Главная / Илм / Хром, оҳан ва пайвастагиҳои онҳо

Хром, оҳан ва пайвастагиҳои онҳо

Дар оксиген сӯзондани оҳан. Ба нӯги сими пӯлодӣ гӯгирд- чӯбро баста даргиронед ва дар склянкаи калонҳаҷм, ки пур аз ок- сиген аст, ворид намоед (қаъри склянка бояд рег дошта бошад).

Дар хлор сӯзондани оҳан. Хокаи оҳанро дар қошуқчаи оҳанӣ сахт тафсонда, онро ба склянкаи пур аз хлор андозед (қаъри склянка бояд рег дошта бошад).

Супоришҳо: 1. Зимни дар а) оксиген, б) хлор сӯхтани оҳан чӣ гуна моддаҳо ҳосил мешаванд? 2. Дар ин реаксияҳо чӣ оксидку- нанда ва чи барқароркунанда аст? 3. Муодилаи реаксияҳои дахл- дорро бо ишораи дараҷаҳои оксидшавии элементҳо нависед.

  1. Таъсири мутақобили охан ва кислотаҳои консентронида. Ба ду пробирка каме оҳанреза андозед. Ба як пробирка камтар кисло- таи консентронидаи сулфат ва ба дигараш маҳлули дорои 50-60% кислотаи нитрат резед. Агар реаксия оғоз нашавад, пробиркаҳоро қадре гарм кунед.

Супоришҳо: 1. Дар натиҷаи таъсири мутақобили оҳан ва а) кис- лотаи консентронидаи сулфат, б) аз кислотаи консентронидаи ни- трат чи гуна моддаҳо ҳосил мешаванд? 2. Муодилаи реаксияҳои дахлдорро бо нишон додани интиқоли электронҳо нависед.

  1. Истеҳсоли гидроксиди охан (II) ва таъсири он ба кислотаҳо. Ба пробирка 2-3 мл маҳлули сулфати оҳан (II) резед ва аз болояш камтар маҳлули гидроксиди натрий илова кунед. 2. Ба таҳшини ҳосилшуда каме кислотаи хлорид илова кунед.

Супориши 1. Гидроксиди оҳан (II) ва гидроксиди оҳан (Ш)-ро чи тавр ҳосил мекунанд? 2. Ранги таҳшинҳои ҳосилшуда чи гуна аст? 3. Дар натиҷаи таъсири мутақобили таҳшинҳои ҳосилшуда ва кислотаҳо чи гуна моддаҳо ба даст меоянд? 4. Муодилаҳои реаксияҳои дахлдорро дар намуди молекулави, иони ва мухтаса- ри ионИ нависед. 5. Ионҳои Ғе2+ ва Ғе3+-ро чИ тавр муайян кардан мумкин аст?

  1. Истеҳсол ва хосиятҳои оксиди хром (III)

а)  Ба бӯтаи чинигии хурд камтар дихромати аммоний гиред ва бӯтаро ба секунҷаи чинигии ҳалқаи штатив гузоред. Ба зери бӯта варақи коғаз гузоред. Бӯтаро бо шуълаи лампачаи спиртИ гарм кунед. Вақте ки таҷзия (ба ҷузъҳо тақсимшавИ)-и бихромати аммоний сар мешавад, лампачаи спиртиро гиред. Оксиди хром (Ш)-и ҳосилшударо ҷамъ кунед. Муодилаи реаксияро нависед.

б)  Ба хокаи оксиди хром (Ш)-и ҳосилшуда бо об, маҳлули се- роби кислотаҳо таъсир гузаронед. Оё оксиди хром (III) дар об ва маҳлули сероби кислотаҳо ҳал мешавад?

  1. Истеҳсол ва хосиятҳои гидроксиди хром (III)

а) Ба пробирка маҳлули намаки хром (III) гирифта, то ҳосил шудани таҳшини гидроксиди хром (III) қатра-қатра маҳлули гид- роксиди натрий ҳамроҳ кунед. Ранги таҳшинро қайд кунед. Муо- дилаи реаксияро нависед.

б) Таҳшинро ба ду пробирка тақсим кунед. Ба пробиркаи якум маҳлули сероби кислота, ба дуюмаш миқдори барзиёди маҳлули ишқор илова кунед. Муодилаи реаксияро нависед. Гидроксиди хром чӣ хел хосият дорад? Ранги маҳлули ҳосилшударо қайд ку- нед.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …