Фалсафаи исмоилия исмоилия ба тадриҷ аз як фирқаи динию сиёсӣ ба як ҷараён ё мактаби илоҳиётию фалсафӣ табдил меёбад. Дар ташаккули фалсафаи исмоилия таъсири ғояҳои Афлотун (асри IV пеш а.м.) ва навафлотунӣ (асри 111 м.) аз тариқи насрония ва Арасту дар фалсафаи табииёт (натурфилософия) мушоҳида карда мешавад. Мувофиқи таълимоти исмоилия мабдаи ягонаи ҳаводиси мутааддиди олам Худо- “ал-Ғайб-ут-Таъоло” мебошад. Вай, чунон ки ёд шуд, ҳеҷ гуна сифат (атрибут) надорад ва барои башар номуайян ва шинохтанашаванда аст. Аз ин рӯ ба ӯ ибодат кардан лозим нест. Дар ин маврид чунон ки мебинем, исмоилия на танҳо бо исломи расмӣ, балки бо навафлотуниён ва тасаввуф ихтилоф дорад, чунки инҳо имкони робитаи шахсӣ-инфиродиро бо Худо эътироф мекунанд ва ба он боварӣ доранд вале исмоилия имкони ҳаргуна шинохтро раъд мекунад. Мувофиқи назарияи исмоилия Худо Зоти Кул дар ҳолати оромӣ (ё сукут)-и абадист. Вай, чунон ки динҳои яҳудия, насрония ва ислом таълим медиҳанд, холиқу офаридгори олам нест.
Худо- Зоти Кулл бо иродаи азалии худ Ҷавҳар( субстанця)-и эҷодгар= А қ л и К у л л ро судуор мекунад. Ин аввалин судури -Худост. Ақли Кулл дорои ҳамаи сифотест, ки мусалмонон ба Аллоҳ нисбат медиҳанд ва сифати асосии вай илм аст. Ибодатро бояд ба ӯ кард. Вай дорои номҳои зиёд аст. Ақли кулл зинаи поёнии судур Ақли сониро меофарад ва он ҳамон Нафси куллӣ аст, ки дар забони суннат Қалам номида мешавад. Нафси Куллро эҷодгар аст. Вай ноқис аст ва сифати асосии вай ҳаёт аст. Нафси Кулл бо эҳсоси ноқисии худ майл ба камол мекунад ва аз худ судури тозае мекунад ва Моддаи Аввал=Ҳаюлоро судур мекунад. Аз Ҳаюло Замин, сайёраҳо, ситораҳо, махлуқоти зинда ба вуҷуд меоянд. Пайдоиши Инсон аз майли Нафси Кулл ба камол вобаста аст[1].
Ҳамин тавр исмоилия ҳафт зинаи судур (эманация): Зоти Кулл, Ақли Кулл, Нафси Кулл, Ҳаюло, Макон, Замон, ва Инсони Коммилро муъайян кардааст. Дар назарияи исмоилия байни Ақли Кулл ва Башар ё байни олами акбар ва олами асгар таносуб мусовист. Яъне инъикоси Ақли Кулл дар ҷаҳони маҳсус Инсони Комил мебошад. Ҳаким Носири Хусрав фармуда: ” Ҳар чи дар олами ҳиссӣ мавҷуд аст, он асаре аст, аз он чи дар олами Увло \олами акбар\ мавҷуд аст.” \ 9:87\
Фалсафаи навафлотунӣ барои доиёни исмоилии сарзаминҳои эронӣ ҷазобият дошт ва ин донишмандон бар он шуданд, ки илоҳиёти исмоилиро бо ақоиди навафлотунӣ зиннат доданд. Ин амр падид омадани суннати ақлонии мумтозе дар илоҳиёти фалсафӣ дар миёни исмоилиён анҷом пазируфт, ки баъдан ҳамчун «исмоилигарии фалсафӣ» маъруф гардид[2].
Дар таълимоти исмоилия шумораи ҳафт мақоми хосе дорад. Аз ҷумла ба ғайр аз ҳафт зинаи судур, ҳафт даври нубувватро муқаррар карҳам чунон ки бар осмони дунё ҳафт нур машҳур аст (Шамсу Қамару Зуҳайлу Муштарию Мирриху Зӯҳра ва Аторуд) дар осмони дин низ ҳафт нур машҳур аст: Одаму Нӯҳ ва Иброҳиму Мӯсо ва Исову Муҳаммад” \9:87\ Даври ҳафтум бо зуҳури пайғамбари бузург ал-Қойим ( писари Исмоил Муҳаммад) анӣом меёбад.
Ақли Кулл дар олами зоҳир бар паёмбарон, ки н о т и қ номида шудаанд инъикос меёбад ва ҳар нотиқ дар назди худ ёваре дорад, ки гуфтаҳои ӯро ба мардум бо роҳи таъвил мефаҳмонад.Вайро чун худ аз пеши худ чизе намегуяд с о м и т (хомӯш) меноманд. Масалан, Мӯсо нотиқ буд, бародараш Ҳорун дар назди ӯ сомит, Эсои Масеҳ нотиқ буд ва Бутрус (Пётр) дар назди ӯ сомит ва Муҳаммад нотиқ ва Алӣ дар назди ӯ сомит буд. Дар фосилаҳои танаффусе, ки то пайдоиши нотиқи баъдӣ эҷод мешавад Зоти Илоҳӣ ба имомон ҳулул мекунад ва онҳо низ ҳафт нафарӣ дар ҳар давраанд.
Бузургтарин мутафаккирони исмоилия дар Эрон ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Муҳаммади Насафӣ, Абӯҳотами Розӣ, Абӯяъқуби Сиҷистонӣ буданд, ки ба интишори фалсафаи навафлотунӣ дар миёни маҳофили фарҳехтагони Хуросону Мовароуннаҳр пардохтанд. Қадимтарини осори дар ин росто китоби «Ал-маҳсул»-и Насафӣ мебошад, ки Абӯҳотами Розӣ бар он хурда гирифт ва китоби «Ал-ислоҳ»- и худро дар тасҳеҳи бархе аз ҷанбаҳои тафаккури ӯ таълиф кард, вале Сиҷистонӣ раддияҳо таҳти унвони «Китоб-ан- нусрат» бар он навишт.
Исмоилиён дидгоҳи хоси худро дар бораи нубувват ва имомат дар нисбати аҳли тасаннун ва эътиқодмандони тариқаи шиаи асноашарӣ доранд. Дар тафаккури исмоилиён ҳадаф аз офариниши инсон расидани ӯ ба камол ва дараҷоти волои инсонӣ аст. Аммо ҳеҷ инсоне наметавонад бо такя бар ақл ва тавоноиҳои худ ба ин мақом ноил ояд. Аз ин рӯ, лозим аст Худованд ӯро дар ин роҳ роҳнамоӣ карда, ба ҳадаф бирасонад. Инсон танҳо бо рӯй овардан ба ҳидояти паёмбарон ва имомон метавонад аз таъйиди илоҳӣ бархурдор шавад. Дар симои фирқаи исмоилия ва шиъа мо таҳаввули гоявии шуури динӣ вобаста баманофеъи гунгун: иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фирқавии пайравони онро мебинем. Мавқеи исмоилиён, чун дигар фирқаҳои аҳли ташаюъ дар он замон вобаста ба ҳамин омилҳо буд. Дар маркази он масъалаи имомат ва ҷойгоҳи имом қарор дошта, чигунагии ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои фалсафии ин фирқаро зери таъсири худ қарор дода буд, ки вобаста ба он коркарди сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ тибқи муқтазиёти замонӣ аз муҳимтарин ва печидатарин масоили ин фирқа аст. Ин аст, ки масоили инсоншиносӣ ва космологии исмоилия маҳсули андешаҳои динии мазҳбии ин фирқа мабнӣ ба ҳамин асл, яъне имамат аст. Масалан, ба андешаи исмоилиён, имом маркази осмонҳо ва қутби замин аст ва барпои низоми ҳастй ба вуҷуди ӯ ва бақои оламу рӯҳи ҳар мутаҳаррику сокин ба бақо ва рӯҳи ӯст. Ба тавре ки агар ҷаҳон аз имоми замон холӣ бошад, замин аҳли худро фурӯ мебарад. Имом ба амр ва иродаи Худованд соҳиби ихтиёри ҳамаи инсонҳо, малоика ва ҷинниён аст.
Печидагии андешаи исмоилия дар он аст, ки ҳарчанд он чун фирқаи ақлгаро ном баровардааст ва дар Қуръон корбурди оёти офоқию анфус, ки асос ба андешаи ақлӣ дорад таъкид шудааст, боз ҳамон фалсафаи имомат водор кардааст, ки дар таълимоти пайравони ин мазҳаб нобовариӣ ба ақл ва қобилияти инсон ба вуҷуд ояд. Масалан, ба андешаи Ҳасани Саббоҳ, ақл қодир несто то Худовандро бишиносад ва ҳақоиқи динро дарк намояд. Аз ин рӯ, вуҷуби «м у а л л и м и с о д и қ» барои роҳнамоии рӯҳонии башар истидлол мекунад ва ба ин натиҷа мерасад, ки ин муаллими содиқ касе ҷуз имоми исмоилии замон наметавонад бошад.
Ҳамчунин масалан, Муҳаммад Ҷаводи Машкур дар шарҳи номи «таълимия», ки номи дигари исмоилия аст, мегӯяд: «ақаллиётро наметавон ҳуҷҷат қарор дод ва ночор бояд ҳақоиқро аз роҳи таълим аз Имоми маъсум омӯхт ва дар ҳар асре боядимоме маъсумва гайри ҷоизулхато бошад,
ки дучори лагзиш нашавад то он чиро, ки аз илм ба ӯ мерасад, ба дигарон биёмӯзад»[3].
Хушбахтона яке аз бузургтарин доиёни мӯътадиландеши исмоилия Носири Хусрав Қубодиёнӣ аз ҳамин диёр аст, ки нақши асосӣ дар тарвиҷи кеши исмоилӣ дар манотиқи Осиёи Марказӣ, ба хусуси минтақаи Бадахшон дошта. Дар ҳамин ҷо ӯ бештари ашъор ва навиштаҳои аксар адабию ахлоқӣ ва каломию фалсафии худ, аз ҷумла охирин асари худ, китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»-ро эҷод кардааст.
[1] Дар масъалаи маод муроҷиат шавад ба мақолаи муфассали Абдулалӣ Соидрозӣ «Маод аз дидгоҳи исмоилиён» / Исмоилия. -Қум: Маркази мутолиот ва таҳқиқоти адён ва мазоҳиб, 1381, 696 саҳ., саҳ. 189-247.
[2] Муроҷиат шавад ба: Хаёлбек Додихудоев. Философский исмаилизм / История таджикской философии (с древнейших времен до XV в.). Том 2. – Душанбе: Дониш, 2012, 788 стр., саҳ.196-287; Фарҳод Дафтарӣ. Исмоилия ва Эрон. Тарҷумаи Фаридун Бадраӣ. -Теҳрон:Фарзони рӯз, 1388, 302 саҳ., саҳ.241-267.
[3] Муҳаммад Ҷаводи Машкур. Фарҳанги фирақи исломӣ. -Машҳад: Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1387, 582 саҳ., саҳ.122.