Главная / Биология / ГАСТРУЛЯТСИЯ

ГАСТРУЛЯТСИЯ

Бластула аз миқдори зиёди бластамераҳо иборат буда (ма- салан, дар нештаршаклҳо аз 3000 ҳуҷайра), дар рафти инкишоф ба давраи нав мегузарад, ки гаструла (аз калимаи юнонӣ даз1го меъда) ном дорад. Дар ин давра ҷанин аз қабатҳои ҷудошудаи ҳуҷайрагӣ баргчаҳои ҷанин иборат аст. Қабати беруниро экто- дерма (аз калимаи юнонии ес1о берун) ва даруниро энтодерма (аз калимаи юнонии еп1о дарун) меноманд. Маҷмӯи равандҳое, ки ба пайдоиши гаструла мусоидат мекунанд, гаструлятсия номи- да мешавад.

Дар нештаршаклҳо гаструлятсия дар натиҷаи фурӯ рафтани як тарафи девораи бластула, ки дар натиҷа ҷавфи аввали ҷисм пайдо мешавад, ба вуҷуд меояд.

Барои исботи ин гуфтаҳо тӯби сӯрохшудаи кӯдаконро мисол меорем. Тӯби рангини резинй аз мобайн бо хат ҷудо шудааст. Агар тӯбро тарзе гузорем, ки шакли коса пайдо шавад, девораи он аз ду қабат иборат буда, ба шакли гаструлаи нештаршаклҳо монанд мешавад. Дар ин ҳолат вазифаи эктодермаро қабати бо- лой ва вазифаи энтодермаро қабати дарунй (фурӯрафта) иҷро ме- кунад. Дар ҳайвоноти серҳуҷайра, ғайр аз рӯдаковокҳо, баробари гаструлятсия қабати сеюмй ё баргаки ҷанин мезодерма (аз калимаи юнонии те8О8 дар мобайн ҷой гирифтан) низ пайдо мешавад.

Мезодерма аз маҷмӯи унсурҳои ҳуҷайрагй, ки дар байни экто ва энтодермаи ҷавфи аввалини ҷисм ҷой доранд, иборат аст. Бо пайдо шудани мезодерма ҷанин сеқабата мешава.

Ҳамин тавр, моҳияти раванди гаструлятсия дар он аст, ки массаи ҳуҷайраҳо бо ҳам омезиш меёбанд, вале ҳуҷайраҳои ҷа- нинй тақсим намешаванд ва намесабзанд. Дар ҳамин давра исти- фодаи ахбори генетикии ҳуҷайраҳои ҷанин сар шуда, аломатҳои нахустини тафриқашавй ба назар мерасанд.

Тафриқашави раванди пайдоиши тафовут ва зиёд шудани сох- тор ва вазифа дар байни ҳуҷайраҳои алоҳида ва қисмҳои ҷанин мебошад. Аз нуқтаи назари морфологи тафриқа шудан ба вуҷуд омадани садҳо навъ ҳуҷайраҳо, ки сохторашон махсус ва аз ҳам- дигар фарқкунанда мебошанд.

Аз нигоҳи биохимиявӣ бошад, тафриқашавӣ махсус гардида- ни ҳуҷайраҳо баҳри синтези сафедаҳои муайян мебошад, ки бо ҳа- мон навъи ҳуҷайраҳо хоссанд. Масалан, дар пӯст, дар ҳуҷайраҳои эпителия кератин синтез мешавад. Дар эритроситҳо гемоглобин, дар ҳуҷайраҳои бофтаи ғадуди зери меъда инсулин ва ғайра син- тез мешавад.

Махсусгардии биохимиявии ҳуҷайра фаъолияти фарқкунии генҳоро таъмин намуда, дар ҳуҷайраи баргакҳои ҷанинӣ, ки ба узвҳо ва системаҳои муайян ибтидо мегузоранд ба тафовут ҳосил кардани генҳо мусоидат менамоянд.

Дар натиҷаи тафриқаи ҳуҷайраи баргакҳои ҷанин аз ҳисоби эктодерма силсилаи асаб, узвҳои ҳис, пӯст, сири дандон ба вуҷуд меояд. Аз энтодерма бошад, рӯдаи мобайнӣ, ғадудҳои ҳазми хӯрок, ҷигар ва ғадуди зери меъда, ғалсама ва шуш, аз мезодерма бофтаи мушакӣ, бофтаи пайвандӣ, системаи гардиши хун, гур- даҳо, ғадудҳои ҷинсӣ ва ғайра ташаккул меёбанд. Дар ҷонваро- ни гуногун аз баргакҳои якхелаи ҷанин узву бофтаҳои якхела ба вуҷуд меоянд. Ин далели монандии онҳост.

Монандии баргакҳои ҷанини аксари ҳайвонот исботи ягона- гии олами ҳайвонот мебошад.

Органогенез

Баъди ба охир расидани гаструлятсия дар ҷанин узвҳои мар- казӣ, ба монанди найчаи асаб, хорда, найчарӯда пайдо мешаванд. Дар нештаршаклҳо узвҳои марказӣ ба чунин роҳ ташаккул меё- банд (расми 7.4).

Расми 7.4. Умумияти хатҳои узвҳо дар нештаршаклон:

А – гаструла, Б, В – ташаккули найчаи асаб, Г – ташаккули хорда, найчаи рӯда ва мезодерма, 1 – эктодерма, 2 – энтодерма, 3 – мезо- дермаи ибтидоӣ, 4 – ҷавфи рӯда, 5 – қабати асаб, 6 – найчаи асаб, 7 – хорда, 8 – ҷавфи дуюмини бадан.

Эктодермаи тарафи тахтапушт хам гашта, ба новача табдил меёбад. Эктодермаи ҷонибҳои чап ва рост бошад, меафзояд ва бо- лои новачаро мепӯшонад. Новача ибтидои силсилаи асаб буда, ба эктодерма фурӯ меравад ва паҳлуҳои он бо ҳам пайваст мешаванд.

Ҳамин тавр, найчаи асаб ба вуҷуд меояд. Аз қисми дигари боқимондаи эктодермаи ибтидоӣ пӯстпарда пайдо мешавад. Дар ин зина ҷанинро нейрула меноманд. Қисми тахтапуштии энто- дерма, ки дар зери асаб ҷойгир аст, аз дигар қисмҳо ҷудо шуда, печутоб мехӯрад ва тасмаеро ба вуҷуд меорад, ки онро хорда ме- номанд. Аз қисми боқимондаи энтодерма, мезодерма ва эпителяи рӯда инкишоф меёбад. Тафриқашавии минбаъдаи ҳуҷайраҳои ҷа- нин ба пайдо шудани баргакҳои бисёри озод, яъне узву бофтаҳо оварда мерасонад.

Индуксияи ҷанин

Мушоҳидаҳои ҳуҷайратухми бордори қурбоққа имкон до- данд, ки тарзи инкишофи ҳуҷайраҳои ин ё он қисми ҷанин омӯхта шаванд. Маълум гардид, аз ҳуҷайраҳое, ки дар бластула ҷойҳои муносиб доранд, узвҳои аввалин ба вуҷуд меоянд. Ҳамчунин, муқаррар шуд, ки аз кадом гурӯҳи ҳуҷайраҳо найчаҳои асаб, хор- да, мезодерма, эпетилияи пӯст пайдо мешаванд. Дар ҳақиқат, дар организмҳои қобили инкишоф (угто) аз ҳуҷайраҳои муайяни иб- тидоӣ узву бофтаҳои муайян ба вуҷуд меоянд, вале дар мавриди берун аз организм парвариш кардани ҳуҷайраҳои ҷанин (дар про- бирка ^йго) онҳо ин қобилиятро гум мекунанд.

Чаро ҳуҷайраи ҷанин ба бофта ё узви мушаххас табдил меёбад?

Ба ин савол бори нахуст олими барҷастаи олмонӣ, асосгузори эмбриологияи таҷрибавӣ Г.Шпеман мароқ зоҳир намудааст.

Солҳои 20-30-юми асри ХХ Шпеман чунин таҷриба гузаро- нид. Аз ҷанини қурбоққа дар давраи аввали гаструлӣ маншаи хорда ва ҳамроҳи он маншаи мезодермаро бурида, ба зери экто- дермаи ҷанини дигар, ки аз вай бояд пӯст пайдо мешуд, ҷойгир кард (расми 7.5).

Расми 7.5. Нақшаи кӯчонидаи қисми ҷанин дар давраи аввали гаструла:

  • – хордомезодермаи ибтидоӣ,
  • – ҷавфи бластула.

Дар ҷойи часпиши қисми кӯчонида бо эктодерма аз ҳисоби ҳуҷайраҳои ибтидой пӯстпарда дар ҷанини найчаи дуюми илова- гии асаб пайдо шуд, вале аз ҳуҷайраҳои бегона бошанд, хорда ва мезодерма ба вуҷуд омаданд. Дар таҷрибаҳои дигар дар ҷойи кӯ- чонидашуда як системаи томи узвҳои марказй, ба монанди асаб, хорда, мезодерма (расми 7.6) ташаккул ёфтанд. Ҳамаи ин дигар- гуниҳо дар баробари инкишофи муътадили қисмҳои дигари ҷа- нин ба амал меоянд. Ҳолатеро, ки як гурӯҳи ҳуҷайраҳои ибтидой ба қисми дигари ҷанин таъсир мерасонанд, индуксияи ҷанинӣ ме- номанд. Индуксияи ҷанинӣ дар инкишофи ҷанин аҳамияти калон дорад. Агар дар зинаи аввали гаструла ҳуҷайраҳои ибтидоии хор- даро пурра гирифта партоем, он гоҳ найчаи асаб тамоман инки- шоф намеёбад. Дар сурати ба ҷойи экдодермаи тахтапушти ҷанин (аз вай найчаи асаб пайдо мешавад) ба вуҷуд омадани пӯстпарда,

ҷанин маҳв мегардад.

Расми 7.6. Ҷанини аввал

(аз боло) ва дучори индуксия шудани самандар (аз поён):

  • – найчаи якумини асаб,
  • – хорда,
  • – найчаи асаби индуксияшуда;
  • – хордае, ки аз ҷанини кӯчонида инкишоф меёбад.

Дар натиҷаи омӯзиши инкишофи ҷанин маълум гардид, ки оғози ташаккули хорда на фақат бо индуктори найчаи асаб, бал- ки ба индуксияи ҳуҷайраҳои ибтидоии силсилаи асаб низ муҳтоҷ аст.

Дар давраи инкишофи ҷанин индуксия яктарафа набуда, бал- ки таъсири мутақобилаи қисмҳои ҷанин ба вуҷуд меояд. Ҳамин тавр, метавон ба чунин хулоса омад: ҳолате, ки дар ҷараёни эм- бриогенез қисми аввали ҷанин ба қисми дигари он таъсир расон- да, роҳи инкишофи онро муайян мекунад, индуксияи ҷанинӣ но- мида мешавад.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Инкишофи ҷанини ҳайвонот чӣ гуна аст?
  2. Давраҳои инкишофи ҷанини ҳайвоноти серҳуҷайраро номбар кунед.
  3. Давраҳои порашавиро шарҳ диҳед.
  4. Фарқи порашавӣ аз тақсимшавии митозии ҳуҷайраҳои ҳайвон дар чист?
  5. Ҷанини дуқабата чӣ гуна пайдо мешавад?
  6. Дар рафти инкишофи ҷанин кадом баргакҳо пайдо мешаванд?

Истилоҳот:

  1. Давраи ҷанинӣ – давраи инкишофи организм аз вақти ба вучуд омадани зигота то таваллуд шудан ё аз пардаи тухм берун баромадан.
  2. Индуксия – таъсири як бофта (чанин) ба қисмҳои дигари чанин дар рафти эмбриогенез рафти инкишофи онро дар оянда муайян мекунад.
  3. Порашавӣ (тақсимшавӣ) – раванди пайдо шудани чанини якқабат, яъне бластула.
  4. Гаструлятсия – раванди пайдо шудани чанини дуқабата, яъне гаструла.
  5. Баргакҳои чанин – қабатҳои алоҳидаи ҳучайраҳо, ки дар чанин чойи муайянро дошта, узву бофтҳои мушаххасро пайдо мекунанд.
  6. Органогенез – пайдоиш, ташаккул ва тафриқшавии узвҳо дар ин- кишофи чанинӣ.
  7. Онтогенез – мачмӯи ҳодисаҳое, ки дар организм аз вақти пайдо шудани зигота то фавти онро дар бар мегирад.

Тестҳо

  1. Бластула аз чанд бластомераҳо иборат аст?

а)    даҳиҳо; б) садиҳо; в) ҳазорҳо.

  1. Гаструла аз чӣ пайдо мешавад?

а) бластомераҳо; б) бластула; в) баргчаҳои чанин.

  1. Ҷанин аз чанд қабат иборат аст?

а) ду; б) се; в) чор.

  1. Гаструла аз кадом забон гирифта шудааст?

а) англисӣ; б) лотинӣ; в) юнонӣ.

  1. Дар кадом давр тафриқашавии аломатҳо оғоз мешавад?

а) бластулаҳо; б) гаструлаҳо; в) бластомерҳо.

  1. Тафриқашавӣ чист?

а)    махсусгардонидани ҳучайра ва бофта барои вазифаи муайян;

б)     фарқи сохтори ҳучайра; в) инкишофи бластомера.

  1. Аз эктодерма чӣ пайдо мешавад?

а) узвҳои ҳис; б) ғалсама ва шуш; в) гурдаҳо.

  1. Органогенез чист?

а) пайдоиши узвҳо ва тафриқашавии онҳо; б) боҳамтаъсирии узвҳо;

в)     фарқи узвҳо.

  1. Асосгузори индуксияи чанин кӣ буд?

а) Г.Шпеман; б) Ф.Мюллер; в) И.Мечников.

  1. Индуксияи ҷанин чӣ маъно дорад?

а)  мудоме, ки як гурӯҳи ҳуҷайраҳои ибтидоӣ ба қисми ҷанини дигар таъсир мерасонанд.

б)    боҳамвобастагии ҳуҷайраҳо; в) боҳамвобастагии бофтаҳо.

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …