Дар иқлими субарктикӣ (субантарктикй) зимистон ҳавои арктикӣ (антарктикӣ) ва тобистон ҳавои арзҳои мӯътадил бартарй доранд. Дар ин минтақа ду типи иқлим фарқ карда мешавад – қитъавӣ ва уқёнусӣ. Иқлими субарктикии қитъавӣ дар нимкураи Шимолӣ ва уқёнусӣ бошад, дар нимкураи ҷанубй бартарӣ дорад.
Дар қисми шимолии Евразия ва Амрикои Шимолӣ минтақаи Тундра ҷойгир шудааст. Ҳарорати аз ҳама баланди ин ҷо 10-12°С буда (ҳудуде, ки дарахтон мерӯянд), боришот 300 мм-ро ташки мекунад. Дар қисми нимкураи Ҷанубӣ (соҳилҳои Антарктида) ҳарорат тобистон ба сифр баробар аст. Зимистон дар назди соҳилҳо ҳарорат то -20°С ва пасттар мефарояд.