёт ва навоҳии ҳамсоя, бархӯрд бо миллатҳои мутамаддини Шому Мисру Ироқ ва сарзамини Эрон мешуморад. Вале ҳарчанд қурайшиён аҳли имон набудаанд ва дилбастагӣ ба кеше надоштаанд, балки беш аз ҳар чиз аҳли тиҷорат будаанд, ҳамон манфиати иқтисодӣ водор мекард, ки қурайшиён Маккаро ҳамчун маркази мазҳабиву тиҷоратӣ ҳар чи бештар маҳфуз доранд ва ба ривоҷи обрӯи он мусоидат намоянд, худро чун ҳомии бутпарастӣ вонамуд кунанд.
Як нуқтаи дигар, ки хеле муҳим аст, он аст, ки дар Макка натанҳо дастгоҳи идорию сиёсӣ, балки дастгоҳу сохтори рӯҳонӣ, симмат ва мартабаи рӯҳоният низ вуҷуд надоштааст. Иҷрои маросимҳои ибодат ниҳоят сода буда, ки эҳтиёҷ ба муаллиму раҳнамои мазҳабӣ-рӯҳонӣ набуда. Ин ҳолатро агар бо дигар қавмҳое, ки дар гузашта бутпараст будаанд, масалан Мисриён ва Бобулиён муқоиса кунӣ ташрифоти динии аъроб хеле ночиз буда. Дуруст аст, ки дар Каъба авлоди бани Ҳошим симати мудирияти хонаи Каъба хизматгузорӣ; таъмини хӯрду хӯрок, ҷои хоб ва ғайраро доштанд, вале ҳеҷ як сарчашмаи ба мо маълум дар мавриди нақши рӯҳониро бозидани онҳо ё вуҷуди пешвои мазҳабии аъроб, қабл аз ислом маълумот намедиҳанд. Фақат, чунон ки қаблан дидем, аъроб ба коҳинон, ки касбашон наздик ба фолбинҳо будааст, боварӣ доштаанд ва мувофиқи маълумот онҳо дар берун аз Макка мезистанд.
Ин нуқта аз он лиҳоз ҷолиб аст, ки аъроби озодманиш ва худбин дар тӯли таърихи куҳани худ боре зери султаву салтанати касе нарафта, ба якбор ба итоати як нафаре сар фурӯ оварданд, ки аслан аз назари ҷойу макон ва мартаба аз дигарон ҳеҷ тафовуту афзалият надошт, балки камтарини онҳо буд, магар ба маънавиёт ва рӯҳоният. Марде буд, дар ятимӣ бузург шуда ва фақат ба шарофати издивоҷ ба зани сарватманде аз талоши қути лоямут раҳоӣ ёфта, на савод дошт, на мисли дигарон дунёдида (агар ду сафари кӯтоҳи тиҷоратиро ба навоҳии Шом ба ҳисоб нагирем), на дорову сарватманд. Хулоса, чун аз ин ҳам бигзарем, аъроб ҳарчанд то пайдоиши ислом санъати шеъриву бадеии пешрафта доштанд, ҳеҷ гуна матни мазҳабӣ, китоби Муқаддаси мазҳабии динӣ надоштаанд. Ва якбора китоби осмонии муқаддаси Қуръонро қабул карданд ва ҳамчунин бидуни сохтори сиёсӣ ва ҳатто динӣ ба як бор сохтори динӣ-сиёсӣ- теокративу тавҳидии мукаммалро ба вуҷуд оварданд.
«Муҳаммад – мегӯяд Бартольд В.В.,- на танҳо бунёди дин, балки давлатро гузошт ва ислом дар давраи ҳаёти пайғамбариаш роҳеро тай кард, ки буддизм аз Шакямуни то Ашока ва Насрония аз Масеҳ то Константини Бузург тай кардаанд» .[11]