Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи ҳамин қонунро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҷавобгарӣ мутобиқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвай- ронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сархати чору- ми моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар қонунҳои соҳавии мақомоти давлатӣ татбиқ мешавад. Бояд ба инобат гирифт, ки мод- даи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгариро ба тариқи умумӣ нисбат ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим муайян кардааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як амале, ки аз талаботи қонуни мазкур бармеояд ва он тарзи риояи хоси худро дошта, ченаки ҳуқуқӣ ҳисобида мешавад, дар сурати риоя нагаштан оқибати ҳуқуқиро дар шакли ҷавоб- гарӣ тақозо мекунад.
Ҷавобгарӣ асосан ду намуд муайян шудааст – ҷарима ва аз кор озод намудан. Ҷарима барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ се навъ муайян шудааст: барои шахсони воқеӣ ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои шахсони мансабдор дар ҳаҷми 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда мешавад.
Инчунин мувофиқи қисми 2 моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис- тон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда ме- шавад.
Мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои вайрон наму- дани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷи- кистон» ва баланд бардоштани миқдори ҷарима барои шах- сони мансабдор аз 250 нишондиҳанда ба 500 нишондиҳанда, барои шахсони ҳуқуқӣ аз 500 нишондиҳанда ба 700 ни- шондиҳанда, инчунин муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин ба андозаи 700 нишондиҳанда барои риояи дақиқу якхелаи қонун, ҳам- чун чораи пешгирӣ ворид кардада шуд.
Барои шахсони мансабдор ҷавобгарии интизомӣ, яъне аз кор озод намудан пешбинӣ шудааст. Дар қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим мафҳуми васеи шахси мансабдор дода шудааст.
Тибқи қисми 2 моддаи 15 қонун аъзои Ҳукумат, раисо- ни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақо- моти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давла- тии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Тағйироти ба қисми 2 моддаи 15 воридгардида барои барҳам додани риоя нагардидани талаботи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби шахсони мансабдор, кормандони мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни дав- лати ва ҳарбӣ, ҳамзамон аз ҷониби фарзандони онҳо мебо- шад, ки то ворид гардидани тағйиру иловаҳо ҳолати мазкур нигаронкунанда буд.
Илова бар ин дар қонунгузории соҳавии сохторҳои ном- бурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии интизомиро барои шахси мансабдори зерин ба таври зайл муқаррар карда шудааст:
- нисбат ба судяҳои Суди конститутсионӣ мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014;
- нисбат ба судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014;
- нисбат ба кормандони Хадамоти гумрук мутобиқи қисми 1 моддаи 488 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004;
- нисбат ба кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (колонияҳои ислоҳи меҳнатӣ) мутобиқи қисми 9 моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» аз 15 июли соли 2004;
- нисбат ба кормандони ҳарбӣ мутобиқи банди «е» қисми 1 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо- раи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 но- ябри соли 2000;
- нисбат ба кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳу- рии Тоҷикистон мутобиқи қисми 2 моддаи 16 Қонуни конс- титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июли соли 2005;
- нисбат ба кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 11 моддаи 19 Қону- ни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз 17 майи соли 2004.
Дар сурати аз ҷониби шахси мансабдор вайрон гардида- ни қонун комиссия маводро доир ба ҳуқуқвайронкунӣ ҷамъ мекунад ва ба мақомоте, ки шахси мансабдор он ҷо кор ме- кунад, равон менамояд, роҳбарият ӯро аз кор озод мекунад.
Ҳамзамон тибқи тағйиру иловаҳои нав ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон, барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарӣ муқар- рар карда шуд, ки мувофиқи санксияи қисми 3 он ба шахсо- ни воқеӣ ба андозаи 600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Мақсади тағйироти мазкур дар он аст, ки дар вақтҳои охир аз ҷониби шаҳрвандон дағалона ва такроран вайрон кардани талаботи қонун, барои шахсони алоҳида ночиз бу- дани ҷарима ва пешбини нагардидани ҷавобгарӣ барои так- роран риоя нагардидани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим, боиси қонуншиканиҳои зиёд гардида буд.