Мавқеи географии Белорус чӣ гуна аст? Шароит ва сарватҳои табиӣ ба рушди хоҷагии он чӣ таъсир мерасонанд? Белорус бо Тоҷикистон чӣ гуна муносибатҳои иқтисодию фарҳангӣ дорад?
Белорус дар қисми ғарбии ҳамвории Рус, дар миёнаоби дарёҳои Днепр ва Двинаи Ғарбӣ, болооби дарёҳои Неман ва Буг ҷойгир шудааст.
Қаламрави Белорусро асосан ҳамворӣ ташкил медиҳад. Қисми зиёди ҳудуди онро ботлоқзор ва дарёчаҳо иҳота кардаанд, ки аз ҳамдигар ба воситаи теппаю пуштакӯҳҳо ҷудо мешаванд. Релефи ҳамвор ва маъданҳои табиии он ба сохти геологӣ вобаста аст. Дар қаламрави Белорус яке аз калонтарин конҳои намаки калий ҷойгир аст, ки захираи умумии он ба 42 млрд тонна мерасад. Конҳои асосии он дар шаҳрҳои Старобинск ва Петрикович ва захираҳои калони намаки ош дар Мозир, Давидов ва Старобинск воқеъ шудаанд. Аз ашёи хоми сохтмонӣ гил, ҷинсҳои карбонатӣ, рег, шағал, сангҳои сохтмонӣ, ашёи хоми шиша ва семент мавҷуд аст. Соли 1964 дар Белорус аввалин чоҳи нафт кушода шуд.
Аҳолӣ ва захираҳои корӣ. Дар ҳудуди Белорус зиёда аз 10,3 млн нафар аҳолӣ сукунат дорад. Солҳои охир афзоиши аҳолӣ хеле паст шудааст. Дараҷаи зиёди фавт нисбат ба таваллуд қариб дар ҳама вилоятҳо ба чашм мерасад. Дар деҳот аҳолӣ кам шуда, дар шаҳрҳо меафзояд. Шаҳрҳои нисбатан сераҳолӣ Минск (82 нафар дар 1км2), Гродно (48 нафар дар 1км2), Витебск (45 нафар дар 1км2) буда, 68,8%- и аҳолӣ дар шаҳр зиндагӣ мекунанд.
Хоҷагии халқ. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Белорус низ ба монанди дигар ҷумҳуриҳо ба буҳрони иқтисодӣ дучор шуд. Саноат ва кишоварзӣ низ ба пастравии истеҳсолӣ дучор гаштаанд. Як қатор соҳаҳо дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ кор мекунанд. Ба ин нигоҳ накарда, Белорус нисбат ба дигар давлатҳои собиқи шӯравӣ тавонист, ки иқтидори иқтисодии худ ва сатҳи зиндагии аҳолиро дар ҳолати миёна нигоҳ дорад. Даромади миллии кишвар сол то сол меафзояд. Нархҳо нисбатан паст буда, нафақа мунтазам таъмин мешавад. Корхонаҳои калони саноатӣ то ҳол моликияти давлатанд.
Саноати Белорус ба соҳаи мошинсозӣ, химиявӣ ва нафту химия махсус гардонида шудааст. Дар байни онҳо комплекси саноати мошинсозию автомобилсозӣ ҷойи асосиро ишғол мекунад. То охирҳои соли 1980 11 корхонаи ин соҳа ба Иттиҳодияи истеҳсолии «БелавтоМАЗ» дохил мешуд. Дар шаҳрҳои Минск, Белорусск, Могилёв корхонаҳои истеҳсоли автомобил ва автопоездҳо, автомобилҳои калонҳаҷми борбардор барои саноати кӯҳӣ истеҳсол шудаанд. Соҳаҳои дигари мошинсозӣ дар шаҳрҳои Минск, Витебск, Гомел, Могилёв, Брест, Молодечно, Пинск, Баранович ва Орша ҷойгир шудаанд. Муҳимтаринаш Итиҳодияи саноатии «Корхонаи тракторсозии Минск» мебошад. Аслан барои соҳаи саноати мошинсозӣ дар Белорус консентратсиякунонии истеҳсолот хос аст.
Соҳаи нафту газу химия асосан аз ҳисоби нафту гази Русия рушд меёбад. Дар минтақаи истихроҷи нафти Речитса бо мақсади истифода бурдани газу нафт корхонаи коркарди он сохта шудааст. Комбинати нафту химияи Новополотск нахҳои химиявии нитрон, полиэтилени ранга ва кислотаи нетролак истеҳсол мекунад. Иттиҳодияи истеҳсолии «Полимер» комбинати нафту химия ва корхонаи коркарди нафти Новополскро дар бар мегирад. Маҳсулоти он барои коркард ба корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластмассии Борисов ва Полотск, истеҳсоли лавсани Могилёв, лак ва ранги Лида дода мешавад. Яке аз корхонаҳои асосии саноати нафту химияи Ҷумҳурии Белорус комбинати истеҳсоли шинаҳо дар шаҳри Бобруйск мебошад. Корхонаи нуриҳои азотӣ дар шаҳри Гродно воқеъ буда, пештар дар заминаи гази Украина ва ҳоло Русия кор мекунад.
Кишоварзӣ. Кишоварзии Белорус ба соҳаи чорвои шириву гӯштӣ, хукпарварӣ, зағирпарварӣ ва картошкапарварӣ махсус гардонида шудааст. Дар байни давлатҳои собиқи шӯравӣ Белорус аз ҷиҳати истеҳсоли зағири нахдиҳанда, картошка ва шир дар ҷойи 3-юм меистад. Нахи зағир муҳимтарин намуди ашёи хом барои саноати сабуки Белорус буда, дар содироти маҳсулоти он ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Дар шаҳри Орша калонтарин комбинати бофандагии матоъ аз нахи зағир сохта шудааст, ки аз ҷиҳати иқтидор баъди комбинати бофандагии шаҳри Костромаи Русия дар ҷойи дуюм меистад. Дар Белорус соҳаи истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ ва пойафзол низ тараққӣ кардааст.
Нақлиёт. Белорус мавқеи муфиди географӣ дошта, дар байни ноҳияҳои ғарбии Русия, Аврупои Ғарбӣ ва Марказӣ, ноҳияҳои ғарбии Украина ва Прибалтика ҷойгир шудааст.
Қариб 3 ҳиссаи фурӯши маҳсулоти Ҷумҳурии Белорус ба мамлакатҳои Аврупо рост меояд. Баъди бастани шартнома доир ба иттифоқи Белорусу Русия муносибатҳои онҳо беҳтар шуд. Аз нисф зиёди содироти Белорус ба хориҷаи дур, ба 8 давлат рост меояд. Аз ҷумла Олмон (15,8%), Полша (10,6%), ИМА (5,6%), Бразилия (4,3%), Венгрия (4,4%), Швейтсария (4,1%), Чин (4,1%), Литва (3,5%). Дар Белорус 1400 корхонаи муштарак ва 500 корхонаи хориҷӣ амал мекунанд. Географияи сармоягузории хориҷӣ хеле васеъ аст. Корхонаҳои муштарак бо ширкатҳои хориҷии 66 давлат амал мекунанд, аз ҷумла бо Полша, Олмон, Италия, ИМА, Австрия, Булғория ва ғайра.
Савол ва супориш.
- Кадом соҳаи саноат дар кишвар соҳаи асосӣ ба шумор меравад?
- Соҳаҳои тахассусии хоҷагии Белорус кадомҳоанд?
- Барои Белорус кадом шакли бозтавлиди аҳолӣ хос аст?
- Заминаи ташаккулёбии комплекси кишоварзию саноатии Белорус чист?
- Белорус бо кадом кишварҳои дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад?
- Нақлиёт дар махсусгардонии соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат чӣ нақш дорад?
- Роҳҳои баланд бардоштани кишоварзии мамлакат кадомҳоанд?
- Дар харитаи контурӣ ноҳияҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва кишоварзии Белорусро тасвир кунед.
- Атлас, харита ва китоби дарсиро истифода бурда, доир ба саноати мамлакат маълумот диҳед.
Хулоса. Агарчи Белорус аз сарватҳои зеризаминӣ бой нест, аммо соҳаҳои хоҷагии халқи он хуб рушд кардаанд. Пас аз барҳам хӯрдани ИҶШС иқтисодиёти кишвар нисбат ба дигар мамлакатҳои ИДМ дар сатҳи паст қарор дошт. Аз охири солҳои 90-уми асри гузашта рушди устувор дар кишвар оғоз ёфт, ки боиси пешрафти иқтисодиёти он шуд.
Оё медонед?
- Автомобили тамғаи «БелАЗ», ки дар Белорус истеҳсол карда мешавад, 180 тонна борро мебардорад. Ин баробари бори се вагони қатора аст.
- Дар тамоми қаламрави Авруосиё танҳо дар Белорус зубр (гови ваҳшӣ) боқӣ мондааст.
- Шаҳрвандони Белорус танҳо як шиноснома доранд, ки ду вазифаро иҷро мекунад.
- Дар Белорус маош баланд нест (600$ дар як моҳ), аммо сатҳи бекорӣ паст буда, шахсони бехона, майзада ва қашшоқ вуҷуд надоранд.