Гирифтани намунаи маҳсулот
Намунаи молу маҳсулот дар асоси қарори хаттии ваҷҳноки роҳбар ё муовини роҳбари мақомоти санҷишӣ тибқи қонунгузории амалкунанда I ириф га мешавад. Дар қарор оид ба гирифтани намунаи молу маҳсулот нишон дода мешавад, ки барои ҳар як номгӯй (намуд)-и молу маҳсулот (на камтар аз ду номгӯй) барои ташхис чӣ қадар намуна гирифтан лозим аст ва ташхис бояд дар куҷо анҷом дода шавад. Вобаста ба ин микдори намунаҳои гирифташуда ба микдори дар қарори мақомоти санҷишй нишондодашуда бояд мувофиқат намояд.
Намунаи молу мақсулот дар қузури намояндаи (роҳбар ё муовини) ташкилоти санҷидашаванда, худи соқибкори инфиродӣ с шахси ваколатдори онҳо гирифта мешавад, ки ҳуқуқ доранд вобаста ба масъалаҳои гирифтани намунаи молу маҳсулот ҳар гуна арзу шикоят пешниҳод кунанд, ки он бояд дар протоколи дахлдор ҳатман дарҷ карда шаванд.
То гирифтани намунаи молу маҳсулот шахси санҷишгар бояд намояндаи (роҳбар ё муовини) ташкилоти санҷидашаванда, соҳибкори инфиродӣ ё шахси ваколатдори онҳоро бо қарор оид ба гирифтани намуна ва тарзи амалӣ кардани ин амалиёт шинос намояд.
Дар ин маврид санҷиши сифати молҳо, ашёи хом, моддаҳо, нимфабрикатҳо, маснуоти пайвастшаванда, ки намунааш гирифта шудааст, дар ҷояш ё дар озмоишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти санҷишгар (буҷети дахлдор) анҷом дода мешавад. Вале агар ҳангоми санҷиш ё озмоиш муқаррар карда шавад, ки молҳои пастсифат ва/ё қалбакӣ ба фурӯш бароварда шудаанд, субъекти хоҷагидорие, ки ин гуна молҳоро ба фурӯш баровардааст, хароҷоти гузаронидани озмоишро бояд ба пуррагӣ ҷуброн намояд.