Главная / Гуногун / АФЗУДАНИ КОРИ ТАРБИЯВӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

АФЗУДАНИ КОРИ ТАРБИЯВӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

АФЗУДАНИ КОРИ ТАРБИЯВӢ ДАР
БАЙНИ ҶАВОНОН

Маълум аст, ки ҳоло ҷавонон дар Тоҷикистон аксарияти кулли аҳолиро ташкил медиҳанд. Муваффақияти Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва байналмиллӣ дар асри XXI аз бисёр бобат бо ҳалли мушкилоти насли наврас вобаста мебошад.

Масъалаи ҷавонон имрӯз зери назорати махсуси давлати соҳибистиқлол мебошад. Ба ин масъала Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон диққати доимӣ дода, дар суханрониҳояш нақши созандагии ҷавононро борҳо қайд наму- дааст. Аз ҷумла зимни вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманд Сарвари давлат гуфта буд: «Имрӯз, ки раванди бебозгашти сулҳу созиш ва Ваҳдати миллиро пеш гирифтаем ва зери парчами Ватан ва дав- лати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти Истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд, зеро инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон дер ё зуд барои фаҳмидани мазмуни онҳо мекӯшад».

 

ruzi-avonon

Ҷашнгирии Рузи ҷавонони Тоҷикистон

Асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол» (Душанбе, 1997), «Ҷавонон-ояндаи миллат» (Душанбе, 1998), «Ҷавонон – созандагони фардои ҷомеа» (Душанбе, 2009), барномаи стратегии сиёсати давлатии насли наврас мебошанд. Хусусан, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон 21 майи соли 2005 боиси амалан ба пояи стратегии давлатӣ ва амни- яти миллии кишвар гузошта шудани масъалаи ҷавонон гардид.

Тибқи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» торафт робитаи оила бо мактаб беҳтар шуда, дар сифати таълиму тарбия пешрафтҳо дида мешавад. Бояд қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилот, мақоми ҷавонон дар арсаи байналмилалӣ афзуда истодааст, вале кори тарбия, касбомӯзонии онҳо на дар ҳама ҷо хуб аст. Аз ин лиҳоз дар шароите, ки прогрес- си илму техника дар истеҳсолот ҷорӣ шуда истодааст, ҷавонон кор карда наметавонанд ва маҷбуранд бекориро аз сар гузаронанд.

Бояд қайд кард, ки агар дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё нисбати касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, дар мамлакатҳои сусттараққикарда ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Бинобар ин дар нооромиҳои ҷамъият ва даргириҳои маҳаллӣ ҷавонон фаъолона иштирок мекунанд.

Ҳамин тавр, проблемаи ҷавонон хусусиятҳои байналмилалӣ дошта, ҳалли мусбати он аз бисёр ҷиҳат бо сарварӣ ва кӯшиши Созмони Милали Муттаҳид робита дорад.

Тоҷикистонро мамлакати ҷавонон меноманд, чунки дар он аксари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин аз тарбия, касбомӯзӣ, бо кор таъмин кардани ҷавонон ва дуруст ҷо ба ҷо намудани кадрҳои лаёқатнок ояндаи ҷумҳурии соҳибистиқлол муайян мешавад.

Шумораи умумии шаҳрвандони то 30-солаи кишвар беш аз 5 миллиону 800 нафар, яъне 70 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад.

Барои ҷомаи амал пӯшидани масоили ҷавонон дар ҷумҳурӣ Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» (5 октябри соли 1998), «Консепсияи миллии тарбия» (3 марти соли 2006) қабул шудааст, ки дар он самтҳои асосии кор бо насли наврас муайян гардида- анд. Дар татбиқи ин барнома Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъба оид ба сиёсати ҷавонони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бевосита машғуланд.

Дар амалӣ гардондани барномаи ҷавонон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои сершумори насли наврас кӯшиш менамоянд. Баъд аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (23 майи соли 1998) шу- мораи созмонҳои ғайридавлатии ҷавонон хеле афзуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ иттиҳодияҳои зерин фаъолият мекунанд: Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, Фонди тарбияи эстетикӣ ва маънавии наврасон ва ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонӣ», Шӯрои ҷумҳуриявии олимон ва мутахассисони ҷавон, Ассотсиатсияи ҳуқуқдонҳои ҷавони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи донишҷӯёни тибби Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатии «Нидои дӯстон», «Фидокор», «Парастор», Маркази экологии ҷавонон, Хазинаи хайрияи «Сарпараст», Иттиҳодияи «Ҷомеа ва ҳуқуқи кӯдакон» ва ғайра баҳри татбиқи Созишномаи сулҳ, ризояти миллй, инчунин, ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат фаъолият карда, саҳми худро дар бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодию – иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мегузоранд.

Дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани савияи фарҳанги техникии ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин бора таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо шаҳодат медиҳад.

Аз соли 2013 ба ҳамаи кӯдакону наврасон ва донишҷӯёне, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонда мешавад.

Яке аз самтҳои татбиқи Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» самаранок истифода бурдани таҷрибаи муфиди кори тарбиявии насли наврас мебошад. Бо ин мақсад Шӯрои куҳансолони Ҷамъияти мутобиқати «Пайрав» дар назди Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, мунтазам масъалаҳои назариявӣ ва амалии ватандӯстии насли наврасро баррасӣ мекунад, тавсияҳои муфид пешниҳод карда, дар татбиқи онҳо кумак мерасонад.

Нақши ҷавонон инчунин, дар идораҳои давлатӣ меафзояд, ҳоло ҷавонони то 35-сола 7600 нафар ё 41,4 дарсади хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд ва зиёда аз 1200 нафари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол менамоянд.

Азбаски асри XXI асри прогресси техника ва технологияи пешқадам мебошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоёнро анҷом медиҳанд, таъсис ёфт.

Аммо кори тарбиявии байни ҷавонон нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам фоизи авбошӣ, дуздӣ ва нашъамандии насли наврас кам нашудааст. Хусусан, бекорӣ ва сатҳи пасти фарҳанги сиёсии ҷавонон ташвишовар мебошад.

Барномаи ҷумҳурӣ доир ба кори байни ҷавонон ҳамон вақт ҷомаи амал мепӯшад, ки агар ҳамаи шаҳрвандон, ҳизбу созмонҳо насли наврасро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намоянд.

Инчунин кобед

unnamed

Фалсафаи дин

Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида дар …