Ҳукумати Карденас дар мамлакат ислоҳоти заминро гузаронд. Мақсади ислоҳот мустаҳкам кардани ҷамоаҳои деҳқонӣ – ихдо буд. Дар рафти ислоҳот заминҳои заминдорони калони хориҷӣ мусодира карда шуданд. Хоҷагиҳои калони сармоядорие, ки ба парвариши пахта ва хенекен мах- сус гардонида шуда буданд, зарар надиданд. Баръакс, баъд аз мусодира ба хоҷагиҳои калони кооперативӣ табдил ёфтанд.
Ҳукумати Карденас дар саноати нафти мамлакат бар зидди зӯроварии сармояи хориҷӣ мубориза мебурд. Дар Мексика истеҳсоли нафтро 17 корхонаи инҳисории англисӣ ва амрикоӣ, аз он чумла шуъбаҳои «Роял Датч Шелл» ва «Стандард Ойл» соҳиб шуда бу- данд. Солҳои 1934-1935 дар Мексика ширкати давлатии нафти «Пе- мекс» ташкил карда шуд. Маҳсулоти нафтие, ки ин ширкат дар ибти- до истеҳсол мекард, ҳамагӣ 0,2 фоизи талаботи мамлакатро қонеъ ме- гардонид. Инҳисорҳои амрикоӣ кӯшиш мекарданд, ширкати мексикоии «Пемекс»-ро барҳам диҳанд. Карденас барои мустаҳкам кардани мавқеи истеҳсолкунандагони дохилӣ баъзе чораҳои бочуръатона андешид. Ма- салан, ӯ 18 марти соли 1938 ба декрет дар бораи миллисозии моликия- ти ширкатҳои нафтистеҳсолкунандаи англисӣ ва америкоӣ имзо гузош- та, онҳоро ба ихтиёри «Пемекс» супурд. Дар чавоб ИМА аз робитаҳои иқтисодӣ бо Мексика – харидани нафт ва маводи хоми дигари он даст ка- шид, ба Мексика додани тачҳизоти техникии саноати нафтро қать кард. Дар зери фишори Англия Фаронса, Белгия ва Ҳолландия низ аз харида- ни нафти Мексика даст кашиданд. Вале ҳукумати Мексика ба ҳамаи ин мушкилиҳо тоб оварда тавонист. Дар ин кор хизмати Карденас бузург аст. Миллисозии саноати нафт ва роҳҳои оҳан бахш (сектор)-и давлатии иқтисоди Мексикаро хеле мустаҳкам кард ва барои ба вучуд овардани иқтисоди соҳибистиқлоли Мексика саҳми бузург гузошт.
Савол ва супориш
1. Инкилоби буржуазию демократии Мексика кай ба амал омадааст? 2. Унсурҳои демо- кратии Конститутсияи соли 1917-и Мексикаро баён кунед. 3. Дар бораи болоравии фаъоли- яти созмонҳои ҷамъиятию сиёсии Мексика далелҳо оред. 4. «Конститутсияхоҳон» киҳо бу- данд? 5. Дар бораи Ҳизби миллй – инкилобии Мексика ва президенти Мексика интихоб шу- дани Карденас накл кунед. 6, Президент Карденас барои пешрафти Мексика чӣ тадбирҳои иктисодию иҷтимоӣ андешид? 7. Ҳукуматҳои Англия ва Америка бар зидди Мексика чӣ тадбирҳои ҷавобии касосгирӣ андешиданд?