Аз рӯйи хосияти химиявиаш пӯлод ба пӯлоди карбонӣ ва пӯлоди легиронӣ тақсим мешавад. Барои истеҳсоли пӯлоди легиронӣ ва ба онҳо додани хосиятҳои махсус ба таркиби пӯлод моддаҳои гуногун: хром, никел, титан, молибден, ванадий, волфрам ва ғ. илова карда мешавад.
Пӯлод устувор ва пластик аст. Пӯлодро кӯфтан, варақа кар- дан, ба қолиб рехтан, ба шакли сим ёзонидан мумкин аст.
Вобаста ба соҳаи истифодааш пӯлод ба пӯлодҳои тарроҳӣ (конструксионӣ), таҷҳизотӣ (инструменталлӣ) ва махсус тақсим мешавад.
Пӯлоди тарроҳӣ ба дараҷаи баланд устувор ва пластик аст, аз ин рӯ онро барои тайёр кардани лавозимоти мошин, конструксияҳои гуногун ва сохтани иморатҳои баландошёна истифода мебаранд.
Пӯлоди таҷҳизотӣ (инструменталлӣ) ба дараҷаи баланд усту- вор, сахт ва хӯрданашаванда аст.
Аз он асбобҳои буранда ва тезкунанда, қолаб (штамп)-ҳо сох- та мешаванд. Пӯлодҳои тезбуранда, ки ҳатто дар ҳароратҳои баланд (600-700°С) ҳам хосияти бурандагии худро гум намекунанд, ба гуруҳи алоҳида дохил мешаванд.
Гуруҳи алоҳидаро пулодҳои махсус (зангназананда, магнитӣ, ба гармӣ тобовар) ташкил медиҳанд, ки онҳо дар ҳарорати ба- ланд, намнокӣ, муҳити кислотагӣ ва ғ. нисбати коррозия устуво- ранд ва барои тайёр кардани лула (труба)-ҳои газӣ, муҳаррики реактивӣ, ҷиҳози магнитии реактивӣ истифода бурда мешаванд.