Қонунгузории бонкй сохаи конунгузории Чумхурии Тоҷикисгон аст, ки аз низоми санадхои конунгузорй ва меъёрии танзими фаъолияти бонкй иборат аст. Асоси конунгузории бонкии ҶТ-ро Қонун «Дар бораи БМТ» ва Конун «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти Т* бонкй» ташкил медиҳанд.
Мафхуми Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»-ро шарҳ диҳед
Қонун «Дар бораи БМТ» макоми ҳукукии БМТ, усулҳои ташкили он, вазифаҳои асосй, ҳамкорй бо макомоти ҳокимияти давлатй, максад ва воситаҳои асосии сиёсати пулию карзй, усулу тарзҳои танзиму назорати бонкй, тартиби таҷдиди сохтор ва барҳам додани ташкилотҳои карзй, ташкили гардиши пул ҳисоббаробарй ва дигар вазифаю ваколатҳои БМТ-ро муайян мекунад.
Мафҳуми Қонун «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкшьро шарҳ диҳед
Дар Қонун «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкй» мафҳуми бонк ва ташкилотҳои молиявии гайрибонкй, ҳамчунин низоми БМТ, феҳристи амалиёти бонкй, усулҳои муносибати мутакобилаи бонкҳо бо муштариён ва давлат, тартиби ташкили бонк, бакайдгирй ва иҷозатномадиҳй барои фаъолияти он (аз ҷумла бонкҳо бо иштироки сармояи ҳориҷй), асос барои бозҳонди иҷозатномаи анҷом додани амалиёти бонкй, мафҳуми «сирри бонкй», усулҳои ҳисобдорй ва ҳисоботдиҳй, тартиби тафтиши аудиторй мукаррар карда шудааст.