Главная / Илм / Ҳикоя

Ҳикоя

Деҳаи Березович (Белоруссия) дар оғӯши зулмат мехо- бид. Аз канори беша хонаҳои чӯбини бомҳояшон най ва пахолпӯш мисли сиёҳии киштиҳое, ки дар бандар лангар андохтаанд, пасту баланд менамуданд. Баъзе хонаҳое, ки аз берун бо оҳак сафед карда шуда буданд, бо тирезаҳои хурд- хурди чоркунҷаашон заврақҳои бодбониро мемонданд. Ҳар замон шулӯп-шулӯпи ба соҳил бархӯрдани оби кӯли на чан- дон калоне, ки дар самти шарқии деҳа воқеъ буд, шаҳрчаи лаби баҳрро ба хотир меовард. Чирроси ҳашаротҳои гуно- гун то хеле дурӣ ба гӯш мерасид ва гоҳ-гоҳ аз ин ҷою аз он ҷо аккосзании сагон хомӯшии ваҳмангези шаби торро ха- лалдор мекард.

  • Онҳое, ки немисҳо дирӯз дастгир кардаанд, дар осиёби деҳа маҳбус мебошанд,- гуфт Давлат ба Клими донбасӣ, ки дар паҳлуяш ҳамроҳи Самееви Восмушка дароз кашида буд. – Вазифаи гурӯҳи шумо номаълум ба осиёб наздик шуда, посбонро аз миён бардошта, одамони моро озод кардан ва ҳамроҳ ба беша қафо нишастан аст.

Ҳамин вақт телефонист Петя Семёнов омада хабар дод:

  • Рафиқ комбат, аз сардори штаб Карпенко хабар омад, ки ҷанговарони мо бо сардории артиллерист ба анбори яроқу аслиҳа роҳ кушодаанд ва аллакай чизи бисёре кашо- нидаанд.
  • Айни вақти ҳамла,- гуфт худ ба худ Давлат ва ба во- ситаи Петя командирони гурӯҳҳоро ба наздаш ҷамъ карда, бори дигар вазифаи ҷангиро таъкид намуд.
  • Сар мекунем, рафиқон. Аз ҳама аввал гурӯҳи Клим ба сӯйи осиёб ҳаракат мекунад. Баъди он авангарди гурӯҳҳо, аз паси он ҳар се гурӯҳ аз ғарбу шарқ ва ҷануб хомӯш пеш рафта, ҳамин ки ба наздикии посбонҳои немисҳо қадамҳои башумор монд ва деҳа ба ҳалқа гирифта шуд, ба осмон му- шаки сабз парронда мешавад ва ин ишора ба ҳамлаи якҷояи ҳама мебошад. Фаҳмидед?
  • Фаҳмидем, рафиқ комбат, – ҷавоб доданд оҳиста ҳозирон…
  • Пеш аз ҳама, кӯшиш бояд кард, ки нақшаи мо ба қадри имкон бе ғалоғула ва оташфишонии зиёдатӣ ба амал баро- яд, то ки қувваи тозаи немисҳо аз атроф ба ёрӣ нашитобад,- таъкид кард Давлат.
  • Ғалаба насибатон бод, рафиқон! – гуфт комбат Сафоев ба китфи ҳар кадоми онҳо бо навозиш даст зада.

Расо соати сею ними шаб амалиёт сар шуд.

Аз ҳама аввал посбонҳои немисӣ барҳам дода шуда, ба- рои амалиёти якҷоя имконият ба миён омад. Пас аз ин як гурӯҳ ҷанговарон бо сардории худи комбат Сафоев дарҳол ба хонаи командири ротаи немисҳо зада даромада, ӯро зин- да ба даст овардан мехостанд, ки вай дар оғӯши торикӣ аз тиреза ҷаҳида гурехт. (Ф.Н.)

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …