Главная / Биология / ЭВОЛЮТСИЯИ МУБОДИЛАИ МОДДАҲО (МЕТАБОЛИЗМ)

ЭВОЛЮТСИЯИ МУБОДИЛАИ МОДДАҲО (МЕТАБОЛИЗМ)

Баробари пайдо шудани дастгоҳи одии генетикӣ ҳуҷайраҳои содае, ки чунин дастгоҳро доштанд, қобилияти синтез кардани полипептидҳои махсусро пайдо намудаанд. Мавҷудоти аз онҳо пайдогашта оилаҳои ҳуҷайраҳои содаро ба вуҷуд оварданд, ки бо ҳам монанд ва хосияти ирсӣ доштаанд ва зери таъсири интихоби табиӣ мемонданд.

Он ҳуҷайраҳои содае, ки маводди ирсӣ доштанд, имконияти худро барои синтез кардани сафедаҳои калони вазифаашон гуно- гун зиёд карданд. Пас аз он ки ба таркиби ҳуҷайраҳои муқаррарӣ чунин молекулаҳои вазифаи гуногундошта дохил шуданд, имкони- яти дар бораи табиати биологии онҳо сухан гуфтан пайдо мешавад.

Тавре ки олимон тахмин мекунанд, муҳити беруна дар он замон манбаи доимии ҳосилшавии ҳамаи молекулаҳои зарурии майда буд. Дар натиҷаи бо роҳи фотосинтез истифода бурдани нурҳои ултрабунафши Офтоб энергияи химиявӣ барои гириф- тани пирофосфат дастрас шуд. Пас аз муҳитро ишғол кардани ҳуҷайраҳои аввалин фотосинтез тағйир ёфт.

Баъзе моддаҳои ғизоии хурдмолекула назар ба ҳосилшавиа- шон дар табиат зудтар истифода мегаштанд. Таъсири интихоби та- бии назаррас буд, дар натиҷа ҳамон ҳуҷайраҳое бартарӣ пайдо ме- карданд, ки аз муҳити беруна моддаҳои лозимаро зиёдтар гирифта, онҳоро ба моддаи ғизоии барои ҳуҷайра зарур табдил медоданд.

Умуман, метаболизм аз чанд зина иборат буда, тавассути ферментҳо амалӣ мешавад, дар ҳар зина молекула каму беш тағй- ир меёбад (то он даме ки моддаи зарурӣ пайдо шавад).

Ҳамаи мавҷудоти зинда биологӣ роҳи ягонаи табдили биохи- миявиро истифода мебаранд, масалан, метаболизми қанд, синте- зи аминокислотаҳо, синтез ва таҷзияи чарбҳо ва ғайра.

Хусусияти умумӣ доштани роҳҳои метаболизмро бо ду тарз фаҳмонидан мумкин аст. Якум, ҳамаи мавҷудоти зиндаи ҳозира насли популятсияҳои ҳуҷайраҳои нахустини пешгузашта мебо- шанд. Дуюм, ҳар як роҳи метаболизм дар равандҳои биохимиявии ҳозира метавонад натиҷаи эволютсияи ҳуҷайра баҳри ҳарчи беш- тар истифода бурдани ягон молекулаи барои худ лозим равона шуда бошад. Баробари дар раванди эволютсия мукамалтар шу- дани роҳҳои метаболизм, бо суръати зиёд зинаҳои нави экологӣ пайдо мешаванд.

Дар обанборҳо аллакай дар чуқурии чанд метр қисми зиёди нурҳои ултрабунафшро об фурӯ мебарад, ҳол он ки рӯшноии ба чашм аён то чуқуриҳои бештар меравад. Тасаввур кардан мумкин аст, ки интихоби организмҳои давраҳои аввал нисбат ба истифо- дабарии рӯшноии ба чашм аён чӣ гуна буд. Барои онҳо муҳим- маш мавҷуд будани хлорофилл ва системаи ферментҳои нақли- ётии электронҳо ба шумор мерафт.

Организмҳое, ки қобилияти истифодабарии энергияи рӯш- ноиро доранд, барои аз моддаҳои ғайриорганикӣ синтез карда- ни моддаҳои органикӣ афзалияти бештар пайдо карданд. Ҳамин тавр, фотосинтез пайдо шуд ва ин ба пайдоиши манбаи нави ғизо асос гузошт. Масалан, сурхбактерияҳои анаэробии сулфурии ҳо- зира дар рӯшноӣ гидрогенсулфидро то сулфат оксид мекунанд. Ги- дрогени дар натиҷаи ин реаксия хориҷшуда барои то ба ангишто- бҳо ва об барқарор кардани дуоксиди карбон истифода мешавад. Пайвастаҳои органикӣ низ метавонанд манбаи гидроген бошанд. Ҳамин тавр, организмҳои аутотрофӣ пайдо шуданд, вале дар ра- ванди чунин фотосинтез оксиген хориҷ намешавад. Фотосинтез дар бактерияҳои анаэробӣ дар марҳалаи хеле барвақти пайдоиши ҳаёт инкишоф ёфтааст. Бактерияҳои қобили фотосинтез муддати хеле дароз дар муҳити беоксиген вуҷуд доштанд. Қадами дигари эволютсия он буд, ки организмҳои қобилияти фотосинтез дошта тавонистанд обро ба сифати манбаи гидроген истифода баранд. Азхудкунии аутотрофии гази СО2 аз ҷониби чунин организмҳо хориҷшавии О2-ро ҳамроҳӣ мекард. Организмҳои нахустини қо- били фотосинтез, ки оксигенро ба атмосфера хориҷ мекарданд, сианобактерияҳо буданд.

Ҳамин ки ҳуҷайраҳои қобили фотосинтез рӯшноиро ба сифа- ти маводди иловагии фотосинтез истифода бурданд, ба атмосфе- ра оксигени молекулавӣ ҷудо шуд. Бо мурури замон маводди био- логии оксиген сарфи онро дар давраҳои геологӣ муайян мекард. Пардаи озоние, ки нурҳои ултрабунафшро ба Замин гузаштан намемонд, дар қабатҳои болои он тақрибан 2 млрду 250 млн. сол қабл аз оксиген пайдо шудааст.

Зери таъсири оксигени озод имконияти пайдоиши мубодилаи оксигении моддаҳое, ки дорои энергияи зиёд буданд, ба вуҷуд омад. Ин ҳолат барои пайдо шудани бактерияҳои аэробӣ замина гузошт.

Ҳамин тавр, ду омиле (сианобактерияҳо ва растаниҳои сабз) ки сабаби дар рӯйи Замин пайдо шудани оксигени озод шуданд, бисёр шаклҳои нави организмҳои зиндаро ба вуҷуд оварданд ва онҳо имконияти ҳарчи бештар истифода бурдани муҳити беруна- ро пайдо карданд.

Саволҳо барои санчиш:

  1. Дар обҳои уқёнуси аввалин молекулаҳои органикие, ки хосияти гидрофилӣ (обдӯстӣ) ва гидрофобӣ (обро нағз намедидагӣ) доштанд, чӣ гуна тақсим шуда буданд?
  2. Принсипи тақсимшавии маҳлулро ба фазаҳои консентратсияи мо- лекулаашон калон ва хурд номбар кунед.
  3. Қатраи коатсерватӣ чист?
  4. Интихоби коатсерватҳо дар «шӯрбои (булёни) якумин» чӣ гуна су- рат мегирифт?

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …