Баландӣ аз сатҳи баҳр ҳам омили географии иқлим ба шумор меравад. Фишори атмосферавӣ ва ҳарорат бо баландӣ паст мешавад. Рӯшноии офтоб ва шиддатнокии он баланд шуда, суръати шамол самти худро хеле мураккаб тағйир медиҳад.
Дар баландӣ ин тағйирёбиҳо метавонанд шиддатнок ё ки муътадил бошанд. Бо баландӣ шиддатнокии абрнокӣ ва боришот метавонанд баланд шавад ва дар баландиҳои бештар бошад, метавонанд кам шаванд. Барои ҳамин дар ҳар як ноҳияи кӯҳй шароити иқлим метавонад вобаста ба баландӣ фарқ кунад. Тағйирёбиҳо бо баландӣ назар ба тағйирёбиҳои иқлимии арзҳо метавонанд хеле бештар бошанд.