Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи муҳими истеҳ- солоти моддист. Дар солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ ва гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ, дар натиҷаи таҷдиди колхозу совхозҳо ва дар заминаи онҳо ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ба монанди хоҷагиҳои коллективии деҳқонӣ, корхонаҳои иҷоравӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ғайра даромаднокии истеҳсолоти соҳаи кишоварзиро таъмин намуданд.
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2015 21 577 млн сомониро ташкил намуд (аз он ҷумла дар соҳаи рустанипарварӣ 14 623,7 млн сомонӣ ва чорводорӣ 6 954,1 млн. сомонӣ).
Кишоварзиро бо техникаи лозимӣ ва корҳои таъмир соҳаи махсус -“техникаи кишоварзӣ”, бо поруҳои маъданӣ ва дигар моддаҳои химиявӣ соҳаи “химияи кишоварзӣ”, бо тухмиҳои гуногун-пойгоҳҳои таҷрибавӣ, ба об-хоҷагии об ва дигар соҳаҳо, ба мисли матлубот, хоҷагии автомобилӣ, базаҳои маҳсулоти нафт ва ғайра бо маҳсулоти гуногун таъмин мекунанд.
Сохтмон дар соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби муассисаҳои сохтмонии байни хоҷагии -“Сохтмони деҳот” ба сомон расонида мешавад.
Дар кишоварзии замонавӣ аксар корҳо бо ёрии техника ва механизмҳои гуногун иҷро гардида, ҳиссаи меҳнати дастӣ хеле кам шуда истодааст. Корҳои шудгор, кишт, дарав, ғунучин, обёрӣ, коркарди қаторҳо, порудиҳӣ ва ғайра бо истифодаи васеи техникаи замонавӣ иҷро карда мешаванд.
Саволҳо барои санҷиш:
1. Сохтори кишоварзӣ кадом муассисаҳоро дар бар мегирад?
2. Кишоварзӣ саноатро бо чӣ таъмин мекунад?
3. Барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чанд намуд хоҷагиҳо машғуланд?
4. Дар шароити имрӯза чӣ гуна хоҷагиҳо фаъолият доранд?
5. Рустаниҳои асосии кишоварзиро номбар кунед?
6. Техникаи кишоварзӣ чӣ гуна вазифаро иҷро мекунад?
7. Химияи кишоварзӣ чӣ гуна вазифаро бар дӯш дорад?
8. Мувофиқи диаграммаҳои овардашуда дар бораи замини кишт маълумот диҳед?