ИДОРАИ ҚИСМҲОИ ҲАРБИ
ВА ТАЪМИНИ НАМУДИ ҚӮШУНҲО
Дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳо, аз ҷумла, таҳди- ди хатарҳои терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои трансмиллӣ, хавфи бархурди тамаддунҳо, инчунин теъдоди рузафзуни ав- зои сиёсии ҷаҳон, вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлати- ву байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан ҷавонон масъа- лаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Дар шароити муҳим ва мушкили ҷаҳонӣ ба сохторҳои ни- зомӣ зарур аст, ки фаъолияти худро тақвият бахшида, барои ҳифзи марзу буми кишварамон, таъмини оромию бехатарии ҷомеа ҳамеша омода бошанд. Дар баробари омодагии ҳама- тарафаи ҳарбӣ масъалаи тарбия ва обутоби ҷисмониву маъ- навии наврасону ҷавонон муҳим аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, обутоби ҷисм, далеру шуҷоъ тарбия кардани насли наврасу ҷавон вазифаи муқаддаси оила ва муассисаи таълимӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ фанни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ омӯзонда мешавад. Маҳз наврасону ҷавонон мактаби мардонагию ҷасорат, ва- тандӯстию ватанпарастӣ ва муқаддас будани ҳар ваҷаб хоки ватанро бояд донанд, омӯзанд ва дар зиндагии худ истифода кунанд. Хизмат ба Ватан-Модар қарзи ҳар як шаҳрванд ва ҷа- вонмарди асил мебошад. Ҷавонон дар давраи хидмати ҳарбӣ ҳаматарафа обутоб ёфта, мактаби ҷавонмардиро мегузаранд ва ҳушёриву зиракиро омӯхта, барои эҳтиром ва таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии Ва- тан омодагии доимӣ мебинанд. Бинобар ин, тақозо мешавад, ки ҷавонписарон хизматро дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар қарзи шаҳрвандии худ ҳисобида, ихтиёрона бо сари баланд ба халқу Ватан хизмат кунанд. Худро ҳаматарафа об- утоб дода, барои ҳифзу ҳимояи Ватан ҳамеша омода бошанд. Ҷавондухтарон тавассути хизматрасониҳои тиббӣ, алоқа ва дигар намудҳои фаъолият метавонанд дар қисмҳои низомии кишвар сарбаландона ифои вазифа кунанд. Тайёрии касбӣ ва омодабошии низомии қисмҳои ҳарбӣ оромии Ватан, ҳар хо- надон ва шаҳрванд мебошад.
- Инсон омоДагии ҳарбии аввалияро Дар куҷо мегираД?
- Барои обутоби баДан чӣ бояД карД?
- «ХиДмат ба Ватан-МоДар қарзи шаҳрванДии ҳар ин- сон»-ро шарҳ ДиҳеД.
- «ДӯстДории Ватан-МоДар аз гаҳвора огоз меёбаД». АнДешаҳои шумо Доир ба ин гуфтор чист?