Главная / Илм / Алюминий. Истеҳсоли алюминий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Алюминий. Истеҳсоли алюминий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҷадвали даврӣ алюминий таҳти рақами 13 дар гурӯҳчаи асосии гурӯҳи сеюм ҷойгир шудааст. Аломати химиявии он – А1. Массаи нисбии атомиаш 26,9815. Алюминий ба оилаи р-элементҳо мансуб аст (расми 60).

Чунон ки маълум мешавад, дар қабати берунаи электронии алюминий сето электрон ҳаст. Дар реаксияҳои химиявӣ А1 се электрон дода, ба иони +3 заряднок мубаддал мегардад. Дар ҳама пайвастагиҳои худ алюминий дараҷаи оксидшавии +3-ро зоҳир мекунад.
Муҳимтарини онҳо дар расми 63 дарҷ гардидаанд.Алюминийро ба роҳи электролизи омехтаи гудохтаи А12О3 бо криолит Аа.АИӯ дар ҳарорати 960-970°С истеҳсол мекунанд. Ок- сиди алюминий ба ионҳои А13+ ва А1О33 диссотсиатсия мешавад: дар анод – оксиген ва дар катод – алюминий ҷудо мешавад.

Ба сифати анод лавҳачаҳои ангишт ва ба сифати катоди зери ванна хизмат мекунанд.

Оксигени хориҷшаванда бо маводи анодй ба реаксия рафта, оксидҳои СО ва СО2 ҳосил мекунад (расми 64).

Бинобар ин, бо мурури вақт лавҳачаҳои ангиштӣ сӯхта тамом мешаванд ва онҳоро иваз карда меистанд.

Хосиятҳои физикавӣ. Алюминий металли сафеди нуқрагин, са- бук (зичиаш 2,7 г/см3), дар 660°С гудохта мешавад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …