Главная / Биология / ДАВРАИ ИНКИШОФИ ҶАНИНӢ

ДАВРАИ ИНКИШОФИ ҶАНИНӢ

Аксари ҳайвоноти серҳучайра қатъи назар аз мураккабии сохт, зинаи инкишофи чанинро аз сар мегузаронанд. Давраи ча- нинӣ ба се марҳала чудо мешавад: тақсимшавӣ (порашавӣ) га- струлятсия ва органогенез (инкишофи узвҳо).

Тақсимшавӣ (иорашавӣ)

Инкишофи организм аз давраи якҳучайрагӣ оғоз меёбад. Тух- ми бордор – чанин – зигота, ки организм дар он вақт дар марҳа- лаи аввали давраи инкишоф аст, дар натичаи пайиҳам тақсим шудани организми якҳучайра ба организми серҳучайра табдил меёбад. Ядрои зиготае, ки баъди бордорӣ бинобар омехта шуда- ни нутфа ва ҳучайратухм пайдо мегардад, баъд аз чанд диқиқа ба тақсимшавӣ шурӯъ мекунад ва ҳамроҳи вай ситоплазма низ тақ- сим мешавад. Ҳучайраҳои пайдошуда аз ҳучайраҳои организми калон фарқ мекунанд ва онҳоро бластомерҳо (аз калимаи юнонии Ыаз1о8 – чанин, тегоз – қисм) меноманд.

Дар вақти тақсим шудан ҳачми бластомерҳо калон намешавад, барои ҳамин ҳамчунин раванди тақсимшавиро порашавӣ меноманд.

Ҷойи ситоплазмаи қатшуда, ки дар натичаи тақсимшавӣ ба ду қисм чудо мешавад, чӯяки порашавӣ ном гирифтааст. Дар ми- соли нештаршаклон порашавии яке аз намояндагони одитарини ҳайвоноти хордадорро дида мебароем (расми 7.1).

Ҷӯяки якуми порашавӣ, ки дар ҳамвории меридианӣ ҷой- гир буда, ду қутбро бо ҳам пайвастааст, зиготаро ба ду ҳуҷайраи якхела тақсим мекунад. Инро зинаи дубластомерагӣ меноманд.

Ҷӯяки дуюм низ меридианӣ буда, нисбат ба ҷӯяки якум ба таври перпендикуляр ҷойгир аст ва ҳар ду бластомерҳои тақсим- шударо аз дигар тақсим карда, чор бластомери ба ҳам монанд пайдо мешаванд.

Расми 7.1.

Порашавии бластулаи муҳрадорон:

  • – қутби ғайринашвӣ,
  • – қутби нашвӣ.

Ҷӯяки дигар, яъне порашавии сеюмин ба таври арзӣ сурат ме- гирад. Он аз хатти марказӣ болотар ҷойгир буда, ҳар чор бласто- мераҳоро тақсим ва ҳашт ҳуҷайра ҳосил мекунад. Сипас гурӯҳҳои тақсимшаванда пайиҳам ба фаъолият оғоз карда, якдигарро иваз менамоянд. Бо зиёд шудани миқдори ҳуҷайраҳо, тақсимшавии онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳамин тавр, бластомераҳо тадриҷан аз маркази ҷанин дур шуда, ҷавф (ковокӣ) ба вуҷуд меоранд. Дар охири давраи порашавӣ ҷанин шакли ҳубобчаҳоро гирифта, қабати ҳуҷайраҳои болои қабати дуюм хобидаро ташкил медиҳанд.

Ҷавфи ҷанин ба муҳити берунӣ робита дошта, бо сӯрохиҳои байни бластомераҳо мегузарад, вале дар натиҷаи ҷойгиршавии 166 зичи бластомераҳо робитаи ҷавф бо муҳити берунӣ маҳдуд ме- гардад. Ин ҷавфро ҷавфи якуми ҷисм ё бластосела меноманд.

Порашавӣ бо пайдо шудани ҷанини якқабатаи серҳуҷайра, ки онро бластула меноманд, ба охир мерасад. Дар ҳуҷайратухми қурбоққа зардӣ нисбат ба ҳуҷайраҳои нештарак (лансетник) беш- тар буда, асосан дар қутбҳо ҷойгир шудааст ва ба тарзи тақсим- шавии он таъсир мерасонад.

Тақсимшавии ҳуҷайратухм дар қурбоққа пурра ва нобаробар мегузарад. Ду ҷӯяки аввали меридианӣ тухмро ба чор бласто- мераи якхела тақсим мекунад. Ҷӯяки сеюмини арзӣ бошад, дар ҷониби қутби ғайринашвӣ, ки дар он ҷо зардӣ кам аст, ҷойгир шудааст. Дар натиҷа бластомераҳои пайдошуда, ба андозаи худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд (расми 7.1).

Дар мавриди дуру дароз тақсим шудани ҳуҷайра ҳуҷай- ратухмҳое, ки зардии кам доранд, ҳаҷман хурд мешаванд. Дар хазандагон раванди порашавӣ бо пайдо шудани бластула, ки аз бластулаҳои нештаршаклҳо фарқ мекунад, хотима меёбад. Дево- раи бластулаҳои обхокиҳо низ якқабата буда, онро бластодерма меноманд. Вай аз чанд қабат ҳуҷайраҳои махсус иборат аст. Ҷав- фи аввалини ҷисм хурд буда, ба ҷониби қутбе, ки ҳуҷайраҳояш зар- дии кам доранд, аниқтараш ба қутби ғайринашвӣ майл мекунад.

Дар ҳуҷайратухми парандагон порашавӣ бо тарзи дигар ме- гузарад (расми 7.1). Ситоплазмаи озод, ки аз зардӣ ҷудост, ҳамагӣ 1% ҳаҷми умумии ҳуҷайратухми мурғро ташкил медиҳад. Агар ба тухми мурғ назар кунем, дар як қутби он, ки зардӣ ҷой дорад, доғеро мебинем. Бластула ё лаъличаи ҷанин, ки дар натиҷаи по- рашавии қисми ситоплазмаи аз зардӣ ҷудо пайдо шудааст, до- рои ядро мебошад. Дар нештаршаклҳо, обхокиҳо, парандагон, ҳамчунин дар ҳайвоноти дигар андозаи бластомераҳо дар зинаи бластулаҳо бо андозаи зигота баробар аст. Ба ибораи дигар, дар тақсимшавии митозии зигота ва бластомераҳо ҳуҷайраҳои дух- тарӣ инкишоф намеёбанд, андозаи онҳо то ба андозаи ҳуҷайраҳои модарӣ намерасад ва ҳаҷми бластомераҳо дар натиҷаи тақсимша- вии мутассил хурд мегардад.

Чунин хусусияти тақсимшавии митозии бластомераҳо дар инкишофи тухми бордоршудаи ҳамаи ҳайвонот ба мушоҳида ме- расад. Порашавӣ дорои хосиятҳои дигар низ мебошад. Масалан, ҳамаи ҳуҷайраҳои бластулагӣ дастаи хромосомаҳои диплоидӣ ва сохти якхела дошта, аз ҳамдигар ба миқдори зардӣ фарқ меку- нанд. Ин гуна ҳуҷайраҳоро, ки аломатҳои махсус надошта, барои иҷрои ягон вазифаи муайян мутобиқ нашудаанд, ҳуҷайраҳои но- махсус меноманд.

Хосияти дигари порашавии бластамераҳо кӯтоҳ будани сик- ли митозии онҳо нисбат ба ҳуҷайраҳои организми калон мебо- шад. Дар онҳо давраи интерфаза камтар давом карда, фақат ду- чандшавии КДН ба амал меояд.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми порашавӣ омехта нагардидани си- топлазмаи зигота мебошад. Ҳамаи ин тафовутҳое, ки дар сохтори ситоплазмаи тухм дида мешавад, асоси тафриқа шудани ҳуҷай- раҳо буда, дар натиҷаи он аз ҳуҷайраҳои гуногуни бластамераҳо ин ё он узву бофтаҳо пайдо мешаванд.

Тестҳо

  1. Давари ҷанинӣ ба чанд марҳала ҷудо мешавад?

а) ду; б) се; в) чор.

  1. Ҳуҷайраҳои бластомера аз ҳуҷайраҳои организмҳои калон чӣ фарқ доранд?

а) андоза; б) дарозӣ; в) миқдори хромосомаҳо.

  1. Ҳангоми ҷӯйяки дуюмини порашавӣ чандто бластомераҳо пайдо мешаванд?

а) ду; б) чор; в) ҳашт.

  1. Кадом ҳуҷайраҳоро номахсус меноманд?

а) сохтори якхела дошта бо миқдори зардӣ фарқ мекунанд; б) дастаи хромосомаҳо якхела буда, миқдори зардӣ ҳам якхелаанд; в) ҳаҷман нисбатан калонтаранд.

  1. Сикли митозии бластомераҳо чӣ гуна аст?

а) кӯтоҳ; б) дароз; в) интерфаза дида намешавад.

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …