Қобилияти организмҳои зинда, ки дар шароити мунтазам тағйирёбандаи муҳит умр ба сар бурда, тар- киби химиявӣ ва равандҳои физиологии хешро доимӣ нигоҳ ме- доранд, гомеостаз номида мешавад. Дар сурати аз муҳити берун кам ворид шудани ягон моддаи ғизоӣ организм захираҳои до- хилии хешро истифода мекунад; агар моддаи ғизоӣ бисёр дохил шавад, онро захира менамояд. Ин гуна амалҳо бо роҳҳои гуно- гун ва тавассути фаъолияти танзимгарии системаи асаб, систе- маи ҳормонӣ ва ғайраҳо иҷро мешаванд. Бо тағйирёбии миқдо- ри ин ё он модда ё ҳолати ин ё он система амали танзимсоз ба фаъолият медарояд.
Инчунин кобед
Бемориҳои хромосомй
Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …