Главная / Илм / Бакайдгирии тамғаи молӣ, нашри маълумот дар бораи он ва додани шаҳодатномаи тамғаи молӣ

Бакайдгирии тамғаи молӣ, нашри маълумот дар бораи он ва додани шаҳодатномаи тамғаи молӣ

Идораи патентии ҶТ дар асоси қарор оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ дар даво- ми 1 моҳи пас аз санаи гирифтани ҳуҷҷат оид ба ворид гар- дидани пардохти ҳатмии муқарраршуда бақайдгирии тамғаи молиро дар Феҳристи давлатии тамғаҳои молии ҶТ анҷом медиҳад. Маълумот дар бораи бақайдгирии тамғаи молие, ки ба Феҳрист ворид карда шудааст, аз ҷониби Идораи па- тентӣ бетаъхир пас аз дар Феҳрист қайд гардидани тамғаи молӣ, дар хабарномаи расмӣ интишор карда мешавад. До- дани шаҳодатномаи тамғаи молӣ аз ҷониби Идораи патен- тии ҶТ дар давоми 1 моҳи пас аз санаи бақайдгирии тамғаи молӣ дар Феҳрист сурат мегирад.

Шаҳодатнома аввалияти тамғаи молӣ ва ҳуқуқи истис- ноиро ба тамғаи молӣ нисбат ба молҳои дар шаҳодатнома зикргардида, тасдиқ менамояд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …