Главная / Илм / ДОСТОНИ «ДУВАЛРОНӢ ВА ХИЗРХОН»

ДОСТОНИ «ДУВАЛРОНӢ ВА ХИЗРХОН»

Сабки нигориш ва мазмуни мухтасари достон

Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар асоси далелу бурҳонҳои таърихии замони зиндагии Амир Хусрави Деҳлавӣ иншо гар- дидааст. Аз ин рӯ онро достони ишқӣ-таърихӣ гуфтан равост. Худи шоир ба қаҳрамонони асосии достон ошноӣ дошт. Албатта, номҳо андак тағйир ёфтаанд. Инчунин, ҳодисоту воқеоти таърихӣ бо обу ранги бадеӣ тасвир ёфта, асарро баркамол гардонидаанд.

Достон дар тӯли солҳои 1315-1316 нигошта шуда, аз 4519 байт иборат мебошад. Амир Хусрав дар эҷоди он ба анъанаи достон- сароёни асрҳои пешин содиқ мондааст. Тарзи қофиябандиаш чун маснавиҳои асрҳои гузашта (аа, бб, вв, гг, дд ва ғайра) мебошад. «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф су- руда шудааст, ки ба тариқи зайл тақтеъ мешавад:

Ба сӯзи сина Ду ёри вафоДор

Видои якдигар карданд ночор.

Ма-фо-и-лун ма-фо-и-лун фа-у-лун

  • – – – / V – – – / V – – /
  • – – – / V – – – / V – – /

Достон аз нигоҳи мазмун мисли достонҳои ишқии «ЛайлИ ва Маҷнун»-и Низомии ГанҷавИ фоҷиавист. Шоҳзода Муборакшоҳ Хизрхонро ба хотири аз ишқи Дувалрони даст накашиданаш ба қатл мерасонад.

Ғайр аз ин достони «ДувалронИ ва Хизрхон» ҳамчун анъана аз ҳамду наът оғоз ёфта, пасон ба мадҳи пири руҳонии худ Низо- миддини Авлиё мегузарад. Боби чоруми достонро Хусрав ба мадҳи Султон Алоуддин мебахшад ва уро дар баробари ситоиш наму- дан ба раиятнавозию додгустарИ ҳидоят мекунад. Ниҳоят боби панҷуми достон ба сабаби назми китоб бахшида мешавад ва дар ду боби оянда дар бораи султонҳои ДеҳлИ ба тариқи хронологИ маълумоти таърихИ додааст. Баъд аз ин қисмати асосии достон шуруъ гардидааст. Хусрав ба ин қисмат 14 бобро муносиб дониста- аст. Дар ҳар як боб, пас аз баёни мазмун, вобаста ба он ҳикояҳои тамсилИ меорад, ки онҳо барои тақвияти фикри адиб ва амиқтар инъикос гардидани мавзуъ ва барҷаста баромадани нақшҳои асосИ хизмат кардаанд. Дар анҷоми достон Хусрав боби алоҳида оварда- аст, ки дар он дар бораи унвони достон, соли таълифи он, миқдори байтҳои асар ва ниҳоят, дар бораи пирии хеш андешаҳояшро иброз намудааст. Як хусусияти дигари услубии достон боз дар он аст, ки пас аз ҳар як боб аз номи ошиқ ва маъшуқ ғазал оварда мешавад. Ғазалҳо ишқианд. Эҳсосот ва меҳру муҳаббати ду дилдода дар ин ғазалиёт самимИ ва хеле хушоянд ба қалам дода шудаанд. Вале дар онҳо хусусиятҳои жанрии ғазал, аз қабили матлаъ ва мақтаъ ва тарзи қофиябандии ғазал риоя нагардидаанд. ҚофиябандИ ба тар- зи маснавИ (аа,бб,вв) омадааст.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …