Главная / Илм / Асосҳои интихоби касб

Асосҳои интихоби касб

ПЕШГУФТОР

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бе халал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад, чун аз ниҳоли навбар аст.

Абдурраҳмони Ҷомӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти касбиро ба сифати яке аз ҷузъҳои муҳимми низоми маориф арзёбӣ ме- кунад, ки он иқтисодиёти миллиро бо мутахассисони ба- ландихтисоси коргарӣ таъмин карда, дар рушди иҷтимо- ию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандони он саҳми арзанда мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Пре- зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид кардаанд: «Дар хо- тир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақо- ми арзандаи худро пайдо кунад».

snimok12

Омода кардани кадрҳои коргарӣ масъалаи муҳим буда, заминаҳои он аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз меша- вад. Наврасону ҷавонон бояд донанд, ки дар дунё беш аз 50 ҳазор намуди касб мавҷуд аст. Баробари тараққиёти босуръ- ати илму техника, иқтисоди бозаргонӣ, талаботи бозори кор ва пешравии ҷомеа намудҳои касб рӯз аз рӯз зиёд шуда, касбҳои нав ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат ба миён меоянд. Оё интихоби касб дар байни ҷавонон аз рӯйи хоҳиш ва қобилияташон ба роҳ монда шудааст? Оё ҷавонон худ малакаву қобилияти интихоби дурусти касбро доранд? Ба- рои ба ин саволҳо ҷавоб пайдо кардан муҳим аст, ки аз ово- ни наврасӣ дар бораи касбу ҳунар маълумот пайдо кунем. Зеро интихоби касб масъалаи муҳим ва зарури ҳаётӣ буда, зери назорат ва тавсияҳои омӯзгорон ва калонсолон рушд меёбад. Маҳз омӯзгор метавонад майлу хоҳиш, қобилият ва шавқу ҳаваси хонандаро ба инобат гирифта, дар қалби ӯ нисбати касби дӯстдоштааш меҳру муҳаббатро бедор кунад. Бо ин мақсад бояд дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гӯшаҳои интихоби касб бо унвони «Ҳамаи касбҳо хубанд», «Касби ман – ифтихори ман», «Кӣ шудан мехоҳӣ?» ва ғайра ташкил карда, бо кормандони соҳаҳои гуногун мунтазам вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шавад.

Ҷавонон дар интихоби касб ба иштибоҳу шитобкорӣ бояд роҳ надиҳанд. Онҳо касберо интихоб кунанд, ки ба до- ниш, шавқу рағбат ва маҳораташон мувофиқ бошад.

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани машварати касбӣ дар байни наврасону ҷавонон Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки китоби таълимии «Итихоби касбу ҳунар»-ро барои дарсҳои тарбиявии хонандагони синфҳои 10 -11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси таҳлили вазъи бозо- ри кор омода кунад, зеро пешравии илму техника, рушди бе- майлони муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ тарзу усулҳои нави корбарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори кор (меҳнат)-ро талаб мекунад. Имрӯз бозори кор ба кадрҳои тахассусӣ ба- рои истеҳсолот бештар ниёз дорад. Ба роҳ мондани омӯзиши касбҳои гуногун дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ тибқи талаботи бозори меҳнат мувофиқи мақ- сад аст. Дар ҷумҳурӣ ҷавонони боҳунари худомӯз бисёранд, вале маълумот ва шаҳодатномаи касбӣ надоранд ва дар бо- зори кор низ ниёз ба ин ашхос нест. Аз ин рӯ, гирифтани маълумоти тахассусӣ дар пешбурди фаъолияти кории шумо нақши калон дорад.

Дар айни замон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, ка- бинетҳои таълимӣ, инчунин омода кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меанде- шад, яъне наврасону ҷавонони болаёқат метавонанд, ки дар корҳои илмию тадқиқотӣ шуғл варзида, ҳаёти худро ба корҳои илмию омӯзишии соҳаҳои мухталиф равона созанд.

Умед дорем, ки ин дастури таълимӣ ба шумо бо ёрии омӯзгорон, падару модар ва калонсолон дар интихоби касб ва тахассусатон кумак мерасонад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …