Таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия, рушд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои фарзандон заминаи ояндаи дурахшони ҳар халқу миллат мебошад. Ҷараёни имрӯзаи зиндагӣ тақозо менамо- яд, ки ҳар як фарди ҷомеа чун шахси босаводу бофарҳанг, ватандӯсту меҳанпарвар, худогоҳу худшинос, меҳнатдӯсту бовиҷдон ва баодобу нексиришт ба камол расад.
Чӣ тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта- рам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таъ- лиму тарбияи фарзанд» ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст, зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба уҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан, вазифаи муқаддаси мо ба камол расонидани насли ҳаматарафа солим, соҳибмаълу- мот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебо- шад4. Таълиму тарбияи фарзанд, ки масъалаи мубрами рӯз аст, дар гузашта низ дар мадди назари аҳли ҷомеа, бахусус мутафаккирону хирадмандон, қарор дошт, зеро тарбия ва таълими насли наврас дар ҳама давру замон раванди ниҳоят масъулиятнок ва ҷиддӣ буда, тақдири кӯдак ва насли ояндаи ҷомеа аз сифати он вобаста аст.
Аз ин лиҳоз, аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»5, ки масъулияти падару мо- дар ва шахсони ивазкунандаи онҳоро дар таълиму тарби- яи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ,
- Садои мардум, 08.2011, № 97-98 (2767-2768)
- Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011,№ 7-8,мод.616 эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ин- чунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон пурзӯр мена- мояд, ниҳоят муҳим мебошад.
Дар ин масъала нақши падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда ва омӯзгор асосӣ ва ҳалкунанда аст. Зеро па- дару модар, омӯзгорон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ва- зифадоранд, ки кӯдакро ҳамчун инсони комил тарбия кар- да, пеш аз ҳама, ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии ӯ аҳамияти махсус зоҳир намоянд, барои соҳибмаълумот ва соҳибкасб шуданаш кумак карда, ӯро ба ҳаёти мустақилона омода созанд.
Бояд гуфт, ки зарурати қабули ҳар як қонунро шароит ва эҳтиёҷот ба танзими муносибатҳои ҷамъиятии мавҷуда талаб менамояд. Қабули қонуни мазкурро низ шароити ба- вуҷудомада ва эҳсоси масъулияти аҳли ҷомеа бо сарварии Роҳбари давлат нисбат ба тақдири насли наврас ва ояндаи миллат тақозо намудааст.
Бинобар ин, қабули санади ҳуқуқии мазкур барои оян- даи ҷомеаи мо нақши ҳалкунанда бозида, ба тарбияи шах- соне мусоидат хохад кард, ки дар оянда мо бо онҳо ифти- хор хоҳем кард, чунки танҳо фарзандони соҳибмаърифату соҳибкасб ва худогоҳу миллатдӯст метавонанд дар бунёди давлати миллӣ саҳмгузор бошанд.
Тарбияи ифтихори ватандорӣ дар қалби фарзандон маҳз дар давраи истиқлолият ҳамчун яке аз шартҳои асосии пой- дории давлат ва миллати тоҷик эътироф гардид. Ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ аз иродаи қавии падару мо- дар вобаста аст. Дуруст тарбия намудани фарзандон дар ин рӯҳия барои ояндаи нек замина мегузорад. Агар ба таърих рӯ оварем, бузургтарин дастовардҳо маҳз дар рӯҳияи ифти- хори ватандорӣ ба даст омадаанд.
Яке аз беҳтарин усулҳои тарбияи фарзандон дар рӯҳи- яи ифтихори ватандорӣ ин рафтори намунавии худи пада- ру модар мебошад.Ҷалб намудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба та- шаккули ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Мутаасси- фона, баъзан ҷинояткорон ҳиссиёти мардум, махсусан, ҷа- вононро истифода бурда, ба ҷомеа зарар мерасонанд. Барои он, ки дар тафаккури фарзандон ақидаҳои ҷиноӣ, аз ҷумла террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфӣ устувор бошанд ва ба онҳо муқовимат карда тавонанд.
Қабули қонуни мазкур барои идомаи анъанаҳои неки мардуми тоҷик оид ба тарбияи фарзандон дар рӯҳияи пок- тинатӣ, ватанпарварӣ, башардӯстию инсонпарварӣ нақши ҳалкунанда дорад. Меъёрҳои он пурра ифодакунандаи хусу- сиятҳои хоси расму оин ва анъанаҳои миллии мо мебошанд. Ба назар гирифтани чунин хусусиятҳо ба амалишавии мақ- садҳои умумимиллӣ ва такомули ояндаи давлатдории мо мусоидат намуда, барои фарзандони мо, шароити мусоиди рушдро фароҳам меоварад ва ҳуқуқу манфиатҳоро ҳимоя менамояд. Зеро эҳёи анъанаҳои миллӣ ва истифодаи васеи онҳо дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон барои баланд бар- доштани масъулияти падару модарон ва ширкати фаъоло- наи онҳо ба рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мусоидат менамояд. Алҳол, ки мо дар назди худ мақсади бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёдро гузоштаем, раси- дан ба ин ҳадафи олӣ масъулияти доимии падару модар ва аҳли ҷомеаро талаб менамояд, чунки пешрафти минбаъдаи давлату ҷомеа бе таълиму тарбияи дурусти насли наврас ғайри имкон аст.
Падару модар шахсоне мебошанд, ки бо фарзанд пай- ванди хунӣ дошта, ӯро ба дунё овардаанд. Баъзе ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки бо ягон сабаб падару модарро шахсони дигар иваз мекунанд (масалан, ҳангоми ятим мондани кӯдак ё муваққатан таҳти таълиму тарбияи шахси дигар будани кӯдак ва ғайра). Дар сархати 2-и моддаи 4-и қонуни мазкур номгӯйи шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, ном- бар шудааст: 1) васӣ; 2) парастор; 3) фарзандхондагон; 4) шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд; 5) намояндагони қонунии онҳо; 6) муассисаҳо ва дигар таш- килотҳое, ки кӯдак дар таълиму тарбияи онҳо қарор дорад.
Васоят барои ноболиғони то синни чордаҳсола ва па- расторӣ барои ноболиғони аз чаҳордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад (моддаи 147 Кодекси оила). Ба си- фати васӣ ва парастор танҳо шахсони болиғи қобили амал таъйин шуда метавонанд.
Фарзандхондагон нафароне мебошанд, ки бо мақсади таълиму тарбия кӯдаконро ба фарзандӣ қабул мекунанд. Фарзандхондагон метавонанд танҳо шаҳрвандони ба ба- лоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Фарзандхонӣ аз тарафи суд расмӣ карда мешавад.
Кӯдакон дар асоси шартнома низ бо назорат фаро ги- рифта шуданашон мумкин аст. Шахсони тибқи шартнома уҳдадории дар вақти муайян назорат кардани кӯдакро ба зимма гирифта на танҳо барои таълиму тарбияи кӯдак масъ- ул мебошанд, балки ба оқибатҳои рафтори кӯдакон низ ҷа- вобгаранд.
Ба ҳайси намояндагони қонунӣ падару модар, васию па- растор, фарзандхондагон ва намояндаҳои ташкилоту муас- сисаҳое баромад карда метавонанд, ки кӯдакон таҳти васоя- ту парастории онҳо қарор дорад.
Барои таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин, муассисаҳое масъул мебошанд, ки кӯдакон дар таълиму тарбияи онҳо қа- рор доранд. Муассисаҳои таълимӣ шахсони ҳуқуқие мебо- шанд, ки раванди таълимро ба роҳ мемонанд.
Тибқи зербанди 1-и моддаи 4-и қонун истилоҳҳои кӯдак ва фарзанд ҳамчун калимаҳои ҳаммаъно истифода бурда мешаванд. Онҳо ҳамчун шахсе, ки ба балоғат нарасидааст, маънидод карда мешаванд. Аломати асосие, ки онҳоро аз калонсол фарқ мекунонад, нарасидан ба синну соли муқар- раршуда (18-сола) мебошад.
Таълим раванди фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак ме- бошад (сархати 4-и м.4-и қонун). Дар таърифи таълим хусу- сиятҳои зерин ба назар мерасанд:
- Раванди фаъолияти якҷояи падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ мебошад.
- Чунин фаъолият барои рушди шахсият, истеъдод, ма- лака ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак (фарзанд) раво- на карда шудааст.
Таълим дар доираи муассисаи таълимӣ бо фаъолияти омӯзгор ва кӯшиши кӯдак маҳдуд намегардад. Моҳияти таъ- лим дар он ифода мегардад, ки дар ҷараёни он падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои гирифтани дониш, ҳосил кардани маҳорату малака, ин- кишофи тафаккури мустақил ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак фаъолияти мақсадноку алоқамандро ба роҳ монанд.
Тарбия раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ мебошад. Ҳамин тавр, тарбия тибқи моддаи зикршуда дорои хусусиятҳои зе- рин мебошад:
- Раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд ме- бошад.
- Тарбия аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа анҷом дода мешавад.
- Дар натиҷаи тарбия фарзанд ба зиндагии мустақило- на омода карда мешавад.
Тарбия ҳамчун раванди мақсаднок падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равонӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Тарбия дар оила, муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, мактабҳои таҳ- силоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, инчунин, аз ҷониби ҷомеа анҷом дода мешавад. Мақсаду вазифаҳои тарбия аз ҷумла тарбияи ҳисси миллӣ, ташаккули инсони комил, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари си- мои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад. Мафҳуми «тарбия» ба ду маънӣ: васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Ба маънии васеъ раванди мақсад- ноки ташаккули фарзанд ва тайёр намудани ӯ барои фаъо- лона иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисо- дӣ, ҷамъиятӣ ва маданию фарҳангӣ мебошад. Бинобар ин, тарбия чорабиниҳои тарбиявиро дар оила, мактаб, ташки- лотҳои ноболиғону ҷавонон ва ҷомеа фаро мегирад. Тарбия ба маънои васеъ, инчунин, таълим ва омӯзишро дар бар ме- гирад. Ба маънии маҳдуд тарбия ташаккули ҷаҳонбинӣ, си- мои маънавӣ, инкишофи зебоипарастӣ ва ҷисмониро ифода менамояд. Тарбия бо таълиму омӯзиш дар алоқамандии зич қарор дошта, дар раванди он на танҳо дониш андухта меша- вад, балки ақида, сифатҳои маънавӣ ва хислатҳои наҷиби инсонии фарзанд ташаккул меёбанд.