ФРАЗЕОЛОГИЯ
1) Фразеологизмҳо (ибораҳои рехта) чӣ гуна воҳиди забонанд?
2) Чаро онҳоро ҳам мисли калимаҳо як ҳиссаи хазинаи луғавӣ мешуморанд?
3)Бо калима, ибора ва ҷумла чӣ муносибати сохторӣ ва маъноӣ доранд?
4)Воҳидҳои фразеологӣ дар забон чӣ гуна хусусиятҳои услубӣ зоҳир мекунанд?
5)Мавқеи онҳо дар услубҳои бадеӣ ва публисистӣ чӣ гуна аст?
6)Чаро воҳидҳои фразеологиро ҳусни нотакрори ҳар забон ме- шуморанд?
7)Дар истифодаи онҳо дар забон чӣ гуна ғалатҳо рӯй медиҳанд?
- Матни зеринро се нафар хонандагон (дар нақши муаллиф, Мурод ва Эшонқулбой) қироат кунанд. Сипас муаллим аз аҳли синф пурсад, ки кадом мафҳуми ҳолат ба тарзҳои гуногун ифода ёфтааст ва он ифодаҳо кадом воҳиди забонанд, аз ҷиҳати сохту таркиб, обуранги услубӣ аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд.
Баъд аз ягон соли хонадор шудани Мурод Фотимабибӣ мурд. Мурод хабари вафоти модаркалони худро дар дашт, дар вақте ки гӯсфандҳои хӯҷаинро чаронида гашта буд, шунид… Мурод гӯсфандонро аз чаро ба тарафи ҳавлии бой ронд ва пеш аз як соат аз фурӯ рафтани офтоб, яъне пеш аз як соат аз вақти муқаррарии ҳаррӯзааш ба ҳавлии бой расид.
- Чаро молҳоро ин қадар барвақт аз чарогоҳ гардондӣ? – гуфт Эшонқулбой…
- Магар ба шумо хабари аз дунё гузаштани модаркалонамро нарасониданд? – гуфта пурсид Мурод аз бой дар ҷавоби ӯ.
- Расонданд. Аммо чӣ шудааст? Як кампир мурд, мурддия. Бо зуд рафтани ту магар ӯ зинда мешавад?
1) Муродифҳои мурдан, вафот кардан ва аз дунё гузаштан дар матни асари бадеӣ бо чӣ мақсад истифода шудаанд?
2) Муродифҳои мурдан ва вафот кардан бо чӣ мақсад ба кор бурда шудаанд? Онҳо чӣ тафовути услубӣ доранд?
3) Чаро Мурод “аз дунё гузаштани модаркалонам” гуфтааст, вале бой “як кампир мурд, мурд-дия”?
4)Муродифи хонадор шудан чист?
5)Муаллифи асар кист ва номи асар чист?
- Матнҳоро бурро ва беғалат қироат кунед ва гӯед, ки кадом мафҳумҳо ба тарзи маъмулӣ ифода наёфтаанд? Онҳо чӣ гуна воҳидҳои забонианд?
- Ҳатто дар тирамоҳи соли гузашта, рӯзе дар ин бора бо акои калониаш гапашон гурехт. Ҳар ду сурху сафед шуданд. Дар ҳамон вақт ба пеши акааш буду шуди масъаларо гуфт, арғамчинро аз миён бурид;
- Охир ман офтоби сари дарахтам. Худо нахоҳаду вақт ё бевақт бандагиро ба ҷо оварда монам, ин духтари бақадрасида дар рӯйи хона мемонадмӣ?
- Чаро (Алиро) намехоҳӣ? – гуфт Бобӣ дар ҷавоби Заҳро ва бо ҳамин саволаш ба болои сӯхта намакоб ва ба оташи фурӯзон равған рехт.
Дар матни аввал гапи касе гурехт, сурху сафед шудан, буду шуди чизе, арғамчинро аз миён буридан, дар матни дуюм офтоби сари дарахт будан, худо нахоҳад, вақт ё бевақт, бандагиро ба ҷо овардан, ба қад расида, дар матни охирин ба болои сӯхта намакоб рехтан ва ба оташи фурӯзон равған рехтан воҳидҳои фразеологӣ ба шумор мераванд. Ҷумлаи гапи касе гурехт ва таркиби сурху сафед шудан ба як маъно – арбада кардан, ибораҳои буду шуди чизе ба маънои ҳамаи ё тамоми чизе ва арғамчинро аз миён буридан ба маънои қаҳрӣ шудан, дар матни дуюм ибораи офтоби сари дарахт будан ба маънои пир шудан, ҷумлаи Худо нахоҳад ба маънои некӣ хостан аз Худованд, таркиби вақт ё бевақт ба маънои ногаҳон, ибораи ба қад расида ба маънои “болиғ” ё “ба балоғат расида” омадааст. Дар матни сеюм ба болои сӯхта намакоб ва ба оташи фурӯзон равған рехтан ба маънои муштараки ангехтан, дучанд кардани дарду алами касе далолат мекунад.
Маълум мешавад, ки воҳидҳои фразеологӣ нисбат ба калима таркиби мукаммал ва сохтори наҳвии мураккаб дошта, дар қолаби таркиб, ибора ва ҷумла воқеъ мегарданд, вале аз лиҳози маъно мисли воҳидҳои ҷудогонаи луғавӣ як мафҳуми ашё, аломат, хусусият, амал ё ҳолатро ифода мекунанд. Ин маънои умумӣ ва ягонаи воҳидҳои фразеологӣ монанди воҳидҳои озоди наҳвӣ аз маънои ҷузъҳои ибора ё ҷумла ҳосил намегардад, балки аз маънои маҷмӯи ҷузъҳо ва сохтори устувор ё рехтаи наҳвӣ бармеояд.
Калимаҳо дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ аксар ба маънои маҷозӣ меоянд ва мафҳумҳоро як дараҷа пӯшида, вале рангину дилнишин ифода мекунанд. Дар онҳо як лаҳзаи воқеии ҳаёт инъикос меёбад: арғамчинро аз миён буридан, офтоби сари дарахт (кӯҳ) будан, ба болои сӯхта намакоб рехтан ва ғайра. Чунин лавҳаҳо инъикоскунандаи муҳити зиндагӣ, фарҳанг ва тахайюлоти мардуми ҳар қавму миллат ба шумор мераванд, бинобар ин фаҳмидани маънои чунин суханони сеҳрнок барои бегонагон ба осонӣ муяссар намегардад. Аз ҳамин сабаб онҳоро аз як забон ба забони дигар айнан тарҷума кардан на ҳамеша муяссар мегардад.
Воҳидҳои фразеологӣ ҳам мисли дигар унсурҳои луғавӣ хусусияти сермаъноӣ, муродифӣ, антонимӣ зоҳир мекунанд. Чунончи, чашми касе равшан шуд ба маъноҳои шод шудан, таваллуд кардан, аз худ рафтан ба маъноҳои беҳуш шудан ва ғурур пайдо кардан, дар матни зерин шамол хӯрдан ба маъноҳои саёҳат кардан ва ба бемории зуком гирифтор шудан омадааст:
- Ба қишлоқҳо баромада, камтар шамол мехӯрдед, беҳтар буд.
- Не, не. Ман аз шамол хӯрдан метарсам (С.Ғ.).
Воҳидҳои фразеологӣ низ хусусияти ҳаммаъноӣ зоҳир намуда, силсилаи муродифотро ташкил медиҳанд ва бо тобишҳои нозуки маъно, обуранги услубии гуфтугӯйӣ, адабии китобӣ ё хоси услубҳои ҷории нутқ, инчунин бо обуранги ҳиссии мусбат ё манфӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Воҳидҳои фразеологии мушт ба дарафш задан // гиреҳ ба бод задан // зӯри беҳуда задан , мурғ аз қафас раст // тир аз камон ҷаст баробармаъноянд:
Акнун пушаймонӣ суд надошт ва афсӯсу дареғ фоида намебахшид, чунки тир аз камон бархато ҷаста ва мурғи матлаб аз дом раста буд (С.А.).
Муродифҳои чашм андохтан, назар афкандан, чашм давондан, аз назар гузаронидан, чашм дӯхтан, чашм накандан, зеҳн мондан ва ғайра тобишҳои мухталифи маънои нигаристанро ифода мекунанд: чашм андохтан ва назар афкандан ба чизе беэътиноёна ва сатҳӣ як нигоҳ карданро фаҳмонад, зеҳн мондан ва ифодаи гуфтугӯйии синча кардан ба нуқтаи муайян бодиққат нигаристан аст. Фразеологизми чашм андохтан обуранги гуфтугӯйӣ, назар афкандан обуранги адабии китобӣ, чашм песондан обуранги ҳиссии манфӣ дорад.
- Дар матнҳои зерин як маъно бо кадом воҳидҳои забон ифода ёфтааст ва онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқи маъноӣ ва услубӣ до- ранд?
Ба ин қадар оташи хашми Арбоб фурӯ нанишаста, Одинаи мазлуми ба замин афтодаро мезад. Бо ин қадар ҳам хашми Арбоб бартараф нашуда, пасу дунбол чӯб мезад. Ин вақт хашми Арбоб қадре паст гардида, худаш ҳам аз задан монда шуда буд.
- Матнҳоро хонед, воҳидҳои фразеологиро дар шакли ибора ё ҷумла ба дафтар навишта, муродифи луғавиашро ёбед ва муқаррар кунед, ки маънои муштараки онҳо чӣ тарз ифода ёфтааст ва муродифҳои луғавию фразеологӣ аз ҳамдигар чӣ фарқи тобиши маъно ва ё обуранги услубӣ доранд.
Н а м у н а: Аммо барои ин кор коргари бисёр даркор мешуд, арои пахтачиён (пахтаҷаллобон) бошад, ҳалвои бедуд – фоидаи бе музду меҳнат даркор буд
Ҳалвои бедуд – фоидаи муфт. Воҳиди фразеологӣ мафҳумро образнок ва таъсирбахш ифода мекунад, хоси забони гуфтугӯйист, оҳанги кинояомез ва манфӣ дорад.
- Дар ҳамон сония ҳамлакунандагон худро гум карда дасту по хӯрданд
- Ҳар кас ба хонаи мо барои келинбинӣ биёяд, ман аз изо мемурам, дар он вақт замин намекафад, ки дароям. (С.А.);
- Дар ҳаққи чунин одамони табиатан ноором ва ба шуғле хӯгирифта одатан мегӯянд, ки устухонаш аз хурдӣ дар меҳнат шах шудааст;
- Дар шаҳраки Обигарм дар роҳи автобус ду соати расо чашмамон косаи гадо шуд. (Рӯзнома).
- Худро гум кардан – Дасту по хӯрдан ва аз изо мурдан – замин намекафад, ки дароям дар кадом қолабҳои наҳвӣ ифода ёфтаанд ва аз муродифи луғавиашон чӣ тафовути маъноӣ ё услубӣ доранд?
- Калимаи меҳнат ба кадом маъно кор фармуда шудааст?
- Муродифи фразеологии калимаю таркибҳои зеринро нависед ва тафовути маъноию услубии онҳоро хаттӣ шарҳ диҳед: интизор шудан, безобита шудан, хомӯш мондан, ранҷидан, ошиқ шудан.
Воҳидҳои фразеологии муқобилмаъно: шаҳди зиндагӣ чашидан – шаҳди марг чашидан, хотири касе ҷамъ аст – хотири касе парешон аст матлабро барҷаста ифода мекунанд, бинобар ин дар асарҳои бадеӣ аз ин имконоти муассири забон истифода бурдаанд:
Он ки дар зулфи парешонаш дили мо ҷамъ буд, Ҷамъи моро ҳамчу зулфи худ парешон карду рафт (Ҳилолӣ).
Дар вақти набудани Зебинисо дар маҳалла ва гирду атроф чӣ воқеаҳо рӯй додааст, чашми киҳо равшан шудаасту киҳо аз дунё чашм пӯшидаанд, як ба як гуфт (Ҳ.К.).
Дар забон истилоҳоти зиёди иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ, коргузории расмӣ ва ғайра вуҷуд доранд, ки дар қолаби ибора рехта шудаанд: ҳилоли аҳмар, терроризми байналхалқӣ, иқтисоди бозаргонӣ, арзиши иловагӣ, майдони магнитӣ, ситораи думдор, ҳисоби абҷад, таҷоҳли ориф, бандаки изофӣ, тарҷумаи ҳол, ҳаққи маҳр, парвандаи ҷиноӣ, фикри айбдорӣ, мурофиаи судӣ, ба ҷавобгарӣ кашидан ва ғайра.
Дар забони матбуот ҳам дар баробари як миқдор воҳидҳои фразеологии маъмули забон, аз қабили ба марра расидан, марраи аввалинро фатҳ намудан, камари ҳиммат бастан, чашми корро донистан, ҷомаи амал пӯшидан, ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнда ва ғайра, ифодаҳои рехтаи хоси забони расонаҳои хабарӣ: дастовезҳои меҳнатӣ, тиллои сафед, изҳори нигаронӣ кардан, ба чизе таҳким бахшидан, пиёда кардани чизе, мавриди амале қарор додан, ба тасвиб расонидан, кӯшиш ба харҷ додан, ба чизе мувоҷеҳ шудан ва ғайра серистеъмоланд.
Азбаски воҳидҳои фразеологӣ аз якчанд калима таркиб ёфта, сохтори устувор ва табиати хеле нозук доранд, дар истифодаи онҳо ғалатҳои гуногун роҳ меёбанд. Яке аз он навъи нуқсонҳо омехта кардани унсурҳои луғавии як воҳиди фразеологӣ бо дигарест, ки онро дар забоншиносӣ контаминатсия меноманд: роли (нақши) калон доштан аҳамияти калон бозидан: Барои оқилона идора намудани мамлакат машварат бо ҳамсар саҳми бузурге мебозад (Рӯзнома). Муқоиса кунед: дами беғам мезанам, даври пирӣ меронамдами пирӣ меронам; косаи сабрам лабрез шуд, шишаи сабрам шикаст шишаи сабрам лабрез шуд(?); ба ҳаяҷон омад, дар ташвиш монд ба ташвиш омад.
- Муродифи фразеологии антонимҳои дӯст доштан бад дидан, некӣ карда, бадӣ кардан, сабру тоқат кардан, бесабрию бетоқатӣ кардан, ҷавонӣ пирӣ, бисёр камро навишта, шарҳ диҳед, ки муродифҳои луғавию фразеологӣ аз ҳамдигар чӣ фарқи маъноӣ ё услубӣ доранд.
- Фразеологизмҳои зерин чӣ маъно доранд ва бештар дар кадом тарзи баёни фикр (хаттӣ, адабии китобӣ ё шифоҳӣ, гуфтугӯйӣ) истифода мешаванд?
Азоби гӯр, чашм ало кардан, лаб фурӯ бастан, аз даҳон мондан, дил бохтан, ба шаҳодат расидан, дум ликкондан, ангушти ҳайрат газидан, бо ҷаҳони фонӣ падруд гуфтан, ҷойи шишт наёфтан, ба лаб кулӯх молидан.
- Кадом тарзи ифода қобили қабул аст? Ба дафтаратон нависед ва сабаби интихоби худро хаттӣ шарҳ диҳед.
- Мувофиқи талаби рӯз ташкил намудани кор ба чорводорон имконият медиҳад, ки аз иҷрои супоришҳои истеҳсолӣ бо сарбаландӣ бароянд; Бадон, агарчи аз ӯҳдаи бадӣ набароянд, аз бадгӯйӣ ва забондарозии худ бознамеистанд
- Ҳар каси дидаю надида ҳаваси зиндагии онҳоро як бор мехӯрад; Ба либоспӯшии дугонаҳояш нигариста ҳавасаш меомад; Меҳмонҳо маро дида ҳавасашон мерафт; Мардуми деҳа навхонадоронро дида ҳавас мекарданд, ки кош ба онҳо низ Худованд чунин арӯсу домодро насиб гардонад;
- Аз аҳволи ояндаи ман хавотир накашӣ ҳам, мешавад; Боз одамони дар хона буда хавотир кашида нашинанд; Кампир аз ин аҳволи писараш ба хавотир афтода бо овози хаста пурсид; Шабу рӯз хавотирӣ мекашам, ки аҳволи фарзандонам дар мамлакати бегона чӣ хел бошад.