Главная / 2023 / February

Архив Месяца: February 2023

Намудҳои асосии бозори омилҳои истеҳсолот

h65_6545

Вобаста аз ҳелҳои гуногуни заҳираҳои иқтисодӣ намудҳои фарқкунандаи бозори омилҳои истеҳсолот мешаванд: бозори меҳнат, бозори сармоя, бозори замин канданиҳои табий ва бозори кобилиятҳои соҳибкорӣ. Ин ҷо асосан дар бораи хусусиятҳои бозори меҳнат ва сармоя сухан меронем. Шарҳи пурраи онҳо дар мавзӯъҳои оянда баён мегардад. Ҳар як намуди бозори захираҳо хусусиятҳои …

Муфассал »

Бозори омилҳои истеҳсолот: хусусият ва вазифаҳои он

images

Захираҳои дар истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ иштироккунандаро омилҳои истеҳсолот меноманд. Дар илми иқтисодӣ чор гуруҳи омилҳои асосии истеҳсолотро ҷудо мекунанд: захираҳои инсонӣ (меҳнат); захираҳои табиӣ (замин); сармоя; фаъолияти соҳибкорӣ. Ҳар яки аз ин омилхо дар низоми иқтисодӣ мавқеи худро дорад ва вазифахои муайянро иҷро менамояд. Захираҳои инсонӣ – (ё ки …

Муфассал »

Даромад, сарчашма, омил ва шаклхои асосии ташаккули он

tax

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти даромад қисми афзудаи арзиш (қимат)-и моли истеҳсолгардида нисбат ба хароҷоти истеҳсолкардаи он фаҳмида мешавад. Он ҳамчун нишондихандаи ниҳоии фаъолияти иқтисодии фирма, таҳти таъсири қонунҳои бозор, қарор дошта, бидуни таъсир (дахолат)-и давлат сурат мегирад. Дар ин ҷода, он ҳамчун фарқи харочот ва арзиши озоди бозорӣ баромад …

Муфассал »

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо ҳамчун натиҷаи интиҳоии ҳароҷоти хоҷагӣ, ифодаи пулии омилҳо (заҳираҳо)-и иқтисодӣ фаҳмида мешавад. Моҳияти аслии нарх бо воситаи иҷрои вазифаҳои он (вазифаи андозанамой, муқоиса, баҳисобгирӣ, танзиму худзамкунӣ, тақсиму азнавтақсимкунӣ, таъмини иҷтимоӣ, мувозинии тақозою арза, ҷойгирнамоии оқилонаи …

Муфассал »

Шакл ва таснифи хароҷот

b2f65fcs-480

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ маънидод ва тафриқасозии шакл ва намудҳои марксистии хароҷот қариб истифода намешавад. Таҳти хароҷоти истеҳсолот шакли бо пул ифодаёфтаи хароҷоти корхона (фирма) оид ба дастрас кардани омилҳои истеҳсолот ва фоида фаҳмида мешавад. Бештар хароҷот ҳамчун шакли бо пул ифода ёфтаи захираҳои иқтисодӣ, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо, …

Муфассал »

Назарияи хароҷот: таҳқиқ ва тавсифи он аз нигоҳи мактабҳои мухталифи иқтисодӣ

565

Заҳираҳо (омилҳо)-и иқтисодӣ ба сифати унсури асосии ҳароҷоти истеҳсолӣ сурат гирифта, вобаста ба сатҳ ва дараҷаи такомули кувваҳои истеҳсолкунанда, сират ва неруи низомҳои иқтисодӣ, хусусиятҳои ташкили фирмаҳо, ширкату корҳонаҳо ва анъанаҳои миллию таърихии ҳар як миллат ҳархела ба роҳ монда мешавад. Аз ин нигоҳ, оиди хароҷот ақида ва назарияҳои мухталиф …

Муфассал »

Тарз ва усулҳои таъмин ва инкишофи муозинии фаъолияти фирма

d21f97d7

Фаъолияти фирма нисбатан мураккаб ва бисёрҷанба (истеҳсолй, иҷтимой, тиҷоратй, бурунмарзй) буда, таҳти услубҳои бозор ва қонунҳои объективии иқтисодӣ, дар баҳш ва ҳавзаҳои гуногуни иқтисод қарор дошта, идора ва танзим карда мешавад. Фаъолияти ҳоҷагидории фирма дар асоси услуби тарҳрезӣ (банақшагирй), муайян намудани раванди коркарду таҳия, тарзу услуби амалиёти ҳозираю оянда, ҳаҷму …

Муфассал »

Давраҳои ҳаракат ва манобеи ташаккули захираҳои инвеститсионии корхонаҳо

city-696x440

Ҷараёни паи ҳам, доимй, устувор ва мунтазами ташкили раванди истеҳсолот, яъне ба ҳам пайваст намудани омилҳои истеҳсолот, бо мақсади тавлид намудани неъматхову хадамот ва ба даст овардани фоида, ҷараёни такрористеҳсоли инфиродии қорхонаҳоро ташкил медиҳад. Раванди доимию паиҳамтакроршавй ва нисбат ба ҳаҷми пештара афзояндаи доираи истеҳсолотро такрористеҳсоли васеъ меноманд. Дар охир, …

Муфассал »

Шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, меъёр ва усулхои тафриқасозии корхонаҳо (Фирма)

about-men

Корхона (фирма) дар шароити бозор на танҳо ба сифати субъекти хоҷагидор, балки ҳамҷун воҳиди ҳуқуқӣ низ сурат мегирад. Метавонад ҳамчун Соҳибкори Инфиродӣ боша два ё Ҷамъяити Дорои Масъулияташ Маҳдуд (ҶДММ). Ҷанбаҳои муҳимтарини он дар конуну қонунгузориҳои ҳуқуқӣ тасвир ва тасниф карда мешаванд. Аз боиси мураккабу бисёрҷанба будани фаъолияти ҳар як …

Муфассал »

Фирма, моҳият, вазифа, ва услубҳои ташкили он

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Новобаста аз гуногунии ақида ва назарияҳо иқтисодчиёнро чунин хислатҳои умумии фирма ба ҳам наздик ва муттаҳид менамояд: фирма ҳамҷун воҳиди мустақил ва субъекти асосию ба ҳаракатдароварандаи бозор мебошад. Он дар ҳалқаи иқтосоди бозорӣ ба сифати субъекти тавлидгар, фурушанда, пешниҳодгари неъматҳову хадамот, миёнараву харидор, истеъмолгари захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва дар ин …

Муфассал »