Главная / Илм / Барасмиятдарории ҳуқуқ ба номи маҳалли истеҳсоли мол

Барасмиятдарории ҳуқуқ ба номи маҳалли истеҳсоли мол

Барасмиятдарории ҳуқуқ ба номи маҳалли истеҳсоли мол мисли барасмиятдарории ҳуқуқ ба тамғаи молӣ дар Идораи патентии ҶТ сурат мегирад. Раванди барасмиятда- рории ҳуқуқ ба номи маҳалли истеҳсоли мол мураккаб буда, се марҳилаи зеринро дар бар мегирад:

1). Таҳияи дархост ва пешниҳоди он. Дархост ба мақо- моти ваколатдор аз ҷониби шахси воқеӣ ва шахси ҳуқуқӣ бевосита ё тавассути намояндаи патентӣ пешниҳод карда ме- шавад. Шахсони воқеие, ки ба таври доимӣ берун аз қалам- рави ҶТ истиқомат доранд ва шахсони ҳуқуқии хоричӣ ё намояндагони онҳо бо мақомоти ваколатдор ба воситаи намояндагони патентӣ, ки ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти намояндаи патентиро тибқи қонунгузории ҶТ соҳиб шудаанд ва ваколаташон бо ваколатнома тасдиқ гар- дидааст, пеш мебаранд.

Дархост бояд инҳоро дар бар гирад: ариза дар бораи ба- қайдгирӣ ва гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли ис- теҳсоли мол ё дар бораи гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи қаблан бақайдгирифташудаи маҳалли истеҳсоли мол бо ни- шон додани номи дархостдиҳанда (дархостдиҳандагон) ва ин- чунин макони ҷойгиршавӣ ё макони зисти ӯ (онҳо); аломати арзшаванда; ишораи моле, ки нисбат ба он бақайдгирӣ ва ги- рифтани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол ё ги- рифтани ҳуқуқи истифодаи номи қаблан бақайдгирифташу- даи маҳалли истеҳсоли мол дархост карда мешавад; ишораи ҷои истеҳсоли мол (ҳудудҳои объекти ҷуғрофӣ); тавсифи хо- сиятҳои махсуси мол. Дархост ба забони давлатӣ пешниҳод карда мешавад.

Агар объекти ҷуғрофие, ки номи он ба сифати номи ма- ҳалли истеҳсоли мол арз шудааст, дар қаламрави ҶТ воқеъ бошад, ба дархост хулосаи мақомоти салоҳиятдор дар бораи он, ки дар ҳудуди объекти ҷуғрофии ишорашуда дархостди- ҳанда молеро истеҳсол менамояд, ки хосиятҳои махсуси он- ро, шароити табиӣ ва (ё) омилҳои инсонии хоси маҳз ҳамин объекти ҷуғрофӣ муайян менамоянд, замима карда мешавад.

Агар объекти ҷуғрофие, ки номи он ба сифати номи ма- ҳалли истеҳсоли мол зикр шудааст, берун аз ҳудуди ҶТ во- қеъ бошад, ба дархост ҳуҷҷате замима мешавад, ки ҳуқуқи дархостдиҳандаро ба номи зикршудаи маҳалли истеҳсоли мол дар мамлакати баромади мол, тасдиқ менамояд.

  • . Экспертизаи дархост. Экспертизаи дархост дар ду зи- на амалй карда мешавад: экспертизаи расмӣ; экспертизаи аломати арзшуда.

Экспертизаи расмии дархост дар давоми 2 моҳ, пас аз санаи пешниҳоди он ба мақомоти ваколатдор гузаронида мешавад. Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмӣ мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин мувофиқати онҳо ба талаботи муқарраргардида тафтиш карда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи расмӣ қарор дар бораи ба бар- расӣ қабул шудан ё ба баррасӣ қабул нашудани дархост ба- роварда мешавад. Аз рӯи дархости ба баррасӣ қабулшуда, экспертизаи аломати арзшуда аз назари мувофиқати он ба талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» гуза- ронида мешавад. Дар ҷараёни экспертизаи аломати арзшуда, инчунин асоснок будани ишораи ҷои истеҳсоли мол дар қаламрави миллӣ тафтиш карда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои экспертиза мақомоти ваколатдор дар бораи бақайдгирӣ ё рад шудани бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол ва додани ҳуқуқи истифодаи он ё дар бораи додан ё надодани ҳуқуқ истифодаи номи қаблан бақдйдгирифташудаи маҳал- ли истеҳсоли мол, қарор қабул менамояд.

  • . Бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол, нашри маълумот ва додани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи он. Дар асоси қароре, ки аз рӯи натиҷаҳои экспертиза қабул шудааст, мақомоти ваколатдор номи маҳалли истеҳсоли молро дар Феҳристи давлатии номҳои маҳалли истеҳсоли мол ба қайд мегирад. Маълумотро доир ба бақайдгирӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол, ки ба Феҳрист ворид карда шудааст, ба истиснои маълумоте, ки тавсифи хосиятҳои махсуси молро дар бар мегирад, мақомо- ти ваколатдор бе таъхир, пас аз воридкунии ин маълумот ба Феҳрист дар хабарномаи расмӣ интишор менамояд.

Мақомоти ваколатдор шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли молро дар давоми 1 моҳи пас аз ги- рифтани ҳуҷҷат оид ба ворид гардидани пардохти ҳатмии дахлдор медиҳад ва ба Феҳрист маълумотро оид ба доран- даи шаҳодатнома ворид менамояд. Шаҳодатнома дар тули 10 соли пас аз санаи пешниҳоди дархост ба мақомоти вако- латдор эътибор дорад. Муҳлати эътибори шаҳодатномаро тибқи аризаи дорандаи шаҳодатнома дар сурати аз ҷониби ӯ пешниҳод гардидани хулосаи мақомоти салоҳиятдор дароз кардан мумкин аст. Муҳлати эътибори шаҳодатнома ҳар дафъа ба муддати 10 сол дароз карда мешавад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …