АВТОМОБИЛ, ТРАКТОР,
ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ РӮЙИЗАМИНӢ,
НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН, ҲАВОӢ, ОБӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри кӯҳсор буда, 93 дарсади онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ташаккули инфра- сохтори нақлиётӣ муҳим буда, омили асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Ба ҷумҳурӣ тавассути роҳҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва хориҷаи дуру наздик мол ва таҷҳизоти ниёзи мардум бо воситаҳои нақлиёти боркашон оварда мешавад. Дар солҳои истиқлолият масъалаи таҷдиду бунёд ва ба истифода супоридани роҳҳои мошингард рушд ёфта, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуд.
Азнавсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Турсунзо- да, шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент, шоҳроҳи Душанбе – Лахш – марзи Қирғизистон, роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг, роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа аз ҷумлаи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебо- шад. Роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Кулма ҷавобгӯ ба сатҳи байналмилалӣ буда, мав- риди истифодаи аҳолӣ қарор дода шудааст. Роҳҳо имконият медиҳанд, ки ҷумҳурӣ пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуда, дар ҳама мавсимҳои сол робита ба гӯшаҳои дурдасти кишвар барқарор карда шавад.
Барои рушди босуръати сохтмони роҳҳо мутахассисони касбии ватанӣ лозиманд. Меҳри касби роҳсозӣ асосан дар раванди таълим ва шиносоӣ бо нозукиҳои касб, тавассу- ти машварату маълумот пайдо мешавад. Барои роҳсозон, муҳандисони роҳсоз донишҳои амиқи математикӣ, физики- ву химиявӣ ва табиатшиносӣ муҳим аст.