Главная / Илм / ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

Замони муосир давраи афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаро мемонад. Зеро теъдоди нашриётҳои хусусӣ, нуқтаҳои сабти овоз, нуктаҳои таҷдиди фонограмма, видеотолорҳо, ташкилотҳои гуногуни хусусию давлатии ВАО, шабакаҳои радио ва телевизион, ширкатҳои мобилӣ, интернетӣ ва монанди инҳо назаррас афзуда, риояи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобастаро дар фаъолияти худ пурра таъмин намекунанд. Асардуздӣ (плаги- ат) васеъ паҳн шудааст. Махсусан, ҳуқуқҳои баъзе муалли- фон ва ташкилотҳои хориҷӣ дағалона поймол карда меша- ванд. Дар чунин шароит донистани шаклу тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста мухимияти хоссаро касб менамояд.

Таҳти мафҳуми ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқиҳои вобаста маҷмӯи чораҳое фаҳмида мешаванд, ки барои бар- қарор намудан ва эътирофи ҳуқуқҳои мазкур ҳангоми вай- ронкунӣ ё мавриди баҳс қарор гирифтани онҳо равона шудаанд.[1] Атрофи моҳияти ҳуқуқ ба ҳимоя дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ақидаҳои гуногуни мухолифи ҳамдигар баён гар- дидаанд. Мувофиқи як ақида, ҳуқуқ ба ҳимоя, бо мазмуни ҳуқуқи субъективии гражданӣ алоқаманд буда, яке аз вако- латҳои онро мемонад.[2]

Ақидаи дигар ҳуқуқ ба ҳимояро ҳуқуқи субъективии граждании мустақил медонад.[3] Ба андешаи мо, ҳуқуқ ба ҳи- моя мустақил буда, асоси пайдоиши он вақти ҳуқуқвайрон- кунии содиршуда мебошад. Моҳияти ҳимоя дар татбиқи чо- раҳои дахлдори хифзи ҳуқуқ, ки ба хислати ҳуқуқи субъек- тивии поймолшуда ва ҳуқуқвайронкунии баамаломада муво- фиқ аст, ифода меёбад. Асоси татбиқи ҳимояи ҳуқуқҳои субъективӣ ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.

Ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста аз субъ- екти фаъол вобастагӣ дорад. Субъекти ҳимоя, пеш аз ҳама муаллифи асар, соҳиби ҳуқуқҳои вобаста, меросгирони онҳо ва дигар шахсони ҳуқуқҳои мазкурро қабулнамуда, мебо- шанд. Дар давраи ҳаёт будани офарандаи объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста, ҳимояи ҳуқуқҳои мазкурро худи онҳо ё намояндаи ваколатдори онҳо таъмин менамо- янд. Пас аз марг, ҳимояи ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволиро меросгирон, шахсе, ки тибқи васиятнома чунин амал ба зим- мааш вогузор гардидааст, ташкилотҳои махсус ё прокурор таъмин менамоянд. Масалан, ҳуқуқи муаллифият, ҳуқуқи ба ном ва дахлнопазирии асар дар ҳуқуқи муаллифӣ маҳз бо ҳамин тартиб ҳимоя мешаванд. Ҳимояи ҳуқуқҳои молумул- киро шахсе ба амал мебарорад, ки барои истифодаи онҳо салоҳият дорад.

Агар муаллиф, меросгири ӯ, соҳиби ҳуқуқҳои вобаста, ҳуқуқи комили худро тибқи шартномаи комил барои исти- фодаи истифодабаранда таҳвил дода бошанд, ҳимояи ҳуқуқ- ҳоро истифодабаранда таъмин менамояд. Дар ҳолати аз ҷо- ниби истифодабаранда таъмин нагардидани ҳимояи ҳуқуқ- ҳо, муаллиф, меросгири ӯ, соҳиби ҳуқуқҳои вобаста ҳимояи зарурии ҳуқуқҳоро шахсан амалӣ намуда метавонанд. Ҳан- гоми бастани шартномаи ғайрикомил, тартиби амалӣ ҳуқуқи ҳимояро шартнома тағйир дода метавонад.

Ҳуқуқҳои амволии муаллифон ва соҳибони ҳуқуқи воба- ста, ки ба ташкилотхои махсусгардонидашуда супорида

Ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста аз ҷониби дилхоҳ шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботҳои муқаррарнамудаи қонуни муаллифии амалкунандаи ҶТ ро риоя наменамоянд, вайрон шуда метавонад. Қонуни муаллифии амалкунандаи ҶТ дар м. 47 чанде аз намудҳои ҳуқуқвайронкунии ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобастаро пешбинӣ менамояд, алал- хусус: 1) бе иҷозати соҳибҳуқуқ таҷдид, паҳн кардан ва тарзи дигари истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он; 2) паҳн, тайёр, ворид намудан бо мақсади паҳн кардани таҷҳизот ё пешкаш кардани хизмат, ки барои сарфи назар кардан ё ба сарфи назар намудани ҳар як васои- ти техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад ё мусоидат мекунад; 3) бе иҷозати соҳибҳуқуқи барҳам ё тағйир додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи идоракунии ҳуқуқҳо.

Мувофиқи муқаррароти ҳамин модда, нусхаҳои асар ва фонограммае, ки таҳия ва паҳн намудани онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он мешавад, нусхаҳои ғайриқонунӣ ҳисоб меёбанд. Ба ҶТ аз давлате, ки дар он ин асару фонограммаҳо ҳифз намешаванд ё ҳифзи онҳо қатъ гардидааст, бе розигии соҳиб ҳуқуқ ворид наму- дани нусхаҳои асарҳо ва фонограммаҳое, ки дар ҶТ тибқи қонуни муаллифии ҶТ ҳифз мешаванд, низ вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ҳисобида мешавад. Вайронкунии ҳуқуқ хислати шартномавӣ ё ғайри- шартномавӣ (деликтӣ) дошта метавонад. Дар ҳолати вайрон гардидани шартҳои шартнома, муҷозоти пешбининамудаи шартнома татбиқ мегардад. Агар вайронкунии ҳуқуқ хисла- ти ғайришартномавӣ дошта бошад, пас ҷабрдида аз чораҳои ҳимояи пешбининамудаи қонун истифода карда метавонад.

Ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста дар шак- ли юрисдиксионӣ ва ғайриюрисдиксионӣ амалӣ мешаванд. Дар навбати худ шакли юрисдиксионӣ бо тартиби умумӣ ва махсус ба амал бароварда мешавад.

Тартиби умумии шакли юрисдиксионӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста, инчунин манфиатҳои қонуниро бо тартиби судй дар назар дорад. Тартиби судии ҳи- моя хусусияти универсалй дошта, дар амалия бештар маври- ди истифода қарор гирифта, паҳн шудааст. Воситаи ҳимояи тартиби мазкур даъво мебошад, ки тавассути он мавзуи адо- лати судй муайян мегардад, талаботи моддй ҳуқуқиро нис- бати ҷавобгар баён менамояд, эътирофи мавҷуд будан ё набудани муносибати ҳуқуқиро талаб менамояд.

Тартиби махсуси ҳимояи ҳуқуқи муаллифи ва ҳуқуқҳои вобаста тавассути муроҷиат ба мақомотҳои маъмурӣ ба амал бароварда шуда, аз ин лиҳоз, ин тартибро маъмурӣ низ меноманд. Тартиби маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳои бевосита бо қонун пешбинишуда татбиқ карда мешавад. Воситаи ҳимояи тартиби мазкур шикоят мебошад.Шакли ғайриюрисдиксионии ҳимоя – амали шахсони во- қеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба ҳимояи ҳуқуқ муаллиф ва ҳуқуқҳои во- баста, ки бидуни муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдори дав- латӣ, мустақилона анҷом дода мешавад, дар назар дорад. Шакли мазкур, худмуҳофизаткунии ҳуқуқро дар бар меги- рад, ки тавассути чораҳои на он қадар зиёд амалӣ мегардад, аз ҷумла, рад намудани иҷрои амали муайян ба манфиати та- рафи беинтизоми шартнома (масалан, рад намудани ворид кардани тағйироту иловаҳо ба асар), рад кардани иҷрои шартнома дар маҷмуъ ва ғайра.

Дар байни шаклҳои тадсдиқшуда, аҳамияти бештари амалиро маҳз шакли юрисдиксионӣ дорад, зеро дар доираи он татбиқ намудани тарзҳои ҳимояи ҳуқуқ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Тарзҳои ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои воба- ста ба он гуфта чораҳои ҳуқуқии бо қонун пешбинишударо мефаҳманд, ки тавассути онҳо барқароркунии ҳуқуқҳои поймолшуда ё мавриди баҳс қарор дошта таъмин гардида, инчунин таъсиррасонӣ ба ҳуқуқвайронкунанда амалй карда мешаванд. Қонунгузории граждании амалкунанда, дар се сатҳ тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои субъективии гражданиро муқаррар менамояд: 1) қонунҳои махсуси гражданӣ-ҳуқуқӣ; 2) меъёрҳои махсуси КГ; 3) меъёрҳои умумии КГ. Бо наза- рдошти чунин муқаррароти қонунгузории гражданӣ, соҳибони ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста аз имконияти васеи интихоби тарзи ҳимоя, ки қонунгузории гражданӣ муҳайё намудааст, истифода намуда метавонанд. Дар робита ба ин, вобаста ба хислати ҳуқуқи субъективии поймолшуда ва ҳуқуқвайронкунии ҷойдошта, тарзҳои ҳимояи дар м. 48 қонуни муаллифии ҶТ, м. 12 ва 1137 КГ пешбинишуда, бо назардошти қоидаи бартарияти татбиқи меъёри махсус, мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар як вақт бо тарзҳои ҳимояи хислати ҳуқуқи гражданӣ дошта, нисбати вайронкунандаи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқ- ҳои вобаста муҷозоти иловагии хислати маъмурӣ дошта низ татбиқ шуда метавонад. Масалан, тибқи м. 48 қонуни муал- лифии ҶТ нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограммае, ки аз тарафи соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он талаб карда нашудаанд, нобуд карда мешаванд, мавод ва таҷҳизоте, ки барои тайёр кардан ва таҷдиди нусхаҳои ғай- риқонунии асарҳо ё фонограммаҳо истифода шудааст, нобуд карда ва ё ба фоидаи давлат супорида мешаванд. Чораҳои маъмурии ба ин монандро м. 1137(1) КГ низ пешбинӣ мена- мояд.

Мувофиқи м. 48 қонуни муаллифии ҶТ, соҳибони ҳу- қуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста аз тарзҳои зерини ҳимояи ҳуқуқ истифода намуда метавонанд: 1) ба ҷои ҷуброни зиён ситонидани даромад, ки вайронкунанда дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст овардааст; 2) пардохти ҷубронпулӣ дар ҳаҷме, ки аз тарафи суд ба ҷой ҷуброни зарар ва ё ситонидани даромад муайян шудааст.

М. 1137(1) КГ тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсии ғай- римолумулкӣ ва молумулкиро дар алоҳидагӣ пешбинӣ ме- намояд. Мувофиқи к. 1 моддаи мазкур, дар ҳолати вайрон шудани ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ, ҳифзи онҳо бо тарзҳои эътирофи ҳуқуқ, барқарор намудани вазъе, ки то вайронкунии ҳуқуқи ҷойдошт, пешгирии амалҳое, ки ҳу- қуқро вайрон мекунанд ё ба вайронкунии он таҳдид менамо- янд, ҷуброни зарари маънавӣ ва нашри қарори суд оид ба вайронкунии содиршуда, амалӣ карда мешаванд.

Дар к. 4 моддаи мазкур, тарзҳои зерини ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф пешбинӣ шудаанд: эътирофи ҳуқуқ, пешгирии амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё ба вай- ронкунии он тахдид менамоянд, руёнидани тавони зарар, мусодираи маводу таҷҳизоте, ки бо истифодаи онҳо ҳуқуқвайронкунӣ содир гардидааст, инчунин объектҳои моддие, ки дар натиҷаи вайронкунӣ ба даст омадаанд, наш- ри қарори суд оид ба вайронкунии содиршуда, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ талаби пардохти ҷуброни пулӣ ба ҷой руёнидани товони зарар, тарзҳои дигаре, ки қонунгузории ҶТ пешбинӣ менамояд. Моддаи мазкур, тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи субъективиро бо чораҳои хислати гражданӣ ва маъмурӣ дошта омехта пешбинӣ менамояд. Ин- чунин, такрори тарзҳои барои ҳифзи ҳуқуқҳои шахсии ғай- риамволӣ ва амволӣ равонашуда мушоҳида мегардад, ки ба усули умумии мантиқии танзими ҳуқуқӣ дар КГ мувофиқ нест.

Бояд тазаккур дод, ки моддаҳои зикргардида имконияти татбиқи муқаррароти умумии КГ, бахусус м. 12-ро фароҳам меоранд, ки номгӯи нисбатан васеи тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳои субъективии гражданиро пешбинӣ менамояд. Ҳамин тариқ, субъектони ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста имконияти интихоби тарзи дахлдори ҳифзро, аз ҷумлаи намудҳои бо моддаҳои ишорашудаи қонунгузории гражданӣ пешбинишуда, доранд.

Интихоби дурусти тарзи мушаххас ва дахлдори ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста низ аз аҳамият холӣ нест, зеро ҷабрдида на аз дилхоҳ тарзи ҳифз, балки аз тарзи мушаххаси барои ҳифзи ҳуқуқ мувофиқ истифода карда ме- тавонад. Агар тарзи ҳифзи ҳуқуқи вайроншуда бевосита бо меъёри махсуси қонун ё шарти шартнома муайян шуда бошад, пас маҳз ҳамин тарзи ҳифз татбиқ мегардад. Маса- лан, ҳангоми аз ҷониби муаллиф тибқи шартномаи фармоиш пешниҳод нагардидани асар, ӯ зарари воқеии ба фармоиш- гар расонидаро ҷуброн менамояд (м. 28 қонуни муаллифии ҶТ). Дар ҳолати набудани чунин меъёри махсуси қонун, ин- тихоби тарзи ҳифз бо назардошти хислату моҳияти ҳуқуқи вайроншуда ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкунии содиршуда ан- ҷом дода мешавад. (м. 1137 КГ). Дар бештари мавридҳо со- ҳиби ҳуқуқи вайроншуда тарзи ҳифзи мувофиқро интихоб менамояд. Тартиби дурусти интихобро дар мисоли чанд тар- зи ҳифзи мушаххас баррасй карда метавонем.

Эътирофи ҳуқуқи муаллиф ё ҳуқуқҳои вобаста ҳамчун тарзи ҳифз ҳамон вақт татбиқ карда мешавад, ки агар ба шахси алоҳида тааллуқ доштани ҳуқуқҳои мазкур зери шуб- ҳа гузошта шавад, мавриди баҳс қарор гирад, рад карда ша- вад ё таҳдиди воқеии амалҳои номбаршуда ҷой дошта бошанд. Номуайянии мавҷудияти ҳуқуқи муаллиф ё ҳуқуқҳои вобаста, истифодаи онҳоро ғайриимкон мегардо- над, ё ин ки чунин истифодабариро душвор менамояд. Маҳз тавассути эътирофи ҳуқуқ чунин номуайянӣ бартараф карда шуда, амалҳои ғайриқонунии шахсони дигар бартараф ва барои амалисозии муътадили онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Тарзи ҳифзи мазкур новобаста аз гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда амалӣ мешавад.

Барои татбиқи чунин тарзи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста, ба монанди барқароркунии ҳолати то ҳу- қуқвайронкунӣ ҷойдошта, ҳуқуқ дар натиҷаи вайронкунӣ набояд қатъ гардад. Инчунин, имконияти воқеан барқарор намудани ҳуқуқ тавассути бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкунӣ мавҷуд бошад. Масалан, муаллифе, ки би- дуни розигии ӯ тағйиротҳои ба асари офаридааш во- ридшударо ошкор намудааст, ба ҳолати аввала барқарор намудани асарро талаб карда метавонад. Ҳангоми дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунӣ нобуд гардидани дастхати асари интишорнашуда бошад, татбиқи ин тарзи ҳифз нодуруст аст. Агар ҳуқуқвайронкунӣ дар ғайриқонунӣ таҷдид ва паҳн намудани нусхаҳои асар ифода гардад, ҳолати авваларо ин- чунин, тавассути мусодираи нусхаҳои ғайриқонунии асар ва фонограмма, бо нобудкунии минбаъдаи онҳо, барқарор намудан мумкин аст. Тарзи ҳифзи мазкур новобаста аз гу- ноҳи ҳуқуқвайронкунанда татбиқ карда мешавад.

Пешгирии амале, ки ҳуқуқро вайрон мекунад ё таҳдиди вайроншавии онро ба миён меорад, ҳамчун тарзи ҳифзи ҳу- қуқ мустақилона ё якҷоя бо дигар тарзҳои ҳифз татбиқ ме- гарданд. Масалан, бо эътирофи ҳуқуқ ҷуброни зарари расо- нидашуда. Ҳамчун қоида ин тарзи ҳифз ҳангоми ҷой дошта- ни ҳуқуқвайронкунии давомдор, ҳуқуқвайронкуние, ки омо- дагии пешакиро талаб менамояд ва новобаста аз гуноҳи ҳу- қуқвайронкунанда татбиқ карда мешавад. Масалан, ҳангоми бидуни шартнома истифода гардидани асар, муаллиф манъ кардани истифодаи минбаъдаи он, инчунин ҷуброни зарарро талаб менамояд. Мисоли татбиқи тарзи ҳифзи баррасиша- ванда, манъ кардани нашри асар, манъ кардани паҳнкунии минбаъдаи асар, манъ кардани истифодаи тарҷума ё кор – кард ва монанди инҳо буда метавонанд.

Ҷуброни зарар, руёнидани даромади ғайриқонунии ҳу- қуқвайронкунанда, ба маблағи устувор пардохт намудани подошпулй, тарзҳои таъсирбахши ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба шумор мераванд. Бо татбиқи тарзҳои номбаршудаи ҳифз, манфиати молумулкии ҷабрдида аз ҳи- соби ҷуброни пулии зарари амволй қонеъ карда мешавад. Ҷуброни мазкур бо ҳаҷми зарари расонидашуда алоқаманд буда метавонад (ҷуброни зарар), ё ин ки алоқаи бавосита дошта метавонад (руёнидани даромади ғайриқонунӣ), ё ин ки аз он нисбатан новобаста буда метавонад (пардохти по- дошпулӣ).

Мувофиқи муқаррароти қонунгузории граждании ҶТ шакли асосии подоши зарар, ҷуброни он мебошад. Зарар дар ҳаҷми пурра, яъне зарари воқеӣ ва фоидаи аздастрафта руё- нида мешавад. Аз он сабаб, ки исбот намудани мавҷудияти зарар ва асоснок намудани ҳаҷми он, хусусан ҳаҷми фоидаи аздастрафта на ҳамеша имконпазир аст, қонуни муаллифии дар м. 48 ба ҷабрдида имконияти ҷуброни зарарро бо ду тар- зи дигари нисбатан оддӣ фароҳам меорад: 1) ба ҷои ҷуброни зиён ситонидани даромаде, ки дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ё ҳуқуқҳои вобаста ба даст омадааст. Дар чунин ҳолат, андозаи ҷавобгарии ҳуқуқвайронкунанда зиёд мегардад, зеро сухан дар бораи на танҳо фоида, балки та- моми даромади дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунӣ бадастовар- даи ӯ меравад. Баръакс, ҳолати ҷабрдида сабук мегардад, зеро ҳаҷми даромади ҳуқуқвайронкунандаро исбот намудан, назар ба асосноккунии фоидаи аздастрафтаи худ осонтар аст; 2) пардохти ҷубронпулӣ дар ҳаҷме, ки аз тарафи суд ба ҷои ҷуброни зарар ва ё ситонидани даромад муайян шуда- аст. Ҳангоми муайян намудани ҳаҷми мушаххаси ҷуб- ронпулй, суд ҳаҷми эҳтимолии зиёни ба ҷабрдида ра- сонидашуда, ҳаҷми даромади бадастовардаи ҳуқуқвайрон- кунанда, дараҷаи гуноҳи ӯ ва дигар омилҳои заруриро ба инобат мегиранд. Барои руёнидани ҷубронпулй, исботи ҳо- лати ҳуқуқ-вайронкунӣ кофй буда, мавҷуд будан ё набудани зиён аҳамият надорад. Оқибати беэътибории аҳди мутлақҳо беэътибор нисбати шартномаҳои муаллифие, ки дар онҳо шартҳои мухолифи қонун пешбинӣ гардидаанд, ё ин ки нис- бати дигар аҳдҳои мухолифи қонун татбиқ карда мешавад.

Дар як вақт, бо интихоб ва татбиқи яке аз тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ё ҳуқуқҳои вобаста, ки қаблан баррасӣ гардиданд, ҷабрдида аз ҳуқуқвайронкунандаи гунаҳгор ҷуб- рони зарари маънавиро низ талаб карда метавонад.

Ба ғайр аз тарзҳои мавриди таҳлил қарор гирифтаи ҳиф- зи ҳуқуқи муаллиф ва ё ҳуқуқҳои вобаста, ки асосӣ мебо- шанд, тарзҳои дигари ҳифз низ вобаста аз ҳолати кор маври- ди истифода қарор гирифта метавонанд.

Атрофи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ё ҳуқуқҳои вобаста су- ханронда, масъалаи ҳимояи асарҳои муаллифон – шаҳрван- дони ҶТ-ро дар хориҷа мадди назар карда наметавонем.

Тавре, ки дар мавзӯи аввал қайд намуда будем, амали ҳуқуқи муаллиф дар қаламрави давлате, ки дар он асар офа- рида шудааст, маҳдуд мегардад. Бинобар ин, ҳамчун қоидаи умумӣ, асарҳои муаллифон – шаҳрвандони ҶТ дар қаламра- ви дигар давлатҳо озодона, бе розигии муаллиф ва бе пар- дохти ҳаққи қалам мавриди истифода қарор мегиранд. Аса- ре, ки дар қаламрави як давлат мавриди ҳимоя қарор дорад, дар қаламрави давлати дигар, танҳо дар асоси шартномаҳои дутарафаи байнидавлатӣ ё иштирокчии созишномаҳои би- сёртарафа оид ба эътироф ва ҳимояи мутақобилаи ҳуқуқи муаллиф будани давлатҳои алоҳида ҳимоя карда мешавад. Бо назардошти чунин холат, ҳимояи асарҳои муаллифон- шаҳрвандони ҶТ дар хориҷа аз алоқаҳо ва ҳамкориҳои бо давлатҳои хориҷӣ вобастагӣ дорад. Дар мавриди мавҷуд набудани чунин алоқаҳо ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ, кафолати риояи ҳуқуқи муаллиф танҳо бо шартномаҳои муаллифии мушаххас таъмин мешаванд. Аммо, чунин шартномаҳо ба шахсони сеюм озодона истифода намудани асарро манъ Нақши созишномаҳои бисёртарафаро Конвенсияи Берн дар бораи ҳимояи асарҳои адабй ва тасвирӣ, Конвенсияи умумиҷаҳонӣ дар бораи ҳуқуқи муаллиф мебозанд, ки реҷаи миллиро эълон намудаанд. Мувофиқи реҷаи мазкур, муалли- фони хориҷӣ-шаҳрвандони давлатҳои иштирокчии конвен- сияҳои номбурда, аз ҳуқуқҳо дар ҳаҷме, ки давлати дахлдор ба муаллифон-шаҳрвандони худ таъмин намудааст, бархур- доранд.

Ҳимояи асарҳои муаллифон-шаҳрвандон дар қаламрави давлатҳои ИДМ, дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста таъмин карда мешаванд.

[1]Гражданское право: учебник // под ред. А.П. Сергеева, Ю.К. Толстого.- С. 177

[2]Масалан ниг. Советское гражданское право// под. ред. В.Ф. Маслова, А.А. Пушкина. В. 2 ч. 2. – Харьков, 1993. -С.248; Грибанов В. П. Осу- ществление и защита гражданских прав. Изд. 2-ое.- М.: «Статут», 2001; Гражданское право: учебник. В 4-х томах. Том 1. Общая часть. 3-е изда- ние, пререаботанное и дополненное // под. ред. Е.А. Суханова.- М.: Волтер Клувер, 2008. – С. 556-557

[3]Масалан ниг.: Елисейкин П.Ф. Правоохранительные нормы: понятие, виды, структура// Защита субъективных прав и гражданское судопроиз- водство// отв. ред. П.Ф. Елисейкин.- Ярославль, 1977. -С. 105; Мотовилов- кер Е.А. Теория регулятивного и охранительного права. – Воронеж: изд.- во Воронежского ун.-та, 1990. – С. 57-60; Сулейменов М.К. Защита граж- данских прав по законодательству Республики Казахстан. // Защита граж- данских прав: материал. межд. научно-прак. конф. поев. 10-летию Каз- ГЮУ. Алматы, 13-14 мая 2004 г. // отв. ред. М.К. Сулейменов. Алматы: НИИ частного права, 2005. -С. 12.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …