Главная / Биология / АФЗОИШ ВА ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМҲО

АФЗОИШ ВА ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМҲО

Афзоиш яке аз хосиятҳои муҳимми олами ор- ганикӣ мебошад ва он ба ҳамаи махлуқоти зинда, аз бактерияҳо то ширхӯрон, хос аст.

Сабаби мавҷудияти навъҳои ҳайвонот, рустанӣ, бактерияҳо ва занбӯруғҳо, идомаи насл дар бай- ни волидон ва насли онҳо афзоиш мебошад. Бо худофарӣ дигар хусусияти хоси организмҳои зинда, яъне инкишоф низ сахт вобаста аст. Ин хусусият барои ҳамаи организмҳои зиндаи рӯйи Замин, аз организмҳои якҳуҷайра то набототу ҳайвоноти серҳуҷайра хос аст.

Афзоиш шаклҳои гуногун дорад, вале ҳамаи онҳоро метавон ба ду навъ ҷудо кард – ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ.

Ивазшавии наслҳо ва организмҳоро дар асоси ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, ки аз ҳисоби ғадудҳои ҷинсӣ пайдо шудаанд, афзоиши ҷинсӣ меноманд. Афзоиши ҷинсӣ дар давраи таҳаввулот (эволют- сия) тарзи прогрессивии инкишофи организми нав буда, аз ҳисо- би якҷоя шудани ҳуҷайраҳои ҷинсии волидони гуногун ба вуҷуд омадааст. Дар ҳайвоноти бемуҳра баъзан нутфа ва ҳуҷайратухм дар як организм пухта мерасанд. Ин ҳодисаро хуносоӣ (гермафро- дитизм) меноманд. Рустаниҳои гулдор ҳам дуҷинсаанд. Гули ак- сари намудҳои рустаниҳои пӯшидатухм дуҷинса буда, дар онҳо аз гардбарг ҷинси нарина ва дар мевадон (пестик) ҳуҷайратухм пай- до мешавад. Тахминан аз чор як ҳиссаи узвҳо нарина (гардбарг) ва модина (мевабаргҳо) дар гулҳое ба мушоҳида мерасанд, ки бе- восита аз якдигар инкишоф меёбанд, яъне якҷинсаанд, масалан, дар рустании кенаф. Дар баъзе рустаниҳо, чунончи, ҷуворимакка, тӯс гулҳои нарина ва модина дар як рустанӣ ҷой гирифтаанд.

Бо вуҷуди ин, шарт нест, ки организми нав аз ҳисоби омези- ши ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ба вуҷуд ояд. Дар баъзе намудҳои рустанӣ ва ҳайвонот ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки аз ҳисоби ҳуҷайратух- ми бордорнашуда организми нав пайдо мешавад. Чунин шакли афзоишро духтарӣ ё партеногенезӣ меноманд. Хусусияти асосии афзоиши ғайриҷинсӣ дар он аст, ки фард на аз ҳисоби ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, балки аз ҳисоби ҳуҷайраи ҷисмӣ (соматик) пайдо мешавад. Ин ду шакли афзоишро пурратар дида мебароем.

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …