23 апрели соли 1920 дар шаҳри Анқара Мачлиси муассисони намояндагони буржуазияи миллӣ, заминдорон, зиёиён ва рӯҳониён баргузор гардид. Мачлиси бу- зурги миллии Туркия барои садоқат ба халқу ватан савганд ёд кард. Дар ин чо Мустафо Камол расман роҳбари МБМТ интихоб шуд. 3 марти соли 1920 Ҳукумати Туркия таъсис дода шуд, ки ба он ҳам Мустафо Ка- мол роҳбарӣ мекард. Бо ҳамин дар мамлакат дуҳокимиятӣ ба амал омад – ҳукумати султонӣ ва ҳукумати Камол.
Ҳукумати Анқара ба таъсис додани артиши худ шурӯъ кард, ки асоси онро боқимондаҳои артиши султонии ба тарафи камолчиён гузашта ташкил менамуд. Ин артиш дар аввал аз уҳдаи муборизаи мустақим бар зидди истилогарон баромада наметавонист. Аз ин рӯ, шакли асосии му- боризаи он ҳаракати чирикӣ буд, ки то ин вақт шуморааш боз ҳам зиёд- тар шуда, қаламрави фаъолияташ густариш ёфт.
Ин вақт иттифоқчиён нишондодҳои Созишномаи сулҳи Севр (воқеъ дар наздикии шаҳри Париж)-ро иҷро мекарданд. Аз ин созишнома аз ҳама зиёдтар Англия фоида мебардошт. Ба Созишномаи сулҳи Севр ҳукумати султонии Туркия 10-уми августи соли 1920 имзо гузошт. Мувофиқи ин созишнома қисми зиёди Туркия бояд дар байни Англия, Фаронса, Италия ва Юнон тақсим карда мешуд. Шимолу шарқии Тур- кия ба Арманистон мегузашт. Таҳти пуштибонии Англия давлати Курд таъсис меёфт. Дар ин ҳолат Туркия ҳамчун давлат аз байн мерафт.
Камолчиён ба муқобили истилогарони хориҷӣ танҳо мубориза ме- бурданд. Онҳо 20 январи соли 1921 Конститутсияи муваққатии Туркия- ро қабул карданд. Ин конститутсия Маҷлиси бузурги миллии Туркияро ҳокимияти олии мамлакат эълон кард.