Антарктидаро уқёнуси Ҷанубй печонида гирифтааст. Иқлим ин қитъа яхӣ буда, дар рӯйи замин аз ҳама шаддидтарин ба ҳисоб меравад (расми 60, 61). Ҳарорат дар назди соҳилҳои ин ҷо то -10°С ва дар маркази қитъа то -50 – 60°С паст мефарояд. Боришоти миёнаи солонаи ин қитъа, ба 120 мм мерасад. Иқлими хушк ва шадиди Антарктида бо сатҳи қабатҳои барфӣ алоқаманд буда, баландии онҳо ба ҳисоби миёна то 3000-3500 м мерасад. Расиши офтоб дар ин ҷо хеле кам аст ва норасоии онро интиқоли гармӣ аз атмосфера пурра мекунад.
Инчунин кобед
Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …