- Афзор барои кашидани нақшаҳо. Нақшаҳоро бо афзорҳои нақшакашй иҷро мекунанд. Ба онҳо хаткашак, гунё (секунҷаи нақшакашй), паргорДон, цалам, рейсшина ва транспортир дохил мешаванд.
ПаргорДон маҷмӯи афзорҳои нақшакашиест, ки дар ғи- лофи махсус ҷойгир аст (ниг. ба расми дохилии муқова). Одатан дар паргордон паргорҳои доиракаш (расми 10 а) ва ченкунанда (расми 10 б), рейсфедер барои бо туш иҷро кардани нақша (расми 11 а), дарозкунандаи пояи паргори доиракаш, марказак, қаламдон (ё сӯзандон) барои нигоҳ доштани милаҳои қалам ва сӯзанҳои эҳтиётй мавҷуданд.
Паргори доиракаш аз пояи кӯтоҳ барои гузоштани қа- лам (ё рейсфедер) ва пояи дарози сӯзандор иборат аст. Қалам ё рейсфедер дар поя маҳкам карда мешавад. Бароинақшакашй қалами сахти милааш миёнаро мегузо- ранд, ки нӯги он махрут (конус) ё белчашакл ме- бошад (расми 11 б). Аз сӯрохи пояи паргор қалам бояд 7-9 мм берун барояд. Нӯги сӯзан ва милаи қа- лам ҳангоми истифодаи паргор (мисли сӯзанҳои паргори ченкунанда), но- вобаста ба масофаи байни онҳо, бояд дар ҳамон як сатҳ нигоҳ дошта шаванд (ниг. расми 10).