Главная / Гуногун / ҲАДАФҲОИ ҲАРБӢ

ҲАДАФҲОИ ҲАРБӢ

Принсипҳои ҲНМ дар бораи зарурати ҳарбӣ, инсондӯстӣ, принси- пи маҳдудият ва мутаносибӣ ҳадафи ҳарбиро муайян мекунанд.

Гузаронидани амалиёти ҳамлакунӣ: Қоидаи 1. Ҳамла бояд танҳо ба тарафи иншооти ҳарбӣ равона карда шавад. Ҳамла бояд ба тарафи иншоот ва шахсони аз мақоми ҳимоя бархӯрдор равона карда наша- вад. Намунаҳои иншооти ҳарбӣ: Пойгоҳҳои ҳарбӣ, анборҳо, захира- ҳои сӯзишворӣ, бандарҳо, майдонҳои ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, аслиҳа, тачҳизот, биноҳо ва иншооте, ки дасгирии маъмурии амали- ёти ҳарбиро таъмин менамоянд ва дигар иншооте, ки дар амалиёти ҳарбӣ истифода мешаванд. Ба киштиҳои мулкӣ, воситаҳои нақлиёт ва биноҳо ҳамла кардан мумкин аст, агар онҳо чанговарон ё тачҳизо- ти ҳарбиро кашонанд. Ба ҳар гуна иншооте, ки бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурда мешаванд ва вазъи мулкӣ надоранд, ҳамла кардан мумкин аст ба шарте, ки харобиҳои иловагӣ аз ҳад зиёд нашаванд. Қоидаи 2. Принсипи мутаносибӣ бояд мунтазам истифода бурда ша- вад. Барои бомуваффақият ишғол намудани иншооти ҳарбии душ- ман бояд разведкаи ҳаматарафа анҷом дода шавад. Қоидаи 3. Аҳолии мулкӣ ва шаҳрвандони алоҳида бояд ҳадафи ҳамла нашаванд. Ҳар гуна амалҳое, ки мақсадашон тарсу ваҳм андохтан дар байни аҳолии мулкӣ мебошад, манъ аст. Ҳамла кардан ба иншооте манъ аст, ки барои зинда мондани аҳолии мулкӣ заруранд, ба монанди: манбаъ- ҳои об, захираҳои хӯрокворӣ, истгоҳҳои барқӣ. Қоидаи 4. Ҳамлаи бе интихоби ҳадаф манъ аст.

Ҳамлаи бе интихоби ҳадаф ба шумор меравад:

  • ҳамлае, ки ба иншооти махсуси ҳарбӣ равона карда нашудааст;
  • ҳамлае, ки дар он усулҳо ё воситаҳои ҷангкуниеро истифода ме- баранд, ки онҳоро ба иншооти муайяни ҳарбӣ равона кардан номум- кин аст.

Намунаҳои ҳамлаи ба ҳадаф равона накарда инҳоянд:

Бомбаборонкунии тамоми шаҳр бо сабаби он ки дар он лагери ҳар- бӣ ҷойгир аст. Қоидаҳои манъ кардани бомбаборонкунии лагери ҳар- бӣ вучуд надорад, вале шаҳреро, ки атрофи лагерро иҳота намудааст, нобуд кардан манъ аст. Қоидаи 5. Бемористонҳо ва муассисаҳои тиббӣ мақоми ҳимояро доранд. Бемористонҳо, ҳавопаймоҳое, ки мачрӯҳонро интиқол медиҳанд, мақоми ҳимоя аз ҳамларо доро ҳастанд, ба шарте ки онҳо танҳо бо мақсадҳои тиббӣ ва инсондустӣ истифода шаванд. Чунин муассисаҳо бояд бо аломатҳои фарқкунандаи Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмар ишора карда шаванд. Қоидаи 6. Ҳайати кормандони тиббӣ бояд ҳадафи ҳамла нашавад. Чунин ҳайати кормандон бояд дар либосҳои худ аломатҳои Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмарро тасвир намоянд. Онҳо бояд бо худ ҳуччатҳое дошта бошанд, ки мансубияти онҳоро ба ҳайати кор- мандони тиббӣ тасдиқ намоянд. Қоидаи 7. Ҳайати кормандони рӯҳонӣ, ки вазифаҳои худро ичро мекунанд, бояд ҳадафи ҳамла нашаванд. Масалан, ба шахси рӯҳонӣ, ки маросими диниро дар болои часади шах- си ҳалокшуда анчом медиҳад, ҳамла кардан манъ аст. Қоидаи 8. Ба ҳа- маи беморон ва мачрӯҳон, ҳам ҳарбиён ва ҳам нафарони мулкӣ, ҳамла кардан манъ аст, вале агар сарбозони мачрӯҳи душман тирпаррониро идома диҳанд, он гоҳ онҳо вазъи ҳимояро аз даст медиҳанд. Масалан, сарбози мачрӯҳи душман ба даст аслиҳа гирифта, аз чое, ки қарор дорад, оташ мекушояд. Ӯ мақоми ҳимояро, ки ба он мачрӯҳ ҳуқуқ дорад, аз даст медиҳад ва ҳадафи қонунӣ мегардад. Вале агар сарбози мачрӯҳ бо худ аслиҳа дошта бошаду аз он истифода набарад, ӯ мақоми ҳимояро аз даст намедиҳад, ба шарте ки барои аслиҳаро бар зидди душман истифода бурдан кӯшиш накунад. Қоидаи 9. Иншооте, ки дорои неруҳои хатарнок ҳастанд (истгоҳҳои барқии атомӣ, оббандҳо ва сарбандҳо), бояд ҳадафи ҳамла қарор нагиранд, ба истиснои ҳолатҳои таҳдиди ҷиддии ҳарбӣ. Дар чунин мавридҳо, қабл аз оғози ҳамла, ҳатман аз сардорони боломақом иҷозат гирифтан лозим аст.

Масалан, командири полк ошкор намуд, ки душман тӯпро дар болои сарбанди обанборе, ки ба самти роҳи муҳим дар ин қаламрав мебарояд, ҷойгир карда, эшелони дуюмро муҳосира намуд. Агар ӯ илоҷи дигаре пайдо накунад, командир танҳо пас аз гирифтани иҷозати махсус аз сардори боломақом метавонад ба тарафи тӯпҳо оташ кушо- яд. Дар ин маврид командири полк бояд кӯшиш намояд, ки сарбандро хароб накунад. Қоидаи 10. Биноҳое, ки арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ доранд, бояд ҳадафи ҳамла қарор нагиранд. Агар душман ин биноҳоро ишғол карда бошад, қабл аз ба ҳучум шурӯъ намудан, ҳат- ман супориши сардорро гирифтан лозим аст. Мисол, дастаро, ки аз миёни деҳа ҳаракат мекард, аз боми бинои масчиди куҳна бо аслиҳаи мерганӣ тирборон карданд. Усули ягонаи нобуд кардани мерган ин бо гранатомёт зарба задан мебошад. Дар ин вазъият командири даста бояд қабл аз ҳамла кардан аз командири рота ичозат гирад. Қоидаи 11. Душмане, ки дар муҳосира аст ва муқовимат намекунад, бояд ҳа- дафи ҳамла қарор нагирад. Додани фармони «Асир нагиред!» чинояти чиддии ҳарбӣ мебошад. Қоидаи 12. Минтақаҳои мудофианашаванда ё минтақаҳои бетараф бояд ҳадафи ҳамла қарор нагиранд. Маҳалҳои мудофианашаванда минтақаҳое мебошанд, ки дар онҳо неруҳои му- саллаҳ боқӣ намондаанд, инчунин, қаламравҳое ҳастанд, ки ба мақ- садҳои ҳарбӣ истифода бурда намешаванд. Мисол, ҳангоми амалиёти мусаллаҳона командир бояд минтақаҳои муайянро бетараф эълон намояд, то ки дар он маҳалҳо аҳолии мулкӣ ё беморхонаро чойгир кардан мумкин бошад. Душман бояд тавассути миёнаравҳо ё тавассу- ти музокираҳои мустақим дар бораи маҳалли чойгиршавии ин мин- тақаҳо хабардор карда шавад. Ҳангоми низоъ дар чазираҳои Малвин (Фолкленд) дар баҳр минтақаи бетараф бунёд карда буданд, ки дар он киштиҳои тиббиро чойгир карданд ва ин киштиҳо дар маҳалли беха- тар кор мекарданд. Қоидаи 13. Ҳайати шахсии мудофиаи шаҳрвандӣ бояд ҳадафи ҳамла қарор нагирад ва ба он имкон дода шавад, ки вази- фаҳои худро анчом диҳад. Кормандони мудофиаи шаҳрвандӣ шахсоне мебошанд, ки вазифаҳои инсондӯстона, на вазифаҳои ҳарбиро ичро мекунанд. Сӯхторхомӯшкунакҳо, сапёрҳо, дастаҳои чустучӯкунанда ва начотдиҳанда ҳамин гуна мақом (статус) доранд. Мудофиаи шаҳр- вандӣ бояд бо аломатҳои дахлдор возеҳ ишора карда шавад. Қоидаи 14. Ба тарафи қӯшунҳои десантӣ ҳангоми фурудоӣ тир парронидан мумкин аст, аммо ба лётчикҳо ва ҳайати экипажи ҳавопаймоии аз зар- баи аслиҳа ба садама дучоршуда, ки бо парашут поён мефуроянд, ҳам- ла кардан мумкин нест. Қӯшунҳои десантӣ, ки дар маҳал бо мақсади гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ фуромаданӣ ҳастанд, ҳангоми ба поён фуромадан, ҳадафи қонунӣ мебошанд. Ба ҳайати шахсии душман, ки ҳавопаймои ба садама дучоршударо тарк мекунад, имконият додан зарур аст, ба асирӣ таслим шавад. Қоидаи 15. Қосидоне, ки парчами сафед доранд, бояд ҳадафи ҳамла нашаванд, вале парчами сафед, ҳам- чун рамзи нияти музокира кардан, ҳатман маънои хоҳиши ба асирӣ таслим шуданро надорад. Парчами сафедро бо эҳтиёткории зиёд бур- дан лозим аст, махсусан, агар мавқеи ҳамсояи душман аз парчами са- фед, ки ба назари ҳамхизматони онҳо намоён аст, огоҳ набошад. Ҳан- гоми низоъ дар ҷазираҳои Малвин (Фолкленд) афсар ва ду сарбози пиёдагарди флоти баҳрии Шоҳигари Британия ба мавқеи аргентиниҳо, ки парчами сафедро бардошта буданд, наздик омаданд, аммо аз мавқеи дигари аргентиниҳо ба тарафи гурӯҳи сарбозони пиёдагарди баҳрӣ оташ кушоданд ва ҳамаи се нафарро куштанд. Ҳангоми таҳқиқот, оё аргентиниҳо ҷинояти ҳарбӣ содир намуданд ё не, исбот карда шуд, ки онҳо дарк накарданд, ки як нафар аз мавқеи худи онҳо парчами сафед бардоштааст ва воқеан гумон карданд, ки сарбозони пиёдагарди баҳрӣ ба мавқеи онҳо ҳучум кардаанд. Тадбирҳои эҳтиётӣ ҳангоми амалиёти ҳуҷумкунӣ: ба хотири роҳ надодан ба харобкориҳои нодаркор ва ҳо- дисаҳои нохуш бояд ҳангоми банақшагирии ҳамла тадбирҳои эҳтиёт- корӣ андешида шаванд. Командир бояд аз рӯйи имконият:

  • қабл аз ҳамла маълумоти зарурии разведкаро чамъ оварад;
  • дар маҳалҳои аҳолинишин ва наздикиҳои онҳо ба интихоби ҳадаф роҳ надиҳад;
  • аҳолии мулкиро аз минтақаҳои амалиётҳои чангӣ таҳлия (эвакуат- сия) намояд, агар вазъият имконият диҳад, аҳолиро пешакӣ дар бораи бомбаборонкунӣ огоҳ намояд;
  • назорат намояд, ки чӣ гуна аслиҳа истифода мешавад. Ин амал ба хотири он анчом дода мешавад, ки ба иншооти мулкӣ харобиҳои аз ҳад зиёд расонида нашавад.

Инчунин кобед

unnamed

Фалсафаи дин

Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида дар …