- Мо, мувофиқи амр ва аз номи императори Ҷопон, ин лаҳза шартҳои ба- ённомаеро, ки 26-уми июл дар Потсдам аз тирафи сардорони ҳукуматҳои Иёло- ти Муттаҳида, Чин ва Британияи Кабир интишор гардид ва баъд ба он ИҶШС низ ҳамроҳ шуд, онҳое, ки сипас давлатҳои иттифоқчӣ номида мешаванд, қабул мекунем.
- Ҳамзамон мо дар бораи аз ҷониби давлатҳои иттифоқчӣ бечунучаро тас- лим гардидани ситоди кулли императории Ҷопон, тамоми неруҳои ҳарбии Ҷопон ва ҳамаи неруҳои ҳарбии зери назорати Ҷопонро эълон мекунем, сарфи назар аз он, ки дар куҷое мустақар набошанд.
- Ҳамзамон ба тамоми неруҳои ҳарбии Ҷопон, дар куҷое, ки набошанд ва ба халқи Ҷопон фармон медиҳем, ки амалиётҳои ҳарбиро қатъ кунанд. Ҳамаи киштиҳо, ҳавопаймоҳо ва лавозимоти ҳарбию шаҳрвандиро нигоҳ дошта, ба онҳо осеб нарасонанд, инчунин ҳамаи талабҳое, ки мумкин аст аз тарафи Фармондеҳии Олии давлатҳои иттифоқчӣ ё бо талаби он аз ҷониби мақомоти Ҳукумати Ҷопон ба миён меоянд, иҷро кунанд.
- Ҳамзамон мо ба ситоди кулли императори Ҷопон амр мекунем, ки ба фармондеҳони ҳамаи ҷузъу томҳои Ҷопон ва чузъу томҳое, ки дар зери назора- ти Ҷопонанд, дар ҳар куҷое ки набошанд, бечунучаро шахсан таслим шаванд, инчунин таслимшавии ҳамаи ҷузъу томҳои зери фармондеҳии онҳоро таъмин намоянд.
- Ҳамаи мансабдорони расмии шаҳрвандй, ҳарбӣ ва баҳрӣ бояд итоат ку- нанд ва ҳамаи амрҳо, фармонҳо ва нишондодҳое, ки Сарфармондеҳи Олии давлатҳои иттифоқчӣ барои таслимшавии мазкур зарур мешуморанд, иҷро на- моянд.
- Ҳамзамон, мо – уҳдадор мешавем, ки Ҳукумати Ҷопон ва ҷойгирони он сидқан ҳамаи шартҳои Баённомаи Потсдамро иҷро мекунанд ва икдоми амалие нахоҳанд кард…
- Ҳамзамон, ба ҳукумати императорӣ ва ситоди кулли императорӣ пешниҳод мекунем, ки бетаъхир ҳамаи асирони ҳарбӣ ва ашхоси шаҳрвандии зӯран рабу- дашударо, ки алҳол дар зери назорати ҷопонҳоянд, озод кунанд ва ҳифз, амни- ят ва ғамхорӣ дар ҳакки онҳо, инчунин ба ҷойҳои таъйиншуда бурда расондани онҳоро таъмин намоянд.
- Ҳокимияти император ва Ҳукумати Ҷопон барои идораи давлат ба Сарфармондеҳии Олии давлатҳои иттифокчӣ тобеъ карда мешавад. Ӯ чунин чораҳое меандешад, ки барои иҷрои ин шартҳои таслимкунӣ зарур мешуморад.
Савол ва супориш
1.То соли 1945 Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз Ҷопон кадом ҷазираҳои Уқёнуси Ором- ро кашида гирифт? 2. Неруҳои ҳарбии Ҷопон дар арафаи ба мукобили он ҷанг эълон кар- дани Иттиҳоди Шӯравӣ чй кадар буданд? 3. Иттифокчиён масъалаи бо Ҷопон ҷанг эълон кардани Иттиҳоди Шӯравиро дар кадом конференсияи се давлати бузург баррасӣ карда бу- данд? 4. Кай ба шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Ҷопон бомбаҳои ҳастаии ИМА партофта шуданд ва дар натиҷаи ин чанд нафар одам ҳалок гардид, чӣ кадари дигар захм бардоштанд ва ё ба шуои ҳастаӣ гирифтор шуданд? 5. Артиши Ҷопон чӣ ном дошт ва дар куҷо мустакар буд? 6. Ҷанг бо Ҷопон чӣ кадар давом кард ва он кай таслим шуд? 7. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кай оғоз ёфта буд ва кай ба итмом расид? 8. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чанд давлат ва чӣ кадар низомиён иштирок карданд? 9. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чӣ кадар одамон ҳалок ва маъюб шуданд? 10. Хароҷоти молиявии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чӣ кадар буд? 11. Аҳаммияти ғалаба бар иттиҳоди давлатҳои фашистиро муайян кунед. 12. Аз мавзӯъ хулоса бароред.