Дар мавриди афзоиши ғайриҷинсӣ организми нав аз ҳисоби як ё чанд ҳуҷайраи ғайриҷинсии (соматики)-и организми модарӣ пайдо мешавад.
Бештар содатаринҳо (амёба, эвгленаи сабз ва ғайра) обсабзҳои якҳуҷайрагӣ (хламидомонад) бо роҳи тақсимшавии митозӣ аф- зоиш мекунанд. Мавҷудоти якҳуҷайраи дигар, масалан, баъзе занбӯруғҳои дараҷаи паст, обсабзи хлорелла, плазмодия (баран- гезандаи табларза) бо спора афзоиш меёбанд. Дар аснои чунин шакли афзоиш ҳуҷайра, ки дар натиҷаи пайиҳам тақсим шудани ядрои модарӣ пайдо шудааст, боз ба чанд қисми алоҳида ҷудо мешавад (миқдори ядроҳо дар онҳо баробаранд). Ҳамчунин, организмҳои серҳуҷайра, ба монанди ушнаҳо, занбӯруғҳои дараҷаи олй, обсабзҳои серҳуҷайра, сарахсшаклон ва ғайраҳо қобилияти пайдо кардани спораҳоро доранд. Ҳам дар якҳуҷайрагиҳо ва ҳам дар организмҳои серҳуҷайра тарзи дигари афзоиши ғайриҷинсӣ муғҷабандӣ низ дида мешавад, масалан, дар занбӯруғҳои хамир- туруш (расми 6.1) ва баъзе инфузорияҳо (инфузорияи маканда). Тарзи муғҷабандӣ чунин аст: дар ҳуҷайраҳои модарӣ аввал да- мидагии начандон калон пайдо мешавад, ки ядро дорад ва онро муғҷа меноманд; муғҷа калон шуда, баробари ба ҳаҷми модар наздик шудан, аз модар ҷудо мегардад ва мустақилона ҳаёт ме- гузаронад.
Дар мавҷудоти серҳуҷайра (гидраи обҳои ширин) муғча аз ҳуҷайраҳое, ки ҳар ду девораи ҷисмро иҳота кардаанд, пайдо мешавад. Он сабзида дароз мешавад ва дар қисми пеш ковокии даҳон пайдо мекунад. Муғҷабандӣ ҳамон вақт ба охир мерасад, ки гидраи хурд ташаккул ёбад ва аз организми модар ҷудо шавад
Муғҷабандӣ дар гидра:
- – организми модарӣ,
- – муғҷа.
Дар ҷонварони серҳуҷайра, масалан, дар ҳалқакирмҳо афзои- ши ғайриҷинсӣ бо роҳи ду тақсим шудани бадан, дар паҳнкирмҳо ва сӯзанпӯстон бо роҳи қисм-қисм шудани бадан (фрагментатсия) ба амал меояд. Аз ҳар яки ин қисмҳо организми нав инкишоф меё- бад. Дар олами наботот афзоиши нашвӣ, яъне афзоиш аз ҳисо- би қисми тана хеле васеъ паҳн гардидааст. Масалан, аз қаламча, мӯяк, лӯндак сабзидани рустаниҳо .
Афзоиши нашвии рустаниҳо: А – навдаи хазанда (мӯяк), Б – лӯндаҳои зеризаминӣ, В – решапояи реша, Г – навдаи элодея.
Барои афзоиши нашвй, инчунин, решаро истифода мебаранд. Дар боғдорй бо ёрии қаламчаҳои аз паҳлурешаҳо гирифта баъ- зе рустаниҳоро месабзонанд, масалан, тамашк, олуболу, олу ва гулҳои гуногун. Гули кашғарй (георгина) аз лӯндарешаҳо зиёд карда мешавад. Қисмҳои шаклдигаркардаи зеризаминй (аз ҷум- ла танареша) низ метавонанд рустаниҳои навро пайдо кунанд. Афзоиши нашвй дар баъзе ҳайвонот ҳам дида мешавад. Чунон- чи, баъзе ҳалқакирмҳои сермӯяк бо роҳи қисм-қисм ҷудо шудани тана афзоиш меёбанд; аз ҳар яки пораҳо организми мустақил ба вуҷуд меояд.Барои афзоиши картошка қисми шаклдигаркардаи пояи зе- ризаминй (лӯнда)-ро истифода мебаранд. Ёсуман ва бед аз навда афзоиш меёбанд. Бо ёрии қаламча бошад, ток ва қортро месабзо- нанд. Навдаҳои дароз ва хазандаи шаҳтути заминй, ки аз мӯякҳо иборатанд, муғҷа пайдо мекунанд. Аз онҳо дар вақти шинондан рустании нав ба вуҷуд меояд. Як қисми ками рустаниҳо, масалан, гули бегона (бегония) ба воситаи барг афзоиш меёбад. Дар қисми поёни барг, дар ҷойи рагронй реша ва дар болои барг муғҷа ва навда пайдо мешаванд.
Асоси афзоиши нашвиро қобилияти таҷдиди узвҳо (регене- ратсия) низ ташкил медиҳад. Таҷдид ё барқарор кардани узви гумшуда хоси бисёр ҷонварони бемуҳра ва баъзе ҳайвоноти муҳрадор, обхокиҳо мебошад. Афзоиши ғайриҷинсй, ки дар рафти таҳаввулот (эволютсия) нисбат ба афзоиши ҷинсй пеш- тар ба вуҷуд омадааст, раванди хеле босамар мебошад. Бо ёрии он дар шароити мусоид миқдори намудҳо хеле зиёд мешаванд. Албатта, дар ҳамаи шакли афзоиши ғайриҷинсй генотипи насл ва модарашон якхелаанд. Барои дуруст фаҳмидани ин ба мавзӯи митоз нигаред, чунки дар интерфаза айнан дучандшавии маводди генетикаи ҳуҷайра ба амал омада, дар натиҷаи тақсимшавӣ ҳар як ҳуҷайраҳои духтарӣ ахбор ирсии ба модар монандро мегирад.
Аз сабаби он ки ҳамаи ҳуҷайраҳои ҷисмӣ (соматикӣ) дар натиҷаи тақсимшавии митозӣ ба вуҷуд меоянд ва аз онҳо орга- низмҳои нав инкишоф меёбанд, бинобар ин, фардҳои бо ин роҳ афзоишёфта аз ҷиҳати генетикӣ ба ҳамдигар монанданд. Албат- та, дар ин ҷо афзудани гуногуншаклии генетикӣ рух намедиҳад, вале дар натиҷаи дигар шудани муҳити зист ва мутатсия баъзе аломатҳои нави муфид пайдо мешаванд.
Саволҳо барои санҷиш:
- Дар кадом организмҳо афзоиши ғайриҷинсӣ дида мешавад?
- Кадом шаклҳои афзоиши ғайриҷинсӣ ба шумо маълуманд? Мисол оред.
- Чаро наслҳои бо роҳи афзоиши ғайриҷинсӣ пайдошуда бо якдигар ва фардҳои волидон монанданд?
Истилоҳот:
- Афзоиши ғайриҷинсӣ – афзоише, ки такроршавии наслҳо аз ҳисоби ҳуҷайраҳои бадан (соматикӣ) ба амал меоянд.
- Афзоиши ҷинсӣ – тарзи ба худ монанд пайдо шудан, ки такрорша- вии наслҳо аз ҳисоби ҳуҷайраҳои махсусгардида, яъне ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ба амал меоянд.
- Афзоиши нашвӣ – тақсимшавии митозии ядро, ки ситотомия ба он оварда мерасонад, ки ситоплазма дар байни ҳуҷайраҳои духтарӣ ноба- робар тақсим мешавад.
- Муғҷабандй – шакли афзоиши организмҳо, ки аз ҳисоби бадани модарӣ пайдо мешаванд.
- Спораҳосилшавӣ – тақсимшавии бисёркаратаи ҳуҷайра ба пор- ча-порча шудани ситоплазма, ки бо миқдори ядроҳо мувофиқанд.
Тестҳо
- Афзоиш чист?
а) идома додани наслҳо; б) пайдо шудани аломатҳо; в) пешравӣ.
- Афзоиши ҷинсӣ аз ғайриҷинсӣ бо чӣ фарқ мекунад?
а) бо якҷоя шудани ҳуҷайраҳои ҷинсӣ; б) бо якҷоя шудани ҳуҷай- раҳои соматикӣ; в) аз як ҳуҷайра пайдо шудани насл.
- Афзоиши ғайриҷинсӣ чанд хел мешавад?
а) ду хел; б) се хел; в) чор хел.
- Плазмодия ба кадом роҳ афзоиш мекунад?
а) муғҷабандӣ; б) спора; в) нашвӣ.
- Занбӯруғи хамиртуруш чӣ хел афзоиш мекунад?
а) бо спора; б) бо муғҷа; в) бо роҳи ҷинсӣ.
- Бед аз ҳисоби кадом қисм афзоиш мекунад?
а) мӯяк; б) навда; в) барг.
- Таҷдид ё барқарор кардани узви гумшуда хоси кадом организм аст? а) кирми лойхӯрак; б) пашшаҳо; в) тортанак.
- Дар афзоиши ғайриҷинсӣ наслҳо бо кӣ бисёртар монанданд?
а) ба модар; б) ба падар; в) ба ҳар ду.
- Барои чӣ наслҳо бо роҳи ғайриҷинсӣ пайдошуда бо ҳам монанданд? а) генотипи якхела доранд; б) омезиши аломатҳо мушоҳида мешавад; в) аз ду ҳуҷайра пайдо шудаанд.
- Аз чӣ сабаб дар байни наслҳои якхела афзоиши ғайричинсӣ баъ- зан наслҳои гуногун пайдо мешаванд?
а) ба мутатсия дучор шудаанд; б) омезиши генҳо; в) таъсири муҳит