Главная / Илм / Экспертизаи дархост ба тамғаи молй

Экспертизаи дархост ба тамғаи молй

Экспертизаи там- гаи молӣ дар ду зина амалӣ карда мешавад:

  • экспертизаи расмӣ;
  • экспертизаи нишонаи арзшуда.

Экспертизаи расмии дархост дар муддати 1 моҳи пас аз санаи пешниҳоди он ба Идораи патентии ҶТ гузаронида ме- шавад. Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмӣ мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурии дархост ва мувофиқати онҳо ба талаботи муқарраргардида санҷида мешавад. Аз рӯи натиҷа- ҳои экспертизаи расмии дархост қарор дар бораи баррасӣ шудан ё нашудани он бароварда мешавад ва аризадиҳанда оид ба қарори қабулгардида хабардор карда мешавад.

Экспертизаи нишонаи арзшуда пас аз анҷом ёфтани экс- пертизаи расмӣ гузаронида мешавад. Дар рафти экспертизаи нишонаи арзшуда ду масъала ҳал карда мешавад: мувофи- қати объекти арзшуда ба талаботе, ки дар м. 8, қ. 1 ва 3 м. 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизмат-

Аз рӯи натиҷаҳои экспертиза қарор дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ ё рад гардидани бақайдгирии он қабул карда мешавад. Дар сурати бо қарори экспертиза розӣ набудани аризадиҳанда, ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми 2 мох пас аз санаи гирифтани карор ба Идораи патентии ҶТ оид ба гузаронидани экспертизаи такрорӣ дархости асоснок пеш- ниҳод намояд. Экспертизаи такрорӣ дар муддати 2 моҳи пас аз санаи ба Идораи патентии ҶТ ворид гардидани дархост- номаи аризадиҳанда гузаронида мешавад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …