Главная / Биология / ДАВРАИ ТАШАККУЛИ ҲУҶАЙРА

ДАВРАИ ТАШАККУЛИ ҲУҶАЙРА

Дар ин давр ҳуҷайраҳо шакл ва андозаи муайян мегиранд. Ҳуҷайраҳои ҷинсии модина дар раванди расиш бо парда пӯшида шуда, баъди пурра хотима ёфтани мейоз ба бордоршавӣ омода мегарданд.

Дар бисёр мавридҳо, масалан, дар хазандагон ва парандагон, аз ҳисоби ҳуҷайраҳои ҳуҷайратухмро иҳота карда, дар атрофи он пардачаҳо пайдо мешаванд (расми 6.9). Вазифаи онҳо муҳофизат кардани ҳуҷайратухм ва ҷанин аз таъсири шароити номусоиди беруна аст.

Расми 6.9.Ба воситаи пардаи беруна ҳаво ба дарун дохил мешавад, аммо вирусҳо ва бактерияҳо аз пардаи тухми паранда гузашта наме- тавонанд. Вазифаи нутфа ба ҳуҷайратухм дохил кардани ахбори ирсӣ ва барои инкишоф фаъол гардондани онҳо аст.

Нақшаи сохти тухми мурғ:

  • – пӯст,
  • – пардаи зери пӯст,
  • – зардӣ,
  • – ҳалқаи ҷанин,
  • – халтаи ҳаво,
  • – пардаи сафедӣ,
  • – торҳои сафеда,
  • – халаза (бандча).

Аз ҳамин сабаб, баъди ба охир расидани мейоз ҳуҷайраҳои ҷинсӣ бозсозии васеъро аз сар мегузаронанд. Маҷмаи Голҷи дар қисми пеши канори сарак ҷойгир шуда, ба ҳиссачаҳои охирин, ки
акросома ном доранд, табдил меёбад. Он ферментҳоро ҷудо кар- да, пардаи (мембранаи) ҷанин (тухм)-ро ҳазм мекунад.

Митохондрия дар гирди қамчинак пайдо мешавад ва болои ҳам зич ҷой гирифта, гарданакро ташкил мекунад. Нутфаи та- шаккулёфта инчунин сентриола дорад (расми 6.10). Нутфаи ҳай- воноте, ки бо дигар синфҳо дохил мешаванд, бо баъзе қисмҳои худ метавонанд хосияти сохтори дигарро дошта бошанд, вале принсипи сохторашон умумӣ аст. Маҳсули ҷинсии рустанӣ ба мо- нанди нутфаи ҳайвонот ситоплазмаи кам дорад.

Бордоркунй ва бордоршавй

Ба бештари ҳайвоноти обӣ ва организмҳое, ки афзоишашон бевосита ба об алоқаманд аст (моҳиҳо, обхокиҳо), бордоршавии беруна хос мебошад. Ҳайвонот дар давраи афзоиш маҳсули ҷин- сиро дар шакли ҳуҷайратухм ва нутфа бо об хориҷ карда, бордор- шавӣ дар он ҷо ба амал меояд. Дар организмҳои хушкӣ узвҳои ҷинсии беруна инкишоф ёфтааст; нутфа аз роҳи ҷинсии нарина ба роҳи ҷинсии модина гузашта, дар он ҷо бордошавӣ ба вуқӯъ меояд. Ин ҳолатро бордоркунии дарунӣ меноманд (расми 6.11).

Расми 6.10.

Сохти нутфаи ширхӯрон: А – намуди умумӣ,

Б – нақшаи сохт,

  • – сарак,
  • – гарданча,
  • – думча,
  • – маҷмаи Голҷи,
  • – ядро,
  • – митохондрия,
  • – қамчинак,
  • – сентриола.

Дар вақти бордоркунӣ миқдори зиёди нутфа ҷудо мешавад. Ин ба ҳамин хотир аст, ки нутфа муҳити муайяни химиявиро ба вуҷуд меоварад ва бидуни ин бордоршавӣ намегузарад. Бордор- шавӣ равандест, ки дар мавриди он нутфа ва ҳуҷайратухм якҷоя шуда, дар натиҷа ҳуҷайраи даври аввалини инкишофи ҷанинӣ, яъне зигота (аз калимаи юнонии гудо1а якҷояшавӣ, ҷуфт)-ро пайдо менамояд. Дар зигота дастаи хромосомаҳои диплоидии мансуби ҳамин намуд барқарор мегарданд. Дар бисёр мавридҳо

бордоршави ҳамон лаҳза баъди бордоркуни ба амал меояд. Ҳо- латҳое ҳам маълуманд, ки байни ин ду раванд фосилаи муайяне мегузарад.
Баъзан баъди бордоршави инкишофи зигота зуд қать гашта, баъди чанд моҳ дубора барқарор мегардад. Сабаб дар он аст, ки давраи насловарИ ва ғамхорИ ба насл бояд ба фасли тобистон рост ояд. Барои ҳамин, давомоти ҳамли қоқум 300 320 ва самур 230 280 шабонарӯзро дар бар мегирад, ҳарчанд ки давомоти ин- кишофи насли ин ҷонварон нисбатан кӯтоҳ аст.
А – якҷояшавии нутфа бо ҳуҷайратухм, Б – ядрои нутфа дар ситоплазмаи зигота, 1 – ядрои модина, 2 – нутфа, 3 – қабулкунак, 4 – сентриол, 5 – ядрои нарина, В – тақсимшавии аввалини зигота.
Нақшаи бордоршавӣ:Расми 6.11.Кӯршабпаракҳо фасли тирамоҳ ҷуфт мешаванд, вале ҳуҷай- ратухм бордор нашуда, нутфа зимистонро дар роҳи ҷинсии кӯр- шабпараки модина мегузаронад. Бо фаро расидани фасли баҳор, вақте ки ҳуҷайратухм болиғ гашт, бордоршавИ ба вуқӯъ мепай-

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Дар инкишофи ҳуҷайраҳои ҷинсИ кадом давраҳоро ҷудо мекунанд?
  2. Инкишофи ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модинаро шарҳ диҳед.
  3. Дар рафти сперматогенез ва овогенез давраи болиғшавИ чИ гуна мегузарад?
  4. Фарқи мейоз ва митозро нишон диҳед.

Истилоҳот:

  1. Чиликшави – ивазшавии қисми хромосомаҳои гомологИ, ки байни худ конюгатсия (ҷафс) шуда, дар натиҷа қисмҳои ҳампаҳлуи хроматид – ҳои ғайрихоҳариро дигар мекунанд.
  2. Бордоршавӣ – якҷояшавии нутфа ва тухмҳуҷайра, пайдо шудани зигота.
  3. Гаметогенез – давраи расиши (пухтани) гаметаҳо, ки дар натиҷа ҳуҷайраҳои гаплоидИ ҳосил мешаванд.
  4. Гаметаҳо – ҳуҷайраҳои ҷинсашон гуногун, ки дар натиҷаи гамето- генез пайдо мешаванд.
  5. Конюгатсия – раванди бо ҳам наздикшавии хромосомаҳои гомоло- гӣ, ки дар профазаҳои якуми тақсимшавии мейоз рӯй медиҳад.

Тестҳо

1.Чиро давраи ташаккулёбии ҳуҷайра меноманд?

а) мудоме, ки ҳуҷайраҳо шакл ва андозаи муайян мегиранд; б) му- доме, ки ҳуҷайра бо парда пӯшида мешавад; в) баъди ба охир расидани мейоз.

  1. Ҳуҷайратухм ва чанинро чӣ муҳофизат мекунад?

а) пардачаҳо; б) ворсинкаҳо (муйякчаҳо); в) думғозаҳо.

  1. Кадом қисми тухми мурғ вирусҳо ва бактерияҳоро намегузаронад?

а) парда; б) пӯст; в) пардаи сафедӣ.

  1. Мачмаи Голчи дар кучои нутфа чойгир аст?

а) дар пеши сарак; б) дар гарданак; в) дар думғоза.

  1. Дар кадом организмҳо бордоршавии беруна дида мешавад?

а) обхокиҳо; б) хазандагон; в) ҳашарот.

  1. Митахондрия дар кадом қисми нутфа чойгир аст?

а) сарак; б) гарданак; в) думғоза.

  1. Ба тухмҳучайра кадом қисми нутфа ворид мешавад?

а) сарак; б) сарак ва гарданак; в) ҳама нутфаҳо.

  1. Барои чӣ ҳангоми бордоршавӣ миқдори зиёди нутфа чудо мешавад?

а) барои пайдо кардани муҳити муайяни химиявӣ; б) барои ҳамкории онҳо; в) барои ғизо.

  1. Дар кадом организмҳо фосила байни бордоркунӣ ва бордоршавӣ мушоҳида мешавад?

а) ҳашаротҳо; б) кӯршабпарак; в) парандаҳо.

  1. Барои чӣ бештари организмҳо дар баҳорон насл мегузоранд?

а) барои осон гардонидани ҳамкорӣ бо наслҳо; б) барои аз дарандаҳо муҳофизат кардани наслҳо; в) камтар сарф намудани ғизо.

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …