Главная / Илм / Ҳаракати «4-уми майи соли 1919».

Ҳаракати «4-уми майи соли 1919».

Моҳи майи соли 1919 дар Чин ҳаракати меҳанпарастон оғоз ёфт, ки сабаби он қарори Конференси- яи сулҳи Париж дар бораи музофоти Шандун буд. Олмон ин музофо- ти Чинро ҳанӯз охирҳои асри XIX ба мустамликаи худ табдил дода буд. Вале дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Шандун империализми Ҷопон мавқеи худро мустаҳкам кард. Баробари хотима ёфтани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ мардуми Чин умед дошт, ки соҳибихтиёрии Чин бар Шандун барқарор карда мешавад. Барои ин асоси боэътимод ҳам вучуд дошт.

Дар Ҷанги якуми чаҳонӣ Чин бар зидди Олмон мечангид. Вале ғайричашмдошт давлатҳои империалистии ИМА, Англия ва Фаронса Шандунро ба Ҷопон гузашт карданд.

Қарори Конференсияи сулҳи Париж дар бораи Шандун каҳру ғазаби бепоёни мардуми Чинро барангехт. 4 майи соли 1919 аввалин шуда донишчӯёни Пекин дар зери шиори «мубориза баҳри соҳибихтиёрии миллӣ» гирдиҳамойӣ ва намойиши эътирозӣ доир карданд. Ҷавонон тақозо карданд, ки хоинони миллат, ки Шандунро ба Ҷопон доданд, чазо дода шаванд. Ба намойишчиён табақаҳои дигари аҳолӣ низ ҳамроҳ шуданд. Ба муқобили иштирокчиёни намойиш аз қувваи пулис истифо- да бурда шуд. Ҷавобан ба ин 5 май донишчӯёни Пекин дарсшиканӣ кар- данд. Ба онҳо донишчӯёни Тянсзин, Шанхай ва шаҳрҳои дигар пайравӣ намуданд. Бо даъвати донишчӯён мардуми Чин аз харидани молҳои чопонӣ даст кашиданд.

Моҳи июн ҳаракати зиёиён ва донишчӯён боз ҳам вусъат ёфт. Ин вақт маркази ҳаракати зиддиимпериалистӣ шаҳри Шанхай гардид. Дар натичаи му- боризаи оммавӣ ҳукумати Чин мачбур шуд, ки ба халқ гузашт кунад. Баъ- зе мансабдорони чопонимаобро аз кор сабукдӯш кард, ба вакилони Чин фар- муд, ки ба қарори Конференсияи сулҳи Париж дар бораи ба Ҷопон додани Шан- дун имзо нагузоранд ва иштирокчиёни намойишҳои зиддиимпериалистии моҳи майро, ки зиндонӣ карда шуда буданд, озод кард.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …