Главная / Илм / Галактикаи мо

Галактикаи мо

Ҳамаи сайёраҳои хурду калон, астероидҳо, кометаҳо, метеорҳо ва чангу губори байни сайёравй Системаи офтобиро ташкил медиҳанд. Дар навбати ҳуд Замин, ки барандаи ҳаёти зиндаи инкишофёфта мебошад, якчоя бо Системаи офтобй ба системаи ситорагие доҳил мешавад, ки онро Галактика ё Галактикаи мо меноманд. Вайро дар шакли линзаи дутарафа барчастаи канораҳояш тунукшуда, тасаввур кардан мумкин аст (ниг. расми ранг аи 6.2.1).

Ҳангоми набудани Моҳ ва софу бегубор будани осмон, дар он манзараи тасмамонанди равшанро, ки шумораи ниҳоят зиёди ситора- ҳоро дар бар дорад, дидан мумкин аст. Ҳдмин манзараи равшанй васеъгии нобаробар доштаро, ки аз як кисми осмони ситоразор то кисми дигари он тул кашидааст, Роҳи Каҳкашон меноманд.

Галактика аз калимаи юнонй галаксиас гирифта шуда. маънояш ширмонанд мебошад. Марбут ба яке аз ривоятҳои юнонй гуё ҳудой ҳамаҳозир (Ҳурмузд) Ҳермес фарзанди Зевсро, ки модараш дар дами марг буд, ба синаи завчааш Ҳеро мегузорад, вале зан бо рашки дар дил доштаи ҳуд тифлро тела медиҳад. Бо амри ҳудо шир ба осмон пош ҳурда, дар он равшанроҳи ширмонандеро ба вучуд меорад, ки онро мо ҳоло Роҳи Каҳкашон номидаем.

Баъзе ҳолатҳо дар шарҳи системаи ситорагии олами ситораҳо фаҳмиш ё тасаввурот оид ба Галактика ва Роҳи Каҳкашон ҳаммаъ- но истифода мешаванд. Вале дар ҳакикати ҳол Галакгикаи мо мач- мӯи ниҳоят калони ситорагй мебошад. Роҳи Каҳкашон бошад, тан- ҳо тасмаи равшаниест, ки он дар гунбази фалак аз доҳили Галак- тика ба чашм менамояд.

Галактика ситораҳои гуногун, тарокуми ситорагй ё ҳуд гала- ситораҳо, абрҳои ситорагй, туманотҳои абру газй, абрҳои байниси- торагй, чангҳои пароканда ва атомҳои гуногунро дар бар мегирад. Мачмуи нурбарории ҳамаи онҳо ва нурпарокандакунии муҳити онҳо равшании ҳамон Роҳи Каҳкашонро ташкил медиҳанд. Даврае, ки ҳати марказии Роҳи Каҳкашонро ифода мекунад, экватори Галактикй номида мешавад. Он нисбат ба экватори гунбази фалак (кураи осмон), кунчи 62°-ро ташкил медиҳад (расми 6.2.2).

Ин ҳат дар кисми шимолии осмони ситоразор аз бурчҳои ситораҳояшон дураҳшон Ҷдббор, Ҷавзо, Савр, Мумсикулъинон, (Кассиопея), Укоб ва дар чануби он аз бурчҳои Сипар, Морафсой, Кавс ва Акраб мегузарад.

Ситораҳое, ки дар доҳили Галактика ба системаи Офтобй наздиканд, ҳеле равшану дураҳшон менамоянд.

Дар Галактика бо чашми одй ва бо ёрии дурбину телескопҳо гуруҳҳои ситораҳоеро дидан мумкин аст, ки онҳо бо ҳам ҳеле наздик ва ё зич чойгир шудаанд. Ин гуна ҳолати мачмуи намоёншавии ситораҳоро галаситораҳо (ё тарокуми ситорагй) меноманд.

Мо дар дохили Г алактика зиндагИ қарда истода, шакли зоҳирии онро дуруст тасаввур қарда наметавонем. Маҳз ба ҳамин мақсад шакл, соҳт ва ҳарақати дигар галақтиқаҳои ба мо ҳамсояро омуҳта истода, ҳаёлан аз дурИ чИ тавр шақл доштани Галақтиқаамонро тасвир қарда метавонем ва нисбати он маълумотҳои илмИ ҳам гирифтан осон мешавад.

Дар расми рангаи 6.2.5 галақтиқаи ҳеле ҳуб омуҳташудаи туманоти Андромеда тасвир ёфтааст, қи аз бисёр чиҳат системаи ситорагии Г алақтиқаи моро ба ҳотир меорад.

Бо мақсади чоИгиршавии баИнияқдигарии ситораҳоро омуҳтан ба ҳолати дидашавандагии онҳо назар қарда, масофаи баИни мушоҳидачИ ва ҳамон ситораҳоро муаИян қардан зарур аст.

Масофа бо усули параллақси солонаи ситораҳо ё ҳуд қунче, қи дар таҳти он аз ситора масофаи Замину Офтоб менамояд, муаИян қарда мешавад. Дар ҳақиқат, агар параллақси ситора ҳудуди қунчи р = 0,002″ ± 0,01 “-ро дар бар гирад, он гоҳ масофа то ситора мувофиқи формулаи г=-р пс (парсеқ), то ба 100 пс баробар мешавад. Масофа то ситораи дураҳшони ба мо наздиқтарин (а Кентавр) бо ҳамин усул муаИян қарда шудааст, қи он ба 1,33 пс баробар аст.

Тақсимшавии ситораҳо дар Галақтиқа. Бо мақсади муаИянқунии миқдори ситораҳо дар қисмҳои гуногуни Г алақтиқа мафҳуми зичии ситорагИ, яъне миқдори ситораҳо дар воҳиди ҳачми

Галактика кабул карда шудааст. Ба сифати воҳиди ҳаҷм 1 пс3 қабул шудааст. Ҳисюбккниҳо нишон медиҳднд, ки дар ҳудуди Офтоб дар

  • пс3 то 0,12 ситораҳо ҷойгир шудаанд ва масофаи байни онҳо ба
  • пс(2 пс = 2-31 1012км = 62- 1012 км) баробар аст.

Ҳангоми бо ҷашм ба 10-и квадратии Галактика назар кардан зичии ситораҳо дар бурҷи Персей ҷунон кам аст, ки ҳатто бо ҷашми одй онҳоро муқоиса карда шиноҳтан мушкил аст. Дар мавриди пайи ҳам ба бурҷҳои Зотулкурсй (Кассиопея) ва баъд ба бурҷи Ҷавзо наздик шудан, равшании Роҳи Каҳкашон торафт меафзояд.

Он аз бурҷи Укоб ибтидо гирифта, ба ду шоҳа ҷудо шуда, аз бурҷҳои Укоб, Сипар, Морафсой, Каве ва Акраб мегузарад. Вале ба душоҳа ҷудо шудан ин ҳакикати ҳол нест. Аз доҳили шоҳаҳои Га- лактика бо андозаҳои ниҳой туманнокиҳои ҷангу губори тира мегу- зарад. Онҳо нури ситораҳоро фуру мебаранд ва бинобар сабаби ҳирагии муҳит ҷудо карда омуҳтани андоза ва соҳти ситораҳои ҳамон муҳит мушкил мегардад. Ин гуна тирашаклиро инҷунин дар дигар мавзеъҳои Роҳи Каҳкашон дидан мумкин аст.

Ҳангоми ба тарафи маркази Галактика наздик шудан зиҷии микдори ситораҳо зиёд шуда меравад. Вале тумани ҷангу губори кабатҳои поёнии Галактика барои ҷудо карда омуҳтани ин сито- раҳо садди роҳи мушоҳида мешаванд.

Дар лаҳзаи аз мавкеи Офтоб ба тарафи мукобил ё ба канори Галактика гузаштан зиҷии ҷойгиршавй ва микдори ситораҳо ҳеле кам мешавад.

Ҳаракати Системаи офтобй, ситорахо ва чархзании Галактика. Ҳаракати Офтоб ва ситораҳо дар Галактика ба ҳаракати сайёраҳои Системаи офтобй монанд мебошанд, вале дар ин ҷо ҳамвории ҳаракат ба меҳвари ҷарҳзании Г алактика перпендикуляр аст.

Суръати ҳаракати ҷарҳзании онҳо аз марказ ба тарафи канор аввал зиёд шуда, дар мавзеи Системаи офтобй то ба 240 км/с мера- сад ва минбаъд он кам шуда меравад.

Офтоб ва ситораҳое, ки минтакаи канориро ташкил медиҳанд. такрибан дар 200 млн сол 1 маротиба дар атрофи Галактика давр мезананд, ки онро соли галактикй меноманд.

Системаи Офтобй дар доҳили Г^акгика такрибан дар масофаи 2/3 радиуси он ҷойгир шуда, ба тарафи бурҷи Ҷ,осй (Геркулёс) ба нуктае, ки апекс номида шуда, координатаҳои галактикааш а = 270° ва р = 30° мебошад, бо суръати 20 км/с ҳаракат мекунад.

СЛНО.ЛҲО БАРОИ ТАКРОР———————————————— ҷ

  1. Г алактнка гуфта, чиро меноманд ваончй гуна шакл дорад?
  2. Рохи Кахкашон гуфта, чиро меноманд?
  3. Т афовути фахмиши Галактика ва Рохи Кахкашонро шарх дихед.
  4. Рохи Кахкашон аз кадом бурчхо мегузарад?
  5. Галаситорахо (тарокуми ситорагй) гуфта, чиро меноманд?

 

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …