- Фонетика чиро меомӯзаД ва воҳиДи он чист?
- Дар алфавити имрӯзаи тоцикӣ чанД ҳарф аст?
- Тагйиротҳо Дар таҳрири нави имлои тоцикӣ аз чиҳо иборатанд?
- Овозҳои нутҳ чӣ тавр ҳосил мешаванД? Дастгоҳи овозҳои нуткро номбар намуДа, вазифаи ҳар яки онҳоро шарҳ диҳед.
- Аз порчаи манзуми зерин калимаҳои ишорашуДа- ро ба дафтаратон навишта, овозу ҳарфҳои таркиби онҳоро шарҳ диҳед:
Хирад афсари шаҳрёрон[1] бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Касе, к-ӯ хирадро надорад зи пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш. Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад…
Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.
(Абулқосими Фирдавсӣ)
- Овозҳои саДоноку ҳамсаДоро номбар карДа, тафо- вути фонетикии онҳоро гӯеД.
- Матнро хонеД, калимаҳои ишорашуДаро ба Даф- таратон навишта, ҳамсаДоҳои царангДору бецаранги тарки- би онҳоро шарҳ диҳед:
Уштуре ва дарозгӯше1 ҳамроҳ мерафтанд. Ба канори ҷӯйи бузург расиданд. Аввал уштур даромад. Чун ба миёни ҷӯй ра- сид, об то шиками вай баромад. Дарозгӯшро овоз дод, ки:
- Дарой, ки об то шикам беш нест.
Дарозгӯш гуфт:
- Рост мегӯӣ, аммо аз шикам то шикам тафовут[2] [3] аст. Обе, ки ба шиками ту наздик гашт, аз пушти ман хоҳад гу- зашт.
Қитъа
Эй бародар, аз ту беҳтар ҳеҷ кас нашносадат,
З-он чи ҳастӣ, як сари мӯ хешро афзун[4] манеҳ.
Гар фузун аз қадри ту бистоядат[5] нобихраде,
Қадри худ бишносу пой аз ҳадди худ берун манеҳ! (Абдурраҳмони Ҷомӣ)
У 188. Имлои ҳарфи ӣ (и-и Дароз)-ро фаҳмонеД.
У 189. Аз цумлаҳои зерин хабарҳоро ёфта, банДакҳои феълию хабариро цуДо кунеД ва онҳоро шарҳ ДиҳеД:
Ҳар ду хӯриш ниҳоят бомаза ва хушгувор буд. (С.У.) Кӯдакони кунҷков аз ӯ чашм наканда, ҳайрон буданд. (С.А.) Аз куҷоҳо тоқа-тоқаву села-села гунҷишкакон парида омада, дар бомгӯшаи иморат ва шохи дарахтон нишаста, беғамона чириқ-чириқ мекарданд. (С.Т.) Саид Амон дар канори ган- думзор такя бар танаи тути пир дода менишаст. (Ф.М.)
- ҚоиДаи аз сатр ба сатри Дигар кӯчониДани ҳиссаи кали.маро бо мисолҳо фаҳмонеД.
- Аз порчаи манзуми зерин пайванДаку пешоянДҳоро цуДо карДа, имлои онҳоро шарҳ ДиҳеД:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон
Рози донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг – андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
(Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)
- Доир ба имлои цонишинҳои таркибӣ мулоҳизаҳоя- тонро гӯед.
[1] Афсари шаҳрёрон – тоҷи подшоҳон
[2] Дарозгӯш – хар, маркаб
[3] Тафовут – фарқ
[4] Афзун – изофа, зиёдтар, бештар
[5] Ситудан – ба маънии мадҳ кардан