Истилои Эрон аз ҷониби англисҳо махсусан дар шимоли мамлакат ҳаракати зидди- империалистиро ба вучуд овард. 7 апрели соли 1920 дар Табриз бар зидди ҳукумати иртичоии шоҳ ва империалистони англис шӯриш ба амал омад, ки ба он роҳбари Ҳизби демократии Озарбойчон шайх Муҳаммади Хиёбонӣ сарварӣ мекард. Дар шӯриш табақаҳои гуногуни ин минтақа иштирок карданд. Демократҳои Озарбойчон ба муқобили қарордоди соли 1919-и Англияю Эрон баромада, истиқлоли давлатӣ, чумхурӣ эълон карда шудани Эрон, татбиқи ислоҳоти демократӣ ва ба- рои Озарбойчон мухториятро тақозо мекарданд. Шӯришчиён аз Табриз губернатори шоҳ ва мансабдорони дигари иртичоиро ронданд. Онҳо ҳокимиятро дар Табриз ва шаҳру навоҳии Озарбойчон ба даст даро- варданд. Баъди чанде дар зери роҳбарии англисҳо дар Табриз сӯиқасди аксулинқиқобӣ ба амал омад. Моҳи сентябри соли 1920 неруҳои муш- тараки англисҳо, сипоҳиёни шоҳ ва ашхоси иртичоъпешаи маҳаллӣ шӯришро саркӯб карданд. Шайх Муҳаммади Хиёбонӣ ва чонибдорони ӯ қатл карда шуданд.
Соли 1920 ҳаракати миллию озодихоҳӣ дар музофоти дигари шимо- лии Эрон – Гелон ҳам вусъат ёфт. Баъди аз Боку ва тамоми Қафқоз рон- да шудани англисҳо, моҳи майи соли 1920, дастаҳои чангалиҳо аввал Рашт ва баъд тамоми Гелонро то Манчил ва қисме аз Мозандаронро то 115 шаҳри Барфорушро ишғол намуданд. 5 июни соли 1920 Ҷумҳурии Гелон эълон карда шуд.
Ҳаракати миллию озодихоҳй дар Озарбойҷону Эрон ва Гелон ба бо- лоравии ҳаракати миллию озодихоҳй ва демократӣ дар вилоятҳои дига- ри Эрон такони бузург дод. Ин ҳаракат ба он овард, ки моҳи июни соли 1920 ҳукумати Воиқуддавла ба истеъфо рафт. Ҳукумате, ки онро иваз кард, аз эътирофи карордоди бо Англия басташудаи барои Эрон асора- товар худдорӣ намуд.
Дар Эрон чунин вазъ ба амал омад: агар Англия Эронро маҷбур мекард, ки қарордоди соли 1919-ро ба тасвиб расонад, пас дар Эрон ҳаракати миллию озодихоҳӣ пурзӯр мешуд. Аз ин рӯ, империалисто- ни англис усули дигарро ба кор бурданд. Тасмим гирифтанд, ки ин қарордодро тавассути беобрӯй кардани роҳбарони эронӣ татбиқ на- моянд. Барои ин кор аз табаддулоти давлатӣ ҳам рӯй намегардони- данд. Онҳо дар Теҳрон бо сардории Саид Зиёвуддини Таботабоӣ, ки бо англисҳо робита дошт, 21 феврали соли 1921 табаддулоти давлатӣ анҷом доданд. Дар ин сӯиқасд подполковник Ризохон ва афсарони сан- гари чузъу томҳои артиши эрониҳо ва казакҳо ширкат варзиданд.
Бо сардории Саид Зиёвуддини Таботабоӣ ҳукумати нав ташкил кар- да шуд. Ризохон аввал сарвари дивизияи казакӣ, баъд вазири ҳарбӣ таъйин гардид. Бо мақсади паст кардани шиддати ҳаракати миллию озодихоҳӣ ин ҳукумат дар бораи «мубориза бар зидди ашрофон» эъло- мия нашр намуд. Дар ин ҳуччат мустақилии сиёсати хоричии Эрон ва аз эътибор соқит карда шудани қарордоди соли 1919-и Англияю Эрон эъ- лон карда шуд.
Дар баробари Англия ҳукумати Эрон ба ҳамсояи шимолӣ – Русияи Шӯравӣ ҳам аҳаммияти калон медод. 26 феврали соли 1921 дар шаҳри Москва байни Русияи Шӯравию Эрон шартнома баста шуд, ки мавқеи байналмилалии Эронро то дарачае баландтар кард. Ин қарордод мухо- лифи манфиатҳои Англия буд.