Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти даромад қисми афзудаи арзиш (қимат)-и моли истеҳсолгардида нисбат ба хароҷоти истеҳсолкардаи он фаҳмида мешавад. Он ҳамчун нишондихандаи ниҳоии фаъолияти иқтисодии фирма, таҳти таъсири қонунҳои бозор, қарор дошта, бидуни таъсир (дахолат)-и давлат сурат мегирад. Дар ин ҷода, он ҳамчун фарқи харочот ва арзиши озоди бозорӣ баромад мекунад.
Даромад дар ду шакл – даромади пулӣ ва даромади моддӣ (натуралӣ, шакли молу маҳсулот) ташқил мегардад.
Даромади пулӣ ҳамчун даромади исмӣ (номиналӣ) дар шақлхои гуногун: музди қор, хақки меҳнати қоргарони кирояи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ёрдампулиҳо, имтиёзҳо, даромад аз хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ, хаққи меҳнати коргарони кооперативҳо, муассисаҳо ва ғаӣра ташкил меёбад.
Қисми даромади исмие, ки баъд аз пардохтхои муқарраргардидаи хатмии давлат (андоз, суғурта, пардохти ҳақки хона, барқ, газ, об, телефон) боқӣ мемонад, даромади воқей (ре- алии)-и субъехтҳои иқтисодиро ташкил медиҳад. Он ҳамчун нишондихандаи муайянқунандаи тарзи хаёти инсон ва дараҷаи беҳбудии ҷомеа баромад мекунад.
Даромад дар сатҳҳои мухталифи иқтисод – хонавода, фирма, давлат, ҷаҳон (мегаиқтисод) ба сифати даромади субъектҳои иқтисодӣ, субъектхои бозор, агентхои иқтисодӣ (менеҷерон, роҳбарон) ва даромади институтхои иқтисодию молиявӣ ташкил меёбад. Доираи ташкилу густариши он ҳавзаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорию бизнес, бурунмарзӣ, бонкӣ, қарзӣ, молиявӣ ва ғайраро фаро мегирад.
Аз ин лиҳоз, шакл ва намудҳои гуногуни он фарқ қарда мешавад. Масалан:
- даромади пулӣ, натуралӣ, муштарақ;
- даромад аз фаъолияти фардии меҳнатӣ;
- даромади инфиродӣ, оила, гуруҳ, коллектив;
- даромади корхона, ширкат, ташкилот, муассиса;
- даромади соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ;
- даромади соҳаҳои алоҳида, ноҳияву вилоят, кишвару минтақа…;
- даромади миллй;
- даромади умумӣ, холис, муътадил ва ғайра .
Даромад ҳамчун фишанги таҳрикдихҳанда бо мақсади таъмини ҳавасмандию ангезаи фаъолияти субъект, агенту ин- ститутҳои иқтисодӣ ва сатхи баланди некуаҳволии ҷомеаи инсонӣ хизмат мекунад.