Алгоритмҳоро нисбат ба ҳамдигар ба алгоритмҳои асосӣ ва ёрирасон тақсим мекунанд. Тавре ки дар математика ҳангоми исботи теоремаи нав аз теоремаҳои исботшуда истифода мебаранд, дар ин ҷо низ дар вақти тартиб додани алгоритми нав аз алгоритмҳои пештартартибдодашуда истифода кардан мумкин аст. Барои ин, алгоритмҳои пешакӣ тартибдодашударо дар ҷойи махсус – хазинаи алгоритмҳо гирд меоранд ва ҳангоми сохтани алгоритмҳои нав аз онҳо истифода мебаранд.
Алгоритмҳоеро, ки Дар таркиби алгоритмҳои Дигар (асосӣ) истифоДа мешаванД, алгоритмҳои ёрирасон ё тобеъ мегӯянД. Барои муроҷиаткунӣ ба алгоритми ёрирасон ном, номгӯйи аргументҳо ва натиҷаҳои онро дар алгоритми асосӣ нишон додан зарур аст.
“” Мисоли 1: Алгоритми сохтани калимаи “ЧОР”-ро дида мебароем. Аввал барои сохтани ҳар як ҳарфи ин калима ва фосилаи байни онҳо алгоритмҳои алоҳидаро тартиб медиҳем (ҷадвали 1) ва баъд онҳоро дар як алгоритм (асосӣ) муттаҳид месозем. Алгоритмҳои 1, 3, 4 мувофиқан барои сохтани ҳарфҳои Ч, О, Р ва алгоритми 2 барои сохтани фосилаи байни ҳарфҳо пешбинӣ карда шудаанд.
Агар ҳамаи алгоритмҳои овардашударо ба сифати алгоритмҳои ёрирасон қабул намоем, он гоҳ алгоритми асосии сохтани калимаи “чор” намуди зеринро мегирад:
алг Сохтани калимаи ЧОР
ибт
- ҳарфи Ч
- фосила
- ҳарфи О
- фосила
- ҳарфи Р
инт
Ҷадвали 1
1. алг | ҳарфи Ч | 2. алг фосила | 3. алг ҳарфи О | 4. алг ҳарфи Р | ||
ибт | ибт | ибт | ибт | |||
■ расм накаш | ■ ра | см | ба пеш | ■ ба пеш | ||
■ ба пеш | накаш | (4) | (4) | |||
(2) | ■ ба | рост | ба рост | ■ ба рост | ||
■ расм каш | (90) | (90) | (90) | |||
■ ба пеш | ■ ба | пеш | ба пеш | ■ ба пеш | ||
(2) | (1) | (2) | (2) | |||
■ расм накаш | ■ ба | чап | ба рост | ■ ба рост | ||
■ ба қафо (2) | (90) | (90) | (90) | |||
■ ба рост (90) | ■ расм каш | ба пеш | ■ ба пеш | |||
■ расм каш | инт | (4) | (2) | |||
■ ба пеш (2) | ба рост | ■ ба рост | ||||
■ расм накаш | (90) | (90) | ||||
■ ба чап (90) | ба пеш | ■ ба пеш | ||||
■ ба пеш (2) | (2) | (2) | ||||
■ расм каш
■ ба қафо (4) |
инт | инт | ||||
инт | ||||||
Албатта мо метавонистем алгоритмҳои ёрирасони 1,2,3,4-ро пешакӣ тартиб надода, онҳоро якбора дар таркиби як алгоритм созем. Лекин дар ин ҳолат алгоритми 2-ро ду маротиба навиштан лозим меомад._______________________________________________
- Дохил намудани алгоритмҳои ёрирасон тартибдиҳии ва
санчиши алгоритми асосиро осон мегардонад.____________
- Истифодабарии алгоритмҳои ёрирасон имконият медиҳад, ки тасвири ҳалли масъала кутоҳтар баён карда шавад.
ПМисоли 2: Алгоритми пешакӣ тартибдодашудаи КАД-ро ба сифати алгоритми ёрирасон қабул менамоем ва алгоритми аз се адади додашудаи а, Ь ва с ёфтани адади калонтаринро месозем.
алг КАС (хак а, Ь, с, у) арг а, Ь, с
нат у ибт хак2
КАД (а, Ь, 2)
КАД (2, с, у)
инт
Чи хеле ки мебинем, дар алгоритми КАС ба алгоритми ёрирасони КАД ду маротиба муроҷиат карда шудааст. Дар мавриди якум аз байни ададҳои а ва Ь қимати калонтарин дарёфт ва ба тағйирёбандаи 2 бахшида мешавад. Дар ин ҷо 2 натиҷаи мобайнии алгоритм ба ҳисоб меравад. Дар мавриди дуюм бошад, аз байни ададҳои 2 ва с қимати калонтарин дарёфт ва ба тағйирёбандаи у бахшида мешавад, ки он натиҷаи ниҳоии алгоритм аст.
Саволҳо:
- Кадом алгоритмро алгоритми ёрирасон мегӯянд?
- Вазифаи хазинаи алгоритмҳо аз чӣ иборат аст?
- Чӣ тавр ба алгоритми ёрирасон муроҷиат мекунанд?
6 Супориш:
- Алгоритмҳои КАД ва КАС – ро истифода бурда, алгоритми аз чор адад ёфтани адади калонтаринро тартиб диҳед.
- Алгоритми кашидани росткунҷаи тарафҳояш 10 ва 15 воҳидро созед.
- Аз алгоритми дар мисоли 1 овардашуда истифода бурда, алгоритми сохтани калимаи «ЧОРПО» – ро тартиб диҳед.