Ҳаҷҷи хонаи Худо Каъба, ки дар шаҳри Макка аст яке аз аркони ислом буда, ба марди болиғу оқил ва озоду муслим ба шарте, ки сиҳату қудрату имконоти молии сафарро дошта бошад ва то рафта баргаштан касоне, ки дар нафақаи ӯянд аз волидайну зану фарзанд нафақа ва амният дошта бошанд, тавсия шудааст. Дар сурати вуҷуди чунин шароит ҳаҷҷи хонаи Худо барои мӯъмин ҳадди ақал як бор дар умр фарз аст.
Дар ислом Каъба ва санги сиёҳ (ҳаҷарул-асвад) ш а ъ о и р и Худо мебошанд. Дар Қуръон омада аст: “Ҳар ки таъзим ба аломатҳо (шаъойир)-и Аллоҳ кунад, пас ин таъзим аз тақво ва парҳезгарӣ аст” (Қ.22:32). Маънии “шаъойир”- ҷамъи “шаъира” аломат ё маросим аст. Пас ҳар чизе, ки аз дидани он Худо ёд ояд аз шаъойири Аллоҳ аст. Уламо ба чаҳор шаъоири асосии Худо: Қуръон, Каъба, набӣ ва намоз (салот) ишора кардаанд.
Ҳаҷҷ дар моҳи Зулҳаҷҷа баргузор мешавад ва дорои як қатор маносик, аз ҷумла: тавоф (гаштан дар атроф— хонаи Каъба ва зиёрат ва ламси санги сиёҳ, рафтан ба водии Мино ва Муздалаф ва Арафот ва баромадан ба кӯҳи Арафот, санг партофтан дар водии Мино ба шайтон, ки мувофиқи ривоёт, ҳангоми ба қасди қурбонӣ бурдани Исмоил тавассути падараш Иброҳим, Исмоилро васваса кардан мехост. Инчунин ҳафт бор давидан байни Сафо ва Марува. Ва ниҳоят рӯзи даҳуми Зул-ҳиҷҷа, баъд аз санг партофтан ба Иблис, хоҷиён қурбонӣ мекунанд ва ин рӯз рӯзи иди Қурбон аст.
Маросими ҳаҷҷ, чунон ки гуфтем, қабл аз ислом дар дини қадимаи бисёрхудоӣ–бутпарастии арабҳо низ ҷой дошт ва хонаи Каъба ҳанӯз дар давраи ҷоҳилия байни арабҳо чун хонаи худоён –бейтил маъруф буд ва аъроб ҳар сол онро зиёрат мекарданд. Аммо дар Қуръон хонаи Худо– Каъбаро дар сураи “Оли Имрон” ҳамчун аввалин хонае, ки барои макони ибодати мардум бино шуда ва роҳнамое барои оламиён, ҳамчун мақоми Иброҳим ва макони амн барои касоне, ки ба он дохил мешаванд муъаррифӣ ва ҳаҷҷи онро барои онҳое, ки қудрату тавоноӣ доранд фарз эълом кард.\Қ. 3:96-97\ Дар ҳамин сура Иброҳми халилуллоҳ аввалин пайрави дини ҳаниф яктопарастӣ ва бунёдгузори хонаи Каъба шиносоӣ шудааст. Дар ҳамин замина ривоёти исломи пайдоиши хонаи Каъба, чашмаи Зам–зам ва як қатор маносики дигари ҳаҷҷро (масалан, давидан байни Марва ва Сафо, санг андохтан ба Иблис\ шайтон\ , қурбонӣ ва ғ-ро) бо ҳаводиси зиндагии Иброҳим, каниззани ӯ Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоил вобаста кардаанд. Маросими нави ҳаҷ)ҷ(, баъд аз фатҳи Макка– аз соли ҳаштум то даҳуми ҳиҷрат ҳамзамон бо охирин ҳаҷҷи Паёмбар (с)– “ҳаҷҷи видоъ” барқарор ва расмият ёфт.
Фалсафаи ҳаҷҷро ҳамчун як маросими ҳамраъйи ва ҳамдилии мусалмонон, воситаи барқарории алоқа, ваҳдати миллатҳои гуногун ва баробарии ҳамаи табақот ва инсонҳо, сарфи назар аз ранги пӯсту нажод, мақому мартаба, дороӣ таъбир кардан мумкин аст, ки нақши хело созандае дар росто дошта ва дорад.
Инҳоянд маросимҳои асосии мазҳабии ислом, ки дар Қуръону сунна ва кутуби маъруфи шаръӣ омадаанд ва дар бораи баргузории онҳо беш аз ҳама таваҷҷӯҳ шудааст. Аммо дар байни мусалмонон маросимҳое низ ҳастанд, ки дар шариъати ислом дар бораи ҷузъиёти он, фарзияти баргузории онҳо, ҳадди ақал дар шакли имрӯзаашон, чизе гуфта нашудааст. Яке аз чунин маросимҳо масалан х а т н а, онро суннати муаккида мешуморад, вале дар бораи маросими он (аз қабили ҷашну туйҳое дар мартабаи гуногун ва расму русуми ин қабил маъракаҳо) дар сарчашмаҳои ислом, алалхусус Қуръон чизе гуфта нашудааст. Ин маросими исломӣ- аниқтараш ин анъанаи қадимаи халқҳои сомӣ дар байни мусалмонони мо бо анъанаҳои маҳаллии қабл аз исломӣ ва ё расму русумҳои нав омехта шуда, аз ҷиҳати маросимӣ аз ислом ниҳоят дур гардида, дар баробари ин қариб ки нишонаи асосии мусалмонӣ ва мусалмон будан ба шумор меравад.