Главная / Биология / Дурагакунии таҳлилӣ

Дурагакунии таҳлилӣ

Методҳои гибридиологии нишондодаи Мендел имконият медиҳанд, ки меросгузории организмҳои доминантӣ ва гетерози- готӣ, ки фенотипи доминантӣ доранд, муайян карда шавад. Ба- рои ин насли якумро бо волидони гомозиготии ретсессивӣ дурага мекунанд. Агар фард гомозиготи доминантӣ бошад, баъди дура- га кардан бо гомозиготи ретсессивӣ дар гибридҳои насли Ғ1 якхе- лагии наслҳо дида мешавад, яъне таҷзия намешаванд.

Агар фард гетерозиготи доминантӣ ва дигар гомозиготи рет- сессивӣ бошад, он гоҳ дар гибридҳои насли якум таҷзияи фено- типӣ бо таносуби 1:1 ё ки 50:50 ба амал меояд.

Таҷрибаи Менделро доир ба дурагакунии моногибридӣ ва дигиб- ридӣ дар рустании нахӯд фаҳмонед.

  1. Дурагакунии таҳлилӣ чист? Онро чӣ тавр дар таҳлили меросгузо- рии аломатҳо истифода мебаранд?

Истилоҳот:

  1. Доминантӣ – ҳодисае, ки аллели як ген аллели гени дигарро пахш мекунад.
  2. Таҷзия – дар наслҳо зоҳиршавии шаклҳои гуногуни як аломат.
  3. Гомозигот – организме, ки дар хромосомаҳои гомологиашон ну- клеотидҳо генҳои якхела ҷойгиранд.
  4. Организмҳои гетерозиготӣ – фардҳое, ки дар онҳо аллелҳои генҳо бо пайдарҳамии нуклеотидҳо фарк, мекунанд.
  5. Генотип – системаи таъсири тарафайни генҳои организм.
  6. Генҳои аллелӣ – генҳое, ки дар ҷойҳои якхелаи хромосомаҳои го- мологӣ ҷойгиранд.
  7. Фенотип – мачмӯи ҳамаи аломатҳо ва хосиятҳои организм.
  8. Ирсият – қобилияти организмҳои зинда, ки аломатҳо ва хосиятҳои худро аз насл ба насл мегузаронанд.

Тестҳо

  1. Ҳангоми дурагакунии дигибридӣ волидон аз ҳамдигар бо чанд чуфти аломат фарк, мекунанд?

а) як; б) ду; в) се.

  1. Дурагакунии полигибридӣ чист?

а) волидон аз ҳамдигар бо як чуфти аломат фарк, мекунанд; б) воли- дон аз ҳамдигар бо ду чуфти аломат фарк мекунанд; в) волидон аз ҳам- дигар бештар аз се чуфти аломат фарк мекунанд.

  1. Барои дурагакунии дигибридӣ тачзияи фенотипӣ чӣ гуна аст?

а) 3:1; б) 1:2:1; в) 9:3:3:1.

  1. Организми дорои чунин генҳоро АаВв чӣ меноманд?

а) гетерозигот; б) дигетерозигот; в) сегетерозигот.

  1. Аз рӯйи фенотип Ғ1 наслҳо ба чанд гурӯҳ чудо мешаванд?

а) ду; б) чор; в) як.

  1. Аз рӯйи генотип Ғ2 наслҳо ба чанд синф чудо мешаванд?

а) чор; б) шаш; в) нуҳ.

  1. Дурагакунии таҳлилӣ чист?

а) дурага кардани насли якум бо яке аз волидони ретсессив; б) дурага кардани насли якум бо волидони доминант; в) дурага кардани чапу рост?

  1. Барои дурагакунии таҳлилӣ кадом таносуб хос аст?

а) 1:2:1; б) 1:1; в) 3:1.

  1. Барои дурагакунии таҳлилии дигетерозиготи дар насли якум ка- дом таносуб мушоҳида мешавад?

а) 1:1; б) 1:1:1; в) 9:3:3:1.

  1. Барои қонуни сеюми Мендел аз рӯйи фенотип бо ҳар ҷуфти кадом таносуб мушоҳида мешавад?

а) 3:1 ва 3:1; б) 4:2 ва 4:2; в) 12:4 ва 12:4

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …