БАРНОМАИ СОЛОНА
- Барои шумо барномаи солона пешниҳод мегардад , ки он аз 8 мачмуъ иборат аст ва мо ин мачмӯъро хамчун намуна пешкаш намудем. Ҳар як мачмуъ барои якуним мох ва иҷрояш хафтавист. Дар он машкхои акробатӣ, мувозӣ ва варзиши баитӣ, машкхо барои мӯвозинад ва ғайра пешкаш шудаанд.
- Машқҳо тадричан аз одӣ ба мураккаб мегузаранд. Ҳамин усули аз одӣ ба мураккаб дар мачмуи машкҳо низ нигоҳ дошта мешавад.
- Ҳар як мачмуи машкҳо самти худро доранд: неруй, тобоварй, чусту чолокй ва гайра. Бисёр машкҳоро мо аз мавкеи ҳаракатҳои мавзунии имруза (диско, брейк-ракс) баён мекунем. Кушиш намоед, ки машкҳо мавзун, аник, бо комати рост ва ҳаракатҳои дилпазир ичро шаванд. Дар ичрои машкдо расмҳо ба шумо кумак мерасонанд. Аввал ҳар як машкро 4-6 маротиба ичро кунед.
- Шояд дар аввал шумо ҳамаи машкҳои мачмуъро ичро карда ната- вонед. Аз ичрои машкҳои душвортарин даст кашед. Тадричан шумораи такрори машкдоро то 10-12 маротиба ва дар синфи XI то 16-32 маротиба расонед.
- Дар вакти ичрои машкҳо нафасгириро катъ накунед. Машкҳоеро, ки неруи зиёд ё суръати баландро талаб мекунанд, бо машкҳои нафасгирй иваз намоед. Задани набзи ҳудро дар ҳолати оромй, баъди машк ва баъди ичрои мачмуъ мувофики тавсияҳои дар дарсҳои тарбияи чисмонй до- дашуда ба кайд гиред.
- Мачмуи машкҳои дар зер овардашударо зери оҳанги мусикй ичро кардан ба максад мувофик аст:
- Маҷмуи 1 (бе истифодаи ашё расмҳои 23-24)
- Ҳолати аввала дастон болои cap бо ҳам дар печанд, оринчҳо ба ҳар ду тараф: а) ба нуги пой рост шавед, дастонро бо гардиши кафи даст ба боло бардоред; б) вакти ба нуги пой рост шудан нафас кашед, вакти ба пой истодан нафас бароред.
- Ҳолати аввала-исти асосй: а) дастон ба пеш; б) дастон ба ду тараф: в) дастон ба боло; г) ҳолати аввала.
- Ҳолати аввала – дастон болои китф (оринчатонро аз тан чудо накунед), панчаҳо мушт карда шудаанд: а) нимнишаст, дастон ба боло, панчаҳо кушода; б) ҳолати аввала; г) нимнишаст, дастон ба ду тараф; д) ҳолати аввала.
- Ҳолати аввала-исти асосӣ. дастон дар сандуки сина, кафи даст ба дарун: а) ба поӣи чап нимнишаста, поӣи ростро бо ҳаракатҳои ёзанда ба як тараф ба нуги поӣ, дастон ба тарафҳо, кафи даст ба пеш; б) ҳолати аввала; в-г) ҳамон ҳаракатҳо ба тарафи дигар бо поӣи дигар.
расми 23
- Ҳангоми иҷрои ин ҳаракат кушиш намоед, ки бадан каме алвонҷ хурад.
- Ҳолати аввала-исти асосй, дастон дар миён: а) ба пеш хам шавед (тахтапушт рост); б) хамшавй ба пахлу; в) хамшавй ба кафо; г) хамшавй ба тарафи дигар. Ҳдмон харакатхо дар пайдарпаи аз охир такрор меша- ванд. Дар хотир дошта бошед, ки пойхо дар вакти ичрои машкхо хамеша рост мебошанд. Ба тарафи дигар бо пои дигар.
- Ҳолати аввала-исти асосй: а) нимнишаст, дастонро аз ду тараф ба боло бардоред (комат рост бошад, дастон дароз карда шуда, зонухо харду якчо); б) холати аввала.
Расми 24
- Ҳолати аввала – пойҳо бо дам печидаанд, дастон дар миён. Ҷаҳиш бо ду пойи дар ҳаво ивазшаванда. Ҳангоми парвоз бадан ва пойҳо рост.
- Ҳолати аввала – дар фарш нишаста, дастон дар миён: a-в) хамшавии чандирй ба пеш бо расидани дастон ба кафхои пой; г) холати аввала.
- Ҳолати аввала – нишасти такягохй, пойхо кдт карда шудаанд: а-б) кос ва тахтапуштро бардоред (ин холатро нигох доред); в-г) холати аввала, ором шавед.
- Ҳолати аввала – нишасти такягохй: а-б) нишасти кунчй; в-г) холати аввала.
- Ҳолати аввала – ба тахтапушт хобида, дастон ба ду тараф бо кафхо ба поён, пойхо дар зону қат шуда, ба боло бардошта шудаанд (зонухо якчоя. нуги пой ба пеш кашидашуда): а) пойхои катшударо ба як тараф то фарш поён фароред (китф ва дастонро аз фарш чудо накунед; б) холати аввала, хамин машкро ба тарафи дигар ичро намоед.
- Ҳолати аввала – ба тахтапушт хобида, пойхоро кат намоед, • кафҳои пойҳо дар руи фарш дар васегии китф. дастон пушти cap: a) cap ва китфхоро бардоред; б) ҳолати аввала.
- Ҳолати аввала – ба тахтапушт хобида, пойхоро дар васегии китфхо кат намоед, кафи пойхо ба руи фарш, дастон дар ду пахлу: а) косро бардоред (мушакхои суринро таранг кунед); б) холати аввала.
- Ҳолати аввала – такя ба пои рости нишаста. пойи чап ба як тараф. Бо чахиш пойхоро иваз намоед Дар ин машк такягохй асосй дастонанд, пойхоро руи фарш кашола накунед.
- Ҳолати аввала-исти асосй, дастон ба боло, кафҳои даст ба пеш: а) пои ростро ба пеш-боло хаво додан, дастон камоншакл ба поён ва кафо; б) холати аввала; в-г) хамон ҳаракатхо бо пойи дигар (пойхоро кат накунед).
- Ҳолати аввала-исти асосй; а) дастон ба боло панчахоро озод доред («афтонед»); б) бозувонро «афтонед», панчахои даст ба китфхо гузошта шудаанд; в-г) дастонро бо андаке ба пеш хам кардан «афтонед»; д-ж) охиста-охиста дастонро аз тарафхо боло бардошта. ба холати аввала баргардед.
- Маҷмӯи 2 (варзиши мавзун – расмҳои 25-27)
- Дар маҷмӯи мазкур барои шумо машқҳои одй пешкаш мешаванд. Онҳоро зери оҳанги мусиқй беист такрор кунед.
- Гаштан дар ҷой бо баланд бардоштани ронҳо.
- Кадамгузорй бо ҷаҳиш дар ҷой.
- Ҳолати аввала – дастонро ба китфон бардошта, панҷаҳоро мушт кунед. а) пойи ростро ба пеш ба нуги пой кат намоед, дастон боло бар- дошта шудаанд, кафҳои даст ба пеш. панҷаҳо аз ҳам ҷудо; б) ҳолати аввала; в) пойи ҷапро ба пеш ба нуги пой кат намоед, дастон ба ду тараф. панҷаҳо аз ҳам ҷудо; г) ҳолати аввала, кушиш намоед, ки пойи такягоҳиро кат нанамоед.
- Ҳолати аввала – дастон ба ду тараф. бозувон боло, кафи даст ба пеш; а) бо пойи рост як кадам ба тарафи рост, бозувон афтода, кафи дастон ба кафо; б) пойи ҷап ба пойи рост гузошта шуда, дастон дар ҳолати аввала; в-г) такрори а-б; д-з) ба мисли а-г. вале ба дигар тараф. Бозувонро поён карда якбора боло бардоред.
- Ҳолати аввала – пойҳо ба ду тараф, дастон дар миён; а) бо гардиш баданро ба тарафи рост тоб диҳед, ба ҳар ду пой нимнишаст, дасти ҷап ба руи сандуки сина кат шуда, ба пеш бо панҷаи ба боло рост мешавад; б) ҳолати аввала; в) такрори а-б, вале ба тарафи дигар.
- Ҳолати аввала – дастон ба руи китфҳо. панҷаҳо – мушт: а) ним- нишаста дасти ростро боло бардоред; б) ҳолати аввала; в) нимнишаста дасти ҷапро боло бардоред; г) ҳолати аввала; д) нимнишаста ба тарафи рост ҳам шавед, дастонро боло бардоред; е) ҳолати аввала; ж) ба мисли д. вале ҳамшавй ба ҷап; з) ҳолати аввала.
- Дав дар ҷой, ба пеш, ба кафо, ба рост ва ба ҷап бо баланд бар- доштани ронҳо. Давиданро аз 30 сония cap карда, тадриҷан онро то ба 2-2,5 дакика расонед.
- Ҳолати аввала – пойҳо ба ду тараф, дастон дар миён: а) пойи ро- стро кат ва сарро ба тарафи китфи рост ҳам кунед; б) пойи ҷапро кат ва сарро ба тарафи кафо ҳам кунед; в) пойи ростро рост намуда, сарро ба китфи ҷап ҳам намоед; д) пойи ҷапро рост намуда, сарро ба пеш ҳам намоед. Бо ҳаракатҳои доирашакл сарро ба ҳолати аввала оред.
- Ҳолати аввала – пойҳо аз ҳам ҷудо, дастон ба ду тараф: а) пойи ҷапро андаке қат намуда, косро ба тарафи рост гардонед, дасти ростро
Расми 25
Расми 26
- қат намоед (бо оринҷи дасти рост ба рон расед); б) ҳолати аввала; в) ба мисли а. вале бо дасти дигар ва ба тарафи муқобил; д) ҳолати аввала.
- Ҳолати аввала-исти асосй: а) ба пойи чап нимнишаста. пойи ро- стро бо ҳаракати лагжанда ба суи дигар ба нуги пой баред. дасти чапро ба бадан соиш дода боло бардоред, то охир қат қунед (оринҷ ба яқ су, кафи даст ба руи бадан), ба тарафи рост ҳам шавед; б) дасти ҷапро рост қарда, дасти ростро қат қарда истода, пойи ростро ба нугаш гузоред ва ба пойи чап ҷафс намоед, ҳолати дастонро тагйир диҳед; в) ба мисли а бо тагйир додани ҳолатҳои дастон; д) ҳолати аввала; е-з). ба мисли а-г, вале аз пойи дигар ва ба суи дигар.
- Ҳолати аввала – пойҳо ба ду тараф. дастон дар миён: а) пойи ростро қат қарда. вазни баданро ба он гузаронед, бо китфи ҷап ба суи фарш ҳам шавед; б) ба мисли а. вале ба суи дигар.
- Ҳолати аввала – пойҳо аз ҳам ҷудо: а) ба тарафи ҷап тоб ҳурда ба пойи рост нимнишаст қунед, ба пойи чап хам шавед, бо дастон зонуҳоро доред; б) ҳолати аввала, ҳамин амал ба суи дигар.
Расми 27
- Ҳолати аввала – охтан ба тарафи чап, дастон рӯи фарш: а) пойро рост намуда истода, болои cap бо дастон қдрсак занед; б) холати аввала, хамин амал ба сӯи дигар.
- Ҳолати аввала – нишаст: а-г) бо навбат дастонро иваз карда, ба руи фарш дароз кашед; д-з) бо харакати баръакс ба холати аввала бар- гардед.
- Ҳолати аввала – ба пойи чап нишинед, пои рост ба кафо ба нӯги пой: а) пойи ростро ба пойи чап гузошта муттакои нишаст; б) холати аввала, пойи рост ба кафо ба нӯги пой; в-г) ба мисли а-б.
- Ҳолати аввала – ба зону истода, дастонро ба хар ду тараф равона намоед: а) такя ба рони рост, дастон ба тарафи чап; б) бо як афшондан баргардед ба холати аввала; в) ба мисли а, вале аз рони чап; г) холати аввала.
- Ҳолати аввала – ба пошнаи пой бо хамшавй ба пеш нишастан, дастон ба рӯи фарш: а-б) дастонро кат карда, бо навбат ба кафаси сина, шикам, ронхо ба фарш расед ва рӯи ронхо дароз кашед; в-г) ба холати аввала баргардед.
- Ҳолати аввала – хамон: а) ба зонуи пойи рост истода, пойи чапро ба кафо баред; б) ҳолати аввала; в) бо зонуи чап истода пойи ростро ба кафо баред; г) холати аввала. Ҳднгоми ичрои ин машк, пойро қат накунед.
- Ҳолати аввала – ба пошнаи пой нишаста cap хам, дастон ва тах- тапушт ором мебошанд: а-б) ба зону рост шуда истода, дастонро ба боло бардоред, нафас гиред; в-г) оҳиста ба холати аввала баргардед, нафас бароред.