Моҳи июни соли 1942 дар давраи ҶБВ (1941-1945) заводи зарфҳои шишаи назди комбинати консерваи шаҳри Ленинобод ба истифода дода шуд, ки иқтидори солонааш 200 000 адад (ба ҳисоби зарфҳои 0,5л) зарфҳои шиша- гин буд.
19 апрели соли 1999 заводи шишабарории шаҳри Хуҷанд бо қарори комиҷрояи Шӯрои вакилони халқии шаҳри Хуҷанд ба ҷамъияти саҳомии «Лаъл» табдил дода шуд. Иқтидорнокии солонаи ҷамъияти саҳомии «Лаъл» беш аз 2 млн. адад банкаи шартӣ мебошад.
Истеҳсоли семент. Чанд навъи семент маълум аст. Ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли порт-ланд-семент оҳаксанг ва гил ме- бошанд, ки дар таркибашон оксиди силитсий (IV) доранд. Ин моддаҳоро нағз маҳлут карда, омехтаи онҳоро дар кӯраҳои мои- ли устувоншакл (силиндр-шакл), ки дарозиашон беш аз 200 м ва қутрашон (диаметр) то 5 м аст, мепазанд (расми 53).
Дар раванди пухтан қӯра оҳиста чарх мезанад ва масолеҳи дар боло буда тадриҷан ба қисмати поини он ҳаракат мекунад. Маҳсули сӯзиши сӯзишвории тафсони газмонанд тадриҷан ба самти боло (принсипи зиддиҷараён) ҳаракат намуда, аз байни омехтагӣ мегузарад. Дар ҳарорати баланд байни гил ва оҳаксанг реаксияҳои мураккаби химиявӣ ба амал меоянд. Содатарини ин реаксияҳо беоб гардонидани каолинит, таҷзияи оҳаксанг ва ба вуҷуд омадани силикатҳо ва алюминатҳои калсий мебошанд:
А12О3.28Ю2 . 2Н2О 1 ® А12О3.28Ю2 + 2Н2О $;
СаСО3 —СаО + СО2 Т; СаО + 8Ю2 1 ® Са8Ю3.
Моддаҳои дар натиҷаи реаксияҳо ҳосилшуда дар шакли порчаҳои ҷудогона гудохта мешаванд. Пас аз сард шудан онҳоро кӯфта хока мекунанд.
Раванди сахт шудани хамираи семент чунин маънидод меша- вад, ки силикатҳо ва алюминатҳои мухталифи таркиби семент ба об таъсир карда ҷисми сангӣ ба вуҷуд меоранд. Вобаста ба тар- киб навъҳои гуногуни семент тайёр мекунанд (ниг. ба нақшаи 6).
Семент, бетон, дажғолбетон ва оҳанбетон масолеҳи бинокорӣ мебошанд.
Бетон омехтаи шағал ва рег бо семент аст. Дар натиҷаи бо дажғол (шлак) омехтани семент дажғолбетон (шлакобетон) ҳосил мекунанд. Агар дар байни бетон қабурғаҳои оҳанин гузошта шавад, иншоот боз ҳам мустаҳкам мегардад. Чунин масолеҳи бинокорӣ оҳанбетон ном дорад. Аз оҳанбетон иншооти сарбан- ди об, бомпӯш, сутуни биноҳои саноатӣ, биноҳои завод ва ғайра месозанд.
________________________________________________________
- Семент. 2. Шиша. 3. Шишаи моеъ.
- Маҳсулоти чинигӣ. Маҳсулоти кулолгарӣ.
?ш____________________
- Доир ба истеҳсоли шиша маълумот диҳед.
- Соҳаи истифодабарии семент ва навъҳои онро баён кунед.
- Муодилаи реаксияи истеҳсоли шиша ва сементро нависед.
- Оид ба заводи сементбарории шаҳри Душанбе накд кунед.