Главная / Илм / ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ДОРАНДАГОНИ ПАТЕНТ

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ДОРАНДАГОНИ ПАТЕНТ

Дар доираи мавзӯи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, масоили ҳифзи ҳуқуқҳои субъекти муаллифӣ ва воба- ста мавриди таҳлил қарор гирифта буданд. Бояд қайд намуд, ки бештари мафҳумҳо ва қоидаҳои ҳифзи ҳуқуқи патентӣ ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф монанданд. Бинобар ин, ҳифзи ҳу- қуқи патентиро ба таври фишурда таҳлил хоҳем кард. Таҳти мафҳуми ҳифзи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои қонунии ихтирокор ва дорандаи патент чораҳои бо қонун пешбинишударо оид ба эътироф ва барқароркунии онҳо, пешгирии ҳуқуқвайрон- кунӣ, татбиқи чораи ҷавобгарӣ ва худи баамалбарории ин чораҳо фаҳмида мешаванд.

Ҳифзи ҳуқуқҳои патентӣ низ бо истифодаи шакл, восита ва тарзҳои ҳифз, ки қонун пешбинӣ намудааст, ба амал ба- роварда мешавад. Барои ҳифзи ҳуқуқҳои патентӣ ба мисли дигар ҳуқуқҳои гражданӣ, шакли юрисдиксионии ҳифз, ки тартиби судӣ ва маъмурии ба амал баровардани чораҳои ҳифзро фаро мегирад, бештар натиҷадор аст. Зеро шакли номбурда, ба амал баровардани чораҳои ҳифзро тавассути мақомот ва идораҳои салоҳиятдори давлатӣ дар назар до- рад.

Тартиби маъмурии ҳифзи ҳуқуқҳои патентиро қонунгу- зории амалкунанда васеъ танзим намудааст. Овардани эъти- роз ба Шӯрои шикоятии Идораи патентии ҶТ, арзу шикоят дар нисбати қарори Шӯрои шикоятӣ, ҳолатҳои бо тартиби маъмурӣ ҳифз намудани ҳуқуқҳои патентӣ мебошанд. Баҳсҳои марбут ба вайрон карда шудани ҳифзи ҳуқуқҳои ихтироотро Шӯрои шикоятӣ дар доираи салоҳияти худ бар- расӣ менамояд.

Тартиби судии ҳифзи ҳуқуқи патентӣ низ, ҳамчун тарти- би умумӣ васеъ истафода мегардад. Мувофиқи м. 37 қонун дар бораи ихтароъ, судҳо мувофики салоҳияташон баҳсҳои зеринро баррасӣ менамоянд: дар бораи муаллифӣ ба ихти- роъ; дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ; дар бораи муқаррар намудани дорандаи патент; дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ; дар бораи вайрон карда шудани ҳуқуқи истисноии истифодаи ихтироъ ва ҳуқуқҳои дигари молумулкии дорандаи патент; дар бораи бастан ва ба иҷро расонидани шартномаҳо оид ба додани ҳуқуқҳои истифодаи ихтироот; дар бораи ҳуқуқи истифодаи пешин ва баъдӣ; дар бораи мувофиқи шартнома ба муаллиф аз ҷониби корфармо додани мукофотпулӣ.

Номгӯи овардашуда пушида набуда, бо тартиби судӣ баҳсҳои дигари ба ҳифзи ҳуқуқҳои патентӣ алоқаманд низ баррасӣ шуда метавонанд. Масалан, ҳангоми бо қарори Шӯрои шикоятӣ розӣ набудани шахси манфиатдор.

Ҳифзи ҳуқуқҳои патентии муаллиф он ва дорандагони патент тавассути тарзҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки қонунгузории амалкунанда пешбинӣ намудааст, ба амал бароварда меша- вад. Қонунҳои амалкунандаи ҶТ дар бораи ихтироъ ва дар бораи намунаҳои саноатӣ тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳои патенти- ро пурра танзим накардаанд. Аз ин лиҳоз, муқаррароти умумии қонунгузории гражданӣ дар бораи тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳои гражда- ниро истифода намудан мумкин аст. Муайян ва интихоб намудани тарзи дахлдори ҳифзи ҳуқуқҳои патентӣ, бо наза- рдошти моҳияти ҳуқуқи мушаххаси вайроншуда ва хислати ҳуқуқвайронкунии содиршуда анҷом дода мешавад.

Дар назарияи ҳуқуқи патентй, тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифони навовариҳои техникӣ ва дорандагони патентро ҷудо менамоянд. Ба сифати тарзҳои хифзи ҳуқуқҳои муалли- фон, эътирофи ҳуқуқи муаллифй, хориҷ намудани шахс аз доираи ҳаммуаллифон, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, беэътибор эътироф намудани патент, барқарор намудани ҳуқуқи вайроншуда, руёнидани мукофотпулиро номбар наму- дан мумкин аст.

Эътирофи ҳуқуқи муаллифӣ ҳамчун тарзи ҳифз, ҳангоми азхуднамоии маҳсули меҳнати эҷодии муаллиф татбиқ ме- гардад. Дархости шахси бевиҷдон ва ғайридахлдорро барои дастрас намудани патент, тавассути талаби пешгирии амали ғайриқонунӣ бартараф намудан мумкин аст. Номи ишора- нашудаи муаллифи ҳақиқии ихтироъро тавассути талаби барқарор намудани ҳуқуқи вайроншудаи муаллиф ба ном ҳифз намудан мумкин аст. Ҳуқуқи муаллифро ба мукофот- пулии пардохтнашуда ё қисман пардохтнашуда тавассути талаби маҷбуран руёнидани он ҳифз намудан мумкин аст.

Ҳар як шахси воқей ва ё ҳуқуқие, ки ихтироъро бо вай- рон кардани ҳуқуқҳои истисноии дорандаи патент истифода мебарад, вайронкунандаи ҳуқуқи истисноии дорандаи па- тент (вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ) ҳисобида меша- вад (м. 29 қонуни ҶТ дар бораи ихтироъ).

Ҳуқуқҳои дорандагони патент тибқи шартномаҳои иҷо- затдиҳӣ ва ғайришартномавӣ вайроншуда метавонанд. Ма- салан, вайронкунии шартномаи иҷозатдиҳӣ, дар иҷро накардани уҳдадориҳои шартномавии истифодабаранда ифода ёфта метавонад. Тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи дорандаи па- тент бо шартнома пешбинӣ шуда метавонанд, ё ин ки аз му- қаррароти умумии қонунгузории гражданӣ бармеоянд. Вай- ронкунии ғайришартномавии ҳуқуқҳои патентӣ дар дилхоҳ истифодаи беиҷозат ифода ёфта метавонад. Масалан, тағ- йири зоҳирии объекти моликияти саноатӣ, ки моҳияти онро дигар намесозад, асос барои вайроншуда эътироф намудани ҳуқуқҳои патентӣ мебошад.

Қонуни амалкунандаи ҶТ дар бораи ихтироъ тарзҳои маъмули ҳифзи ҳуқуқҳои дорандаи патентро пешбинӣ мена- мояд. Алалхусус, дорандаи патент ҳуқуқ, дорад, ки талабҳои зеринро гузорад: қатъ намудани вайронкунии ҳуҷҷати муҳо- физатӣ; аз шахси ба вайронкунии ҳуҷҷати муҳофизатӣ айбдоршуда ситонидани ҷуброни зарарҳое, ки расонида шудаанд, аз ҷумла фоидаи аздастдодашуда ва ҷуброни зара- ри маънавӣ (агар дорандаи патент муаллифи ихтироъ бошад); ба ҷои ҷуброни зарарҳо ситонидани даромади ба даст овардаи вайронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ; ба фо- идаи худ мусодира намудани маҳсулоти ба гардиши хоҷагӣ даровардашуда ва ё бо ин мақсад нигоҳдошташуда, ки вай- ронкунандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ҳисоб меравад, инчу- нин мусодираи воситаҳои барои вайрон кардани ҳуҷҷати муҳофизатӣ пешбинишуда; бо мақсади барқарор намудани эътибори кории худ дар нашрияҳои расмии Идораи патен- тии ҶТ нашр намудани қарори суд.

Тарзхои хифзи пешбининамудаи конун истисноӣ набуда, дигар тарзҳо низ вобаста аз ҳолати кор татбиқ шуданаш им- конпазир аст. Нисбати вайронкунандаи ҳуқуқҳои патентӣ, доранди иҷозатномаи истисноӣ, агар дар шартнома оид ба додани иҷозатнома ҳолати дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва ё дорандаи иҷозатномаи ғайриистисноӣ, агар ин дар шартнома пешбинӣ шуда бошад, низ даъвои судӣ карда ме- тавонанд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …