Главная / Илм / Чунбишҳои мардумӣ дар аморати Бухоро.

Чунбишҳои мардумӣ дар аморати Бухоро.

Аҳволи халқи меҳнаткаш дар аморати Бухоро боз ҳам вазнинтар ва худса- рии ҳукуматдорони маҳаллӣ зиёдтар буд.Маҳз чунин вазъи- ят соли 1871 дар бекигариҳои Қаршӣ ва Ғузор боиси сар задани шӯришҳои халқӣ гардид.

Бухорои Шарқӣ солҳои 70-уми асри XIX ба зери итоати ҳукумати амирӣ кашида шуда бошад ҳам, солҳои 80-ум вазъият дар ин сарзамин низ ноором гардида буд, зеро дар ин қисми амо- рат зиндагии мардум беҳад тоқатфарсо ва худсарии ҳокимони маҳаллӣ боз ҳам зиёдтар ба назар мерасид. Худсарию бедодгариҳои ҳукуматдорони амирӣ, инчунин зиндагии тоқатфарсои мардум солҳои 1885-1886 сабаби мавҷи ҳаракатҳои халқӣ дар Шӯрообод, Муъминобод, Кӯлоб, Балҷувон, Ҳисор ва Деҳнав, соли 1887 дар дараи Ромит ва ғайра гардиданд. Шӯриши соли 1885, ки дар ҳудуди Муъминободи бекигарии Кӯлоб ба вуқӯъ омад, боиси ташвиши сахти ҳукуматдорони амирӣ гардид. Сабаби ин шӯриш аз ҳад зиёд ситонда шудани андоз аз ҳосили соли 1885 буд. Дар натиҷаи камҳосилӣ солҳои гузашта (бо сабаби хушксолӣ ва ҳуҷуми малахҳо) аз деҳқонон андозро ба миқдори дилхоҳ ситонида ната- вонистанд. Соли 1885 ҳосил нисбатан фаровон гардид. Амалдоро- ни ҳоким аз вазъият истифода карда аз деҳқонон андозҳои солҳои гузаштаро низ талаб карданд. Чунин кирдори худсаронаи амал- дорони маҳаллӣ сабаби сар задани шӯриш шуд, ки он сарзамини Муъминободро ба зудӣ фаро гирифт.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …